Дар арафаи Соли нав дар деҳаи Чодаки ноҳияи Поп, ки аз маркази вилоят қариб 100 км. дур ҷойгир шудааст, шифохонаи замонавӣ ба истифода супурда шуд.
Дар мамлакатамон барои мустаҳкамсозии базаи моддиву техникии соҳаи тиббиёт эътибори дучанд дода мешавад.
Хусусан, дар вилояти Намангон дар ин бобат корҳои амалӣ ба пеш меравад.
Дар арафаи соли нав дар деҳаи Чодаки ноҳияи Поп, ки аз маркази вилоят қариб 100 км. дур ҷойгир шудааст, шифохонаи замонавӣ ба истифода супурда шуд. Шуъбаи қабул, УЗИ, ЭКГ, лаборатория, физиотерапия, кардиология, неврология, шуъбаи касалиҳои дарунӣ ба беморон хидмат мекунад. Маҷмӯаи тиббӣ бо асбобу анҷомҳои замонавӣ ҷиҳозонида шуда, имкониятҳои зарурӣ низ фароҳам оварда шудааст.
– Бинои маркази тиббии кӯҳнаи деҳа ба талаби замони ҳозира ҷавоб намедод, – мегӯяд яке аз шифокорони маскан Шарофиддин Масаидов. – Хонаҳо заҳ буду деворҳояш кӯчида, анҷомҳои тиббӣ намерасид. Барои ба поликлиникаи марказии ноҳия рафтан зиёда аз 50 км. масофаро тай кардан лозим мешуд. Маскани нав бошад, ба ғайр аз аҳолии деҳаи Чодак, барои аҳолии деҳаҳои ҳамшафат низ хидмати босифати тиббӣ мерасонад. Дар мавсими тобистона корҳои мо боз ҳам бисёр мешавад. Чунки ин вақт сайёҳон бисёр меоянду бо бемориҳои гуногун ба мо муроҷиат мекунанд.
Аз сохтмони ин маскани тиббӣ ҳамаи ҳамдеҳагон шоду хурсанданд.
Мувофиқи супориши Президент бо қарори Девони Вазирон дар деҳаи Чодак 257 лоиҳа ба маблағи 279,1 миллиард сӯм татбиқ карда мешавад.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.