ЯК РӮЗИ МО ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ «БАХШАНДАГОНИ МАЪРИФАТ»

Имрӯзҳо нишастҳои фарҳангӣ бо иштироки аҳли илму адаб ва санъаткорон дар доираи лоиҳаи «Бахшандагони маърифат» дар дабистонҳои таҳсилоти ҳамагониву муассисаҳои таълими олӣ ва маҳаллаҳо муташаккилона сурат мегиранд.

Яке аз ин гуна тадбирҳо бо эҳтимоми Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд дар дабистони таълими умумии рақами 125-уми шаҳри Тошканд рӯйи кор омад. Адибон аз осори худ намунаҳо хонданд. Барномаи мусиқӣ-адабие, ки донишандӯзон намоиш карданд, шавқовар буд. Хонандагони фаъол ҳамчунин шеъру ҳикояҳои адибонеро ҳам, ки бо  онҳо вохӯрӣ мегузаронанд, ифоданок хонданд.

Чорабинӣ дар Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд  давом намуд. Проректори аввал оид  ба масъалаҳои ҷавонон ва корҳои маънавию маърифатӣ Дилшод Баротов, ходимон оид ба масъалаҳои ҷавонон ва корҳои маънавию маърифатӣ  Абдулатиф Ғуломов ва Шавкат Мирзоматов меҳмононро бо фаъолияти муассисаи таълими олӣ шинос намуданд.

Бинои таълимии донишгоҳ таърихист ва соли 1931 барпо шудааст. Дар ибтидои солҳои сиюми қарни сипаришуда дар ин ҷо фаъолияти Институти давлатии роҳи оҳани Осиёи Миёна оғоз ёфт. Баъдтар муассиса тағйири ном кард ва чун Институти роҳи оҳан машҳур гардид. Бино ба фармони Президент аз 5 январи соли 2020 дар натиҷаи якҷоя кардани Институти роҳи оҳан, Институти лоиҳасозӣ, барпо ва эксплуататсияи роҳҳои автомобилӣ ва факултаи технологияҳои аэрокосмикии Донишгоҳи давлатии техникӣ, Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд ташкил карда шуд.

Мақсади асосии донишгоҳ – омодасозии кадрҳои баландмалака дар соҳаи нақлиёт. Барои ба амал баровардани ниятҳо дар ин ҷода аз таҷрибаи пешқадами хориҷӣ истифода бурда мешавад, дар асоси стандартҳои байналхалқӣ ҷараёнҳои таълим такмил меёбанд, шаклу методҳои инноватсионӣ татбиқ карда мешаванд, технологияҳои иттилоотӣ ҷорӣ мегардад. Дигар мақсади асосӣ аз муттаҳидсозии масканҳои таълимӣ мустаҳкамнамоии базаи моддӣ-техникии сохтор ва боз ҳам баланд бардоштани иқтидору салоҳияти илмии онҳо мебошад. Дар 8 факулта зиёда аз 21 ҳазор нафар донишҷӯён дар шуъбаҳои рӯзонаву ғоибона таҳсил менамоянд. Ҷамъ 31 кафедра мавҷуд аст.

Моро бо экспонатҳои музейи донишгоҳ шинос карданд. Хусусан нимтанаҳои нахустпрезиденти ҷумҳурӣ ва шоири номвар Мақсуд Шайхзода эътиборамонро ба худ кашид. Маълум гашт ин ду бюстро ҳайкалтарошҳои касбӣ не, балки донишҷӯёни ҳамин даргоҳ, ки ба муҷассамаофарӣ шавқ  доранд, сохтаанд. Абдулатиф Ғуломов гуфт, дар донишгоҳ стипендияи махсуси ба номи Мақсуд Шайхзода таъсис дода шудааст. Беҳтарин донишҷӯёни донишгоҳ, хусусан онҳое, ки ба эҷодиёти пурбаракоти адиби мардумӣ Мақсуд Шайхзода, ки дар Озарбойҷон ба дунё омада, дар Ӯзбекистон зиндагиву эҷод намудааст, таваҷҷуҳи хоса доранд ва ӯро ташвиқу тарғиб менамоянд, барандаи ин стипендия шуда метавонанд.

Маълум гашт ҳамкориҳои донишгоҳ ба Иттиҳоди нависандагон мустаҳкам ба роҳ гузошта шудааст. Тарғиби осори адибони номвари ӯзбек, ки дар Хиёбони адибон ҳайкалашон гузошта шудааст,  ба як қатор муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ вобаста карда шудааст. Аз ҷумла, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ доир ба фаъолияти Мақсуд Шайхзода – ба зиммаи донишҷӯёни ин донишгоҳ. Онҳо моҳе ду-се бор дар назди муҷассамаи Мақсуд Шайхзода ҷамъ омада, бо барномаҳои рангин хотири ӯро шод мегардонаанд. Дар ин кор ба онҳо масъулони Маркази фарҳангии Озарбойҷон ба номи Ҳайдар Алиев аз наздик кумак мекардаанд.

Дидани устохонаи Лу Бан (Чин) ба мо таассуроти наҷиб гузошт. Ҳамкории ин донишгоҳ бо муассисаҳои таълими олӣ ва марказҳои технологии як қатор  кишварҳои хориҷӣ, хусусан Чин мустаҳкам будааст. Дар маркази таълими амалии технологияҳои иттилоотӣ низ будем, ки пур аз донишҷӯён буд. Онҳо бо компутерҳои замонавӣ аз хидматҳои муттасили интернет истифода мекардаанд.

Ҷуз ин дидем, ки дар паҳлуи қисмате аз  кабинет ва аудиторияҳо боз ҳуҷраҳои ҷудогона мавҷуд, ки дар онҳо донишҷӯён дар лаҳзаҳои фориғ аз машғулот дарс тайёр мекарданд. Маркази «Коворкинг» низ қобили таваҷҷуҳ, ки бо ускунаҳои замонавӣ муҷаҳҳаз аст ва дар он барои шуғли мустақилонаи донишҷӯён кулли шароит фароҳаманд.

Дар толори асосӣ вохӯрии адибон бо устодон-профессорон ва донишҷӯён  баргузор гардид. Хусусан баромади журналисти хидматнишондодаи Ӯзбекистон, соҳиби ордени «Меҳнат шуҳрати», сенатор Абдӯсаид Кӯчимов дар бораи нақши китоб ва мутолиа дар тақдири маънавии халқи мо диққати иштирокдоронро ба худ кашид. Шеърхониҳои шоир Нуруллоҳ Остон низ ба кафкӯбиҳо истиқбол шуд. Дастаи ҳаваскорӣ бо рақсу сурудҳои дилошӯб хотири иштирокдоронро болида дошт. Адибон ба беҳтарин донишҷӯён, ки дар озмуни китобхонӣ ғолиб омадаанд, туҳфаҳои хотиравӣ супурданд.

Чорабинии маънавӣ дар хобгоҳи донишҷӯён идома ёфт. 1776 нафар дар хобгоҳ истиқомат ва аз кулли имкониятҳое, ки ин ҷо офарида шудаанд, истифода мекардаанд. Маҳфили «Чевар» фаъолияти пурсамар доштааст. Либоси расмии роҳиоҳанчиён асосан аз ҷониби духтарони хобгоҳ, ки аъзои маҳфиланд, дӯхта мешудаанд. 

Рӯзе, ки дар доираи лоиҳаи «Бахшандагони маърифат» дар дабистон ва Донишгоҳи давлатии нақлиёт гузарондем, мазмуннок буд.

М. ШОДИЕВ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: