Дар бораи мушкилоти кам будани китобҳои бадеӣ дар китобхонаҳои мактабҳои таълимашон ба забони тоҷикӣ ҳар сол чандин маротиба аз ҷониби мухбирони фаъоли рӯзномаи «Овози тоҷик» ё устодони худогоҳу дилсӯзи дабистонҳо мақолаҳо навишта мешаванд.
Аз вуҷуди чунин муаммо туфайли матолиби мо раҳбарони соҳа ҳам хуб огоҳанд, аммо аз чӣ сабаб аст, ки «сахт» хомӯшанд. Охир, ҷои таассуф аст, ки аз истиқлоли Ватани мо зиёдтар аз се даҳсола гузашта, ҳанӯз ин мушкилот боқӣ мемонад ва ба ҳастии мактабҳои тоҷикӣ, соя меафканад.
Дар маҳалҳо бонги изтироби волидонро мешунавем, ки мушкили норасоии адабиёти бадеӣ ва китобҳои дарсии тоҷикӣ сабри онҳоро поён овардааст. Чаро ин мушкил, яъне шадидан нарасидани китобҳои бадеӣ ба забони тоҷикӣ дар китобхонаҳои макотиби таълимашон тоҷикӣ ба таври бояду шояд ҳал намешавад? Чаро дар ҳалли ин масъалаи ҳаётан муҳим ягон кас иқдом намекунад? Шояд мутасаддиён фаромӯш кардаанд, ки адабиёти бадеӣ тарбиятгари ҷомеа, хоса наврасон ва ҷавонон аст? Мо – калонсолон ҷавононро ба китоб нахондан муттаҳам мекунем, аммо чаро китобхонаҳои мактабҳоямон бекитобанд?... Бефарқӣ, беэътиборӣ ва ба чунин мушкил аз пайи панҷа нигаристан бас аламовар аст ва ба кӯшишҳои раҳбари давлатамон барои ноил гардидан ба як ҷамъияти обод, давлати ҳуқуқбунёд ва мардумсолор созгор нест.
Банда расо як сол пеш мавзӯи мазкурро хуб омӯхтаву бо номи «Китобхонаҳои бекитоб» дар шумораи 17 ноябри соли 2023-и «Овози тоҷик» матлабе навишта будам. Дар ин байн «Овози тоҷик» боз чандин мақолаҳои хонданӣ интишор дода, мавзӯи камбудии китобҳои бадеиро дар китобхонаҳои макотиби таълимашон тоҷикӣ баррасӣ намуд. Аз нашри ин мақола як сол зиёд вақт гузаштаву омӯзгорони тоҷик вокунише нишон надоданд. Шояд устодон худ рӯзнома намехонанд ва ба мутолиаи китобҳои бадеӣ дилгарм нестанд?! Аз чунин омӯзгорон чиро мунтазир метавон шуд?!
Раҳбари давлатамон ҳар замон аз мактабу маориф сухан ба миён овардаву ободии рӯзгори фардои моро дар шукуфоӣ ва боварии соҳаи маориф тавъам медонад. Ин аст, ки ташаббус нишон додаву дар ислоҳи ин соҳаи барои ҷомеа муҳим дар ҳукми «дил» камар баст ва аз омӯзгорони бошараф таълими босифатро тақозо кард; як солро (соли 2023) «Таълими босифат...» эълом дошт ва мо пайгирона мақолаҳо ҳам интишор додем. Ҳанӯз ислоҳи соҳаи таълим комилан ба анҷом нарасида ва дақиқан ин кори як солу ду сол нест. Ҳукумат мунтазам ва суботкорона дар ин самт гом мебардорад, ки мояи хушнудиҳост. Аммо аз чунин имконот омӯзгорони тоҷики мо камтар истифода мекунанд, гӯё дар хоби ғафлат қарор доранд ва шикоятҳои хаттӣ ирсол доштаву ҳалли муаммоҳои ҷойдоштаро аз раҳбарони соҳа талаб намекунанд.
Мутаассифона, такопӯи имрӯзаи омӯзгорони мактабҳои тоҷикиро ба мушоҳида гирифта, ба хулосае меоед, ки мақсадашон гӯё «ту ба ман нарас, ман ба ту»-ро мемонад. Ин шеваи кор басо хатарзост.
Барои боло бурдани тафаккур, маърифат ва ободии ҷаҳони маънавии шаҳрвандон, хоса ҷавонон, ки ояндаи ин кишвар ҳастанд, озмунҳои бонуфузи китобхонӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ роҳандозӣ мегарданд, аммо донишомӯзони мактабҳои тоҷикӣ ширкат намеварзанд. Чӣ хел метавонанд иштирок кунанд? Дар ҳоле ки мактабҳояшон соҳиби китобхонаҳои «бекитоб»-анд! Ё корвонҳои китоб сӯи мактабҳо роҳ гирифтаву намоишҳои китобҳои бадеӣ ва фурӯши онҳоро доиман ташкил мекунанд, ҳатто барои бонувони хонашин озмуни китобхонӣ роҳандозӣ шудааст, ки хеле ҷолиб ва намунаи ибрат ба фарзандон мебошад. Аммо нашунидаам, ки модари тоҷике бедор шудаву аз китобхон будани худ дарак дода бошад.
Огоҳ ҳастем, ки ҳамон корвони китобҳои бадеӣ вориди мактабҳои таълимашон тоҷикӣ ҳам мегарданд, аммо дар хирмани худ ягон адад китоби тоҷикӣ надоранд, ки ҷои таассуфу нигарониҳост. Аммо касе садо баланд намекунад ва аз садорати маорифи ноҳияву вилоят ва аз Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ, ки ташкилкунандагони ин кори наҷибу хайр ҳастанд, талаб намесозад, ки китобҳои бадеии тоҷикиро ҳам дар қатори садҳо номгӯй адабиёти бадеӣ бо дигар забонҳо биёранд. Бо забони хуш фаҳмонанд, ки фарзандони тоҷик ҳам ниёз ба хондани адабиёти бадеӣ ба забони модариашонро доранд.
Чунки ба забони модарӣ мутолиаи китобҳои бадеӣ лаззати дигар дорад ва таълим, ки ба забони тоҷикӣ сурат мегирад, хондани китобҳо ба забони миллӣ хубтар аст ва ба сифати таълим, ки тақозои ҳукумат ва замони нав аст, мусоидат мекунад.
Вақте аз ҳоли китобҳои бадеии тоҷикӣ ва дарсӣ дар мактабҳои вилояти Қашқадарё пурсидаву огоҳ гаштем, андӯҳи мо бамаротиб афзуд. Ин муамморо дар мисоли як дабистон таҳлил мекунем, то суханамон беранг наояд. Мактаби миёнаи рақами 87-уми ноҳияи Деҳқонобод дар қади шоҳроҳи Тошканд – Тирмиз ҷой гирифтааст. Як мактаби замонавӣ буда, 132 хонанда ва 33 нафар омӯзгор дорад. Қаблан дар таркиби мактаби рақами 69-уми ноҳия буд. Баъдан бо ибтикори омӯзгори бахши ибтидоии таҳсил Ҳамроқул Отаев синфи тоҷикӣ ташкил шуд (соли 1987) ва оҳиста шумори донишомӯзон афзуда, сар аз соли таҳсили 1996 ба мактаби алоҳидае мубаддал гашт. Ин тавр, дабистон арзи ҳастӣ намуд, ки дар ин маскан таълим комилан ба забони тоҷикӣ ҷараён дорад. Ҳоло яке аз таълимгоҳҳои муваффақи ноҳия ба шумор меравад ва соле қабл аз нигоҳи рейтинги таълим дар раддабандии пеши мактабҳои ноҳия қарор дошт. Китобдори мактаб Эшонқул Ҳамроев аз омӯзгорони ангуштшумори фанни забон ва адабиёти тоҷик аст. Назар ба гуфтаи вай, китобхонаи мактаб 1700 адад китоби бадеӣ дорад, ки аз ин миқдор танҳо 43 дона китобҳои бадеӣ ба забони тоҷикӣ мебошанд ва дар маҷмӯъ 15-16 номгӯйро ташкил мекунанд. Аз ин шумор тақрибан 6 асари насрӣ ҳаст. Тасаввур мекунед, дар миёни 1700 адад адабиёти бадеӣ 43 дона китоб ба забони тоҷикӣ! Дар як гӯшаи рафи ҷевоне ҷой гирифта, басо ҳақиру ночиз метобанд ва симои имрӯзи китобхонаҳои мактабҳои таълимашон ба забони тоҷикиро «рӯшан» мекунанд. Ин ҳол дар боқии китобхонаҳои мактабҳои ноҳияи Деҳқонобод ва дигар навоҳии Қашқадарё чун Китобу Шаҳрисабз низ яксон буда, ҳар фарди дилогоҳ ва виҷдонаш ҳанӯз бедорро ба андеша водор месозад.
– Хонандагон майли китоб хондан доранд ва 15 номгӯй китобро кайҳо хонда тамом кардаанд. Онҳо ночор китобҳои бадеии дигарро интихоб мекунанд ва ҳастии худро ба ин олам мебахшанд. Мушоҳидаи ин манзара ба мани устоди забон ва адабиёти тоҷик басо душвор аст, – мегӯяд Э. Ҳамроев.
Муроҷиатҳои даҳонӣ дар мавриди камбудии китобҳои бадеии тоҷикӣ ба шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳия ҳанӯз натиҷае ба бор наовардааст ва ба ҷуз аз ваъдаҳои бешумори «дилгармкунанда» чизе нагирифтаанд. Маълум гардид, ки ягон мактаби тоҷикӣ ба таври хаттӣ аз вуҷуди ин муаммо ба раҳбарияти болоии худ муроҷиат накардаанд ва аҷиб он аст, ки хомӯширо афзал мешуморанд. Чаро? Шояд «даҳони баста сад тилло».
Вазъи таъмин бо китобҳои дарсӣ низ дар макотиби таълимашон тоҷикӣ хушҳолкунанда нест. Маълум шуд, ки дар ҳар синф камбудӣ ҷой дошта, ба сифати таълим халал мерасонанд. Масалан, дар мактаби рақами 87 ба қарибӣ китоби «Адабиёт» барои синфи 10 расидааст. Аз қазо ин китоб, ки муддатҳо интизораш буданд, аз ду қисм иборат будааст ва айни ҳол ба ҷои он ки қисми аввалро фиристанд, қисми 2-юмро фиристодаанд, ки ба мантиқи кор дуруст нест.
– Мо ҳайронем, ки дарсро аз китоби аввал оғоз накарда, чӣ тавр аз китоби дувум сар кунем? – бо таассуф таъкид мекунад омӯзгор Тӯйчӣ Чориёров. – Мебоист ин китоб дар соли хониши гузашта дастраси донишомӯзон мегардид. Имсол то омадани китоб аз нусхаи электрониаш истифода бурдем, ки дар раванди таълим як қатор мушкилиҳо ба вуҷуд овард. Дастрас нашудани китобҳои дарсӣ дар мактабҳои тоҷикӣ боиси нигаронӣ аст. Вақти он расида, ки китобхонаҳои мактабҳои тоҷикӣ аз осори адибони мумтоз ва муосири тоҷик ғанӣ гарданд. Маълум гардид, ки китобҳои «Забони тоҷикӣ» ва «Адабиёт» барои синфи 5 ҳам аз ду қисм (ду китоб) иборат будааст. Магар душвор буд, ки мисли пешина китоби ҳар фанро дар як ҷилд ва зери як муқова нашр кунанд? Китоби 1 ва 2 карданҳо на танҳо хонандагону омӯзгорон, балки ташкилоти китобрасонро низ ба раҳгумӣ мебаранд.
Муаммои китобҳои дарсӣ дер ё зуд ҳал хоҳад шуд, аммо тақдири бо китобҳои бадеӣ таъмин сохтани китобхонаҳои дабистонҳои тоҷикӣ ҳамон норӯшан боқӣ мемонад.
Шариф Халил,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.