ҶАШНИ ЯКАСРАИ «ОВОЗИ ТОҶИК» – ДАР ОИНАИ МАТБУОТ

Имсол, воқеан, соли ҷашни садсолагии рӯзномаи «Овози тоҷик» шуд. Акси он дар мақолаву гузориш, муколимаву мусоҳиба ва навиштаҳои дигаре, ки дар рӯзномаҳои марказӣ ва вилоятии ҷумҳурӣ ва берун аз он чоп шуданд, инъикоси худро ёфт.

Аз ҷумла дар ҳафтаномаи «Ҳуррият» (18.09, с. 2024, №37), мақолаи  ҷонишини сармуҳаррири рӯзнома Тоҷибой Икромов зери унвони «Газетасиз халқ тилсиз одам кабидир» («Халқи бе рӯзнома мисли одами безабон аст») интишор ёфт. Дар он муаллиф менависад, ки мо халқи на фақат аз ҷиҳати моддӣ, балки аз ҷиҳати маънавӣ низ сарватманд ҳастем.

Нахустин шумораи рӯзнома солҳои 20-уми асри сипаришуда чоп шуда буд. Дар мақола аз фаъолияти аввалин муҳаррири рӯзнома Абдуқайюми Қурбӣ (Ҳамроев), устод Садриддин Айнӣ ва дигар саромадони рӯзнома сухан меравад. Чун дигар нашрияҳои расмӣ «Овози тоҷик» низ ғояи давру замонро инъикос мекард. Мувофиқи сохту тағйироти сиёсии он аҳд  самти кайфияти ҷамъиятро равшан менамуд. Дар тамоми даврҳо тарғиби дӯстию бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек, кишварҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон аз ҷумлаи мавзӯъҳои доимӣ ва асосии «Овози тоҷик» буданд. Тайи сад сол дар рӯзнома аз Тоҷикистон мунтазам мақолаву суратҳо интишор шудаанд ва мешаванд. Алҳол ин ягонагӣ бо иродаи сиёсии президентҳои ду кишвар ба дараҷаи баланд бардошта шудааст. Бешубҳа, дар аҳди қариб 70-солаи салтанати шуравӣ рӯзнома дигаргуниҳои зиёдро аз сар гузаронд.

Дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» (11.09,с.2024, №72) мақолаи шодбошии сармуҳаррири нашрия Шерпӯлод Вакилов бо номи «Сад соли пуршараф» эълон шуд.  Дар мақола зикр шудааст, ки «Овози тоҷик» дар парвариши истеъдодҳо дар вилоятҳои ҷумҳурӣ саҳми бузург гузоштааст ва мегузорад. Бояд гуфт, ки он дар ташаккули ҳавзаи адабии тоҷики Ӯзбекистон саҳмгузор буду ҳаст.

Солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти муассисии Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлис, ҳамчунин Девони Вазирони Ӯзбекистон чоп ва паҳн гардидани рӯзнома мисоли равшани дӯстии матину устувори халқҳои бародари тоҷику ӯзбек мебошад. Ҳоло дар рӯзнома қариб 30 нафар кормандон кор мекунанд. Аз онҳо нимашон аҳли эҷоданд, боқимонда кормандони техникӣ. Нашрия қариб дар ҳама вилоятҳо мухбирони хешро дорад. Дар маҳалҳо паёмнигорони ҷамоатӣ низ фаъолият мебаранд.

3 нафар корманди рӯзнома – шоирон Паймон, Абдулло Субҳон ва Муҳаммад Шодӣ аъзои иттифоқҳои нависандагони Ӯзбекистону Тоҷикистонанд. 13 нафар бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардидаанд. Нӯҳ нафар сазовори орден, 4 нафар шоистаи медалҳо гаштаанд. Журналистони зиёд, аз ҷумла Муҳаммадҷон Шодиев ва мухбири рӯзнома дар вилояти Бухоро Амрулло Авезов солҳои охир ғолибони озмуни «Журналисти беҳтарини сол» гардиданд. Соли 2023 се ходими собиқу ҳозираи рӯзнома – Шоқаҳҳор Салимов, Мирасрор Аҳроров ва Саодат Бекназарова дар озмуни байналмилалии «Қалами тиллоӣ» сазовори мукофотҳои миллӣ шуданд.

Боз дар як рӯзномаи вилоятии Самарқанд – «Зарафшон» (5.09, с.2024) маводи ҷонишини сармуҳаррири рӯзнома Тоҷибой Икромов ва мухбири ин нашрия дар вилояти Самарқанд Зоҳир Ҳасанзода таҳти унвони «Ӯктам овоз» ба табъ расид.

Дар он низ муаллифон оид ба таърих ва фаъолияти «Овози тоҷик» то имрӯз изҳори фикру ақида намудаанд.

Дар рӯзномаи «Самаркандский вестник» низ зери сарлавҳаи «Сто летний» «Овози таджик» мусоҳибаи узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Зоҳир Ҳасанзода бо ҷонишини сармуҳаррири «Овози тоҷик», барандаи ордени «Дӯстлик» Тоҷибой Икромов дарҷ шуд. Дар он гуфта мешавад, ки рӯзнома дар тарбияи журналистҳо, нависандагону шоирон нақши бузург бозидааст. Бисёр кадрҳо дар даргоҳи он обутоби маънавӣ ёфтаанд. Дар байни онҳо аз аҳли эҷод Абдусалом Деҳотӣ, Раҳим Ҳошим, Ҳасан Ирфон, Бурҳон Умарӣ ва дигарон буданд. Дар идораи нашрия эҷодкорони бузург чун  Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, журналистони боистеъдод Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода, Муҳсин Умарзода, Раҳматҷон Норов, Қамариддин Шамсиев, Васфӣ (Мухторов), Саъдӣ Солиев, Акбар Усмонов, Ҷонибек Қувноқов, Маъруф Отахонзода, Бекназар Тӯйназаров, Ҳисомиддин Абдувалиев, Муайяна Хоҷаева, Матлуба Шоалиева, Шоқаҳҳор Салимов ва даҳҳо дигарон, ки ба рушди адабиёт ва журналистика саҳми арзанда гузоштаанд, кор кардаанд.

Бешубҳа, «Овози тоҷик» чун минбари тоҷикон дар роҳи ҳифзу равнақи забони модарӣ саҳми муносиб гузоштааст.

Дар рӯзномаи «Наманган ҳақиқати» ҷавобҳои сармуҳаррири «Овози тоҷик» Шерпӯлод Вакилов ба саволҳои хабарнигори вилоятии рӯзнома Шоҳида Даминова вобаста ба ҷашни садаи он нашр шуд. Дар он гуфта мешавад, ки «Овози тоҷик» солҳои 20-уми асри гузашта чун воқеаи муҳими сиёсӣ-иҷтимоӣ ба вуҷуд омад ва нисбат ба дигар воситаҳои тарғибот мақоми муҳимро пайдо кард. 25 августи соли 1924 нахустин шумораи рӯзномаи «Овози тоҷики камбағал» чоп шуд.

Шерпӯлод Вакилов боз доир ба самтҳои гуногуни фаъолияти рӯзнома, тағйирот ва комёбиҳои минбаъдаи он ҳарф задааст.

Шоҳида Даминова дар рӯзномаи  ҳуқуқиву иҷтимоии вилояти Андиҷон – «Адолат мезони» (9.11, с. 2024, №34) таҳти мавзӯи «Ӯктам овозли рӯзнома» бахшида ба ҷашн мақолае чоп кард.

Садсолагии рӯзномаи ягонаи марказии тоҷикӣ ҳамчунин дар саҳифаи тоҷикии рӯзномаҳои ноҳиявӣ акс ёфт. Яке аз онҳо мақолаи таърихию табрикии узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон, масъули саҳифаи тоҷикии рӯзномаи ноҳияи Косонсой – «Косонсойнома» Абдулвоҳид Нуриддинов «Овози тоҷик» – ифтихори тоҷикони Ӯзбекистон» аст. Бояд гуфт, ки муаллиф собиқ мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон ва ҳаводори он аз солҳои 70-уми асри ХХ аст.

Ниҳоят дар саҳифаҳои аввали маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии «Дурдонаи Шарқ» (с. 2024, №.3) низ мақолаи пурмуҳтавои Тоҷибой Икромов «Овози тоҷик»: дар масири як аср» рӯйи чопро дид. Дар он қайд шудааст, ки рӯзнома аз оғози нашраш ба таҳаввулоти сиёсӣ-миллӣ ва худмуайянкунии қавмҳои минтақа рӯ ба рӯ омад. Рӯзнома он замон дар ҳаёти маънавӣ ва ташхиси ҳуввияти миллӣ аз тамоми  василаҳои дигари таблиғотӣ бартарӣ дошт, ки ин афзалият таъсир ва нуфузи рӯзномаро дар ҳаёти ҷамъият дучандон сохтааст.

Бахшида ба 100-солагии таъсиси рӯзнома дар шаҳрҳои Бухоро, Чирчиқ, дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Нурато, Бӯка ва Сӯх низ чорабиниҳои тантанавӣ баргузор шуданд.

Тадбирҳои бузургдошти рӯзнома тавассути телевизиони ҷумҳуриявӣ аз тариқи барномаҳои «Рангинкамон», инчунин барномаи телевизионии «Шоми Самарқанд»-и  вилояти Самарқанд ва  «Паёми рӯз»-и вилояти  Бухоро намоиш дода шуданд.

Иди якасраи рӯзномаи «Овози тоҷик» аз назари ҳамзабонони бурунмарзӣ низ дур намонд. Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, академик  Абдуҷаббор Раҳмонзода ва сармуҳаррири нашрияи Маҷлиси Олии Тоҷикистон – «Садои мардум» Бахтовар Каримзода ҷамоаю мухлисони рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро шодбош гуфтанд.

Дар рӯзномаи «Садои мардум» (26.08,с. 2024, №103) таҳти унвони «Рӯзномаи маҳбуб» сармақолаи пурмазмуне чоп шуд. Дар ин шумора, аз ҷумла, маводи рӯзноманигор Сайфиддин Суннатӣ «Минбари ормонҳои миллӣ ва мактаби бузурги рӯзноманигорӣ» нашр гардид.

Рӯзнома ва мақолаҳои дар шумораҳои нахустини он интишорёфтаи Устод Айнӣ баҳри худшиносии миллии мо, баландшавии дониши сиёсӣ, кушоиши таълимгоҳҳои тоҷикӣ ва ривоҷи фарҳангу адабиёти тоҷик нақши муҳим бозидаанд.

Бо нахустин навиштаҳои эҷодкорони тоҷики Ӯзбекистон Болта Ортиқов, Аминҷон Шукуров, Асад Гулзода, Салим Кенҷа, Ҷонибек Қувноқ, Паймон, Абдулло Субҳон, Ҷаъфар Холмӯъминов ва дигарон хонандагон маҳз аз тариқи «Овози тоҷик» шинос шудаанд. Профессор Аъзамҷон Азимов изҳори назар кардааст, ки «Овози тоҷик» рӯзномаи маҳбубу дӯстдоштаи тоҷикон гардид. На танҳо дар Ӯзбекистону Тоҷикистон, балки дар Эрон, Афғонистон ва Озарбойҷон ҳам онро мехонанд. Рӯзнома чандин бор номи худро тағйир дод. Барои хонданию диққатҷалбкунанда шудани он журналистони маъруф Шавкат Ниёзов, Муҳсин Умарзода, Абдулло Ҳакимов, Хоҷиқурбон Ҳамидзода, Аслиддин Қамарзода, Ҳасан Қудратуллоев ва дигарон саҳми арзанда гузоштанд.

Тоҷибой Икромов боз дар як рӯзномаи ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Халқ овози» (29.08, с.2024, № 35) оид ба фаъолияти гузашта ва кунунии «Овози тоҷик» маълумоти васеъ пешкаш намуда, рамзи дӯстии байни халқҳои  тоҷику ӯзбек будани онро махсус таъкид кардааст.

Адиби тоҷик Сироҷиддин Икромӣ ба истиқболи санаи муҳими рӯзнома дар ҳафтаномаи адабии Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» ( 22.08, с. 2024) матолиберо бо номи «Овози тоҷик» – минбари баланди миллат» эълон кард.

Тоҷибой Икромов ҳамчунин дар рӯзномаи «Садои мардум» (28.08, с. 2024, №104) дар мақолаи бо номи «Овози тоҷик» садсола шуд» гуфтаҳои зерини яке аз сармуҳаррирони аввалини рӯзнома Шаҳобуддин Садруллинро иқтибос овардааст:

«Моҳи майи соли 1927 маро муҳаррири ин газета таъин карданд. Комитети марказии партия дар назди коркунони матбуот вазифаи қатъӣ гузошт, ки забони газета бештар ба оммаи меҳнаткашон наздик ва фаҳмо бошад. Аз рӯйи ин супориш идораи газета нақшае тартиб дода, аз пайи иҷрои он шуд. Барои беҳтар намудани забони газета аввалан лозим буд якчанд нафар зиёии забондону қаламрони тоҷик ба кори редаксия ҷалб гарданд.

Ҳамин тавр ҳам шуд».

Ба пешвози рӯзи таъсисёбии рӯзномаи садсола дар маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон конфронси илмию адабӣ низ барпо гардид.

Миршароф МИРЗОЕВ,

хабарнигори ҷамоатии «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: