СОДАСОЗИИ ЗАБОН ВА ПАЙОМАДҲОИ ОН

ё оё шеваи баён ва ифодаҳои мо миллиянд?

Ин навишта ба ташаккулёбии забони нави форсии тоҷикӣ дар нимаи аввали садаи ХХ, дақиқан, ба маъракаи содасозии забон ва пайомадҳои он иртибот дорад. Ба ин мавзӯъ дар навиштаҳои қаблӣ низ ишора шуда буд. Аз ин рӯ, шояд баъзе фикру мулоҳиза ба назар такрор намоянд. Ба мақсади такмил додани  мавзӯи мавриди назар ва рӯшанӣ андохтан ба баъзе масъалаҳои забон, хостем домани андешаҳоро тавсеа бахшем.

Як дӯстам боре изҳор дошт, ки доир ба вазъи забони форсии тоҷикӣ ва механизми таълими он дар муассисаҳои таълими ҳамагонӣ бисёр навиштӣ, вале ҳеч кас намегӯяд,  ки ту чӣ мегӯӣ ва ба кӣ мегӯӣ.

Гуфтам: «Шояд минбаъд низ касе нагӯяд, ки чӣ мегӯям ва ба кӣ мегӯям. Камина ин ҳамаро ба худам, яъне ба мани дар ман мегӯям. Бигузор, ӯ донад, ки ба забони форсӣ ё форсии тоҷикӣ - ганҷи шойгони қавме тамаддунсоз, ки ба василаи он шоҳкориҳое мисли «Шоҳнома», «Маснавии маънавӣ»,  «Гулистон»-у «Бӯстон»-и Саъдӣ, ғазалиёти дилошӯби Хоҷа Ҳофиз, беш аз панҷ ҳазор девон, достону қисса ва романҳои беназир офарида шудаанд,чӣ назаре доштаам»...

Дар навиштаҳои қаблӣ ёдовар шуда будем, ки баъд аз тасаллути болшевикон бар аморату хонигариҳои Осиёи Марказӣ ва марзбандиҳои сунъӣ, дар минтақа ба ҷойи ин аморату хонигариҳо  давлатҳои  нави миллии «соҳибихтиёр»-е бо номи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва дертар Тоҷикистон таъсис дода шуданд. Бояд ёдрас намоем, ки дар ин миён як муддат Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро ва Ҷумҳурии Халқии Шуравии Хоразм низ арзи ҳастӣ намуд.

Вақте ки ҷумҳуриҳои миллӣ таъсис ёфтанд, масъалаи «рушд»-и забон, адабиёт ва фарҳангҳои нави миллӣ ба миён омад. Фикр мекунам, болшевикон таҳти роҳбарии «доҳии пролетариати ҷаҳон» ва дертар Сталин, бисёр хостаанд, ки қавмҳои Осиёи Марказӣ аз гузаштаи пурифтихори худ «канда» шаванд, дар минтақа ҳарчи зуд «маданияти шаклан миллию мазмунан сотсиалистӣ» ташаккул ёбад. Ёддошту хотираҳои олиму рӯшанфикрони саршиноси тоҷику ғайритоҷик, асноди таърихӣ ва натиҷагириҳо ба забони ҳол мегӯянд, ки дар роҳи пиёда кардани ниятҳои олудаи хеш фарҳангзудоии пинҳону ошкоро, табъиду террор аз шеваҳои кори «сурх»-ҳо будааст...

Ин буд, ки дар иртибот ба номи ҷумҳуриҳои навтаъсис забонҳо низ тағйири ном карданд. Мо дар ягон сарчашмаи таърихӣ  ба ибораҳои «забони тоҷикӣ», «забони қирғизӣ», «забони қазоқӣ», «забони ӯзбекӣ» ва «забони туркманӣ»... дучор наомадем. Бигирем, ҳарчанд дар Осиёи Марказӣ қавме бо номи тоҷик аз замонҳои хеле қадим ба сар мебарад, то замони тасаллути болшевикҳо забону адабиёташро на забон ва адабиёти тоҷикӣ, балки забон ва адабиёти форсӣ номидаанд. Вале баъд аз таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон забони форсӣ дар минтақа, ба таври сунъӣ, забони тоҷикӣ номида шуд... Мардум дар тӯли 70 соли арзи ҳастӣ намудани ҳукумати шуравӣ ба ибораи нав, яъне «забони тоҷикӣ»  одат кард. Имрӯз агар гӯед, ки «ҳой мардум,  шумо тоҷикед, аммо номи забонатон форсӣ аст, на тоҷикӣ», бовар намекунанд...

Шеваи дигари кори болшевикон ин буд, ки худ дар паси парда истода, мақсадҳои ғаразноки хешро тавассути намояндагони ақвоми таҳҷоӣ (роҳбарони сиёсӣ ва чеҳраҳои номвари адабиву фарҳангӣ) татбиқ менамуданд...

Бо мурури вақт таҳти фишори зимомдорони давр тоҷикон аз баҳри алифбои суннатӣ ё миллии худ низ баромаданд. (Ёдрас. Баъзеҳо бар онанд, ки алифбои форсӣ алифбои арабиасос аст. Фикр мекунам, ин натиҷагирӣ ниёз ба тасҳеҳ дорад. Зеро алифбои арабӣ дар асоси алифбои мехӣ ва суғдӣ ба вуҷуд омадааст. Арабҳо дар асоси алифбои мехию суғдӣ, бо иштироки фаъоли аҷдоди мо, алифбои муштараке офариданд).

Ин ҳодиса, яъне тағйири алифбо низ зарбаи муҳлике буд ба забон ва  фарҳанги миллӣ. Нохайрхоҳону ҷудоиандозон дертар ба номи як забон - форсӣ тамғаи се забон: форсӣ, дарӣ ва тоҷикиро заданд. Нагузоштанд, ки форсигӯёни дунё масоили забоне воҳидро дар гирдиҳамоиҳо матраҳ кунанд, дурнамои онро муайян созанд...

Сипас, ба баҳонаи он, ки дар байни авом ғояҳои доҳиёни пролетариати ҷаҳон ҳарчи беш доман паҳн кунанд, таҳти фишори зимомдорон, маъракаи содасозии забонҳои миллӣ оғоз ёфт. Дар натиҷа, забони муқтадири яке аз қавмҳои бумии минтақа - тоҷикон, ки бо он адабиёти беш аз ҳазорсола офарида  шудааст, ба забони адабии кӯчабозорие табдил ёфт. Таҳти фишори «боло» нависандагон, шоирон, олимон ва журналистони тоҷик ба ҳар васила саъй менамуданд, ки шеваи баёни худро ба шеваи баёни авом наздик кунанд.

Дар ин миён аллома Садриддин Айнӣ қад алам кард ва тавассути саъю кӯшишҳои аладдавоми ӯ дарёи забони форсии тоҷикӣ маҷрои худро пайдо намуд... Дар он аҳди пуршару шӯр мункирони забон, фарҳанг ва қавми тоҷик кам набуданд. Агар абармарди зиндаёд – Садриддин Айнии Бухороӣ бо таълифоти хеш ба даҳони онҳо муҳри хомӯшӣ намезад, дар минтақа хавфи аз байн рафтани як забони муқтадир вуҷуд дошт... Хидматҳои поягузори адабиёти навини тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ дар ташаккулёбии адабиёти навини тоҷик бесобиқа аст.

Бар онам, ки дар давоми 70 соли сохти шуравӣ забони форсии тоҷикӣ, бар асари содасозӣ ва анҷоми тарҷумаҳои таҳтуллафзӣ, аз қолаби сарфу наҳви миллӣ берун омад. Аксари мутарҷимин дар шеваи баён, ба ҷойи он, ки грамматикаи забони мавриди тарҷумаро тобеи грамматикаи миллӣ созанд, баръакс, тобеи грамматикаи забони мавриди тарҷума шуданд. Фикр мекунам, дар боби тарҷума гирумон омӯхтани тарҷумонҳои тоҷик  аз ҳамзабонони хориҷӣ, хоссатан аз мутарҷимини Эрон, суди зиёде дар пай дорад. Саъю кӯшиши онҳо бар он аст, ки дар шеваи баён грамматикаи забони мавриди тарҷумаро тобеи грамматикаи миллӣ созанд. Магар ҳадаф аз тарҷума ба мулки маънавии қавми худ табдил додани асари мавриди тарҷума нест?

Дар насри қадими мо сухани муаллиф ҷойи устувор дошт, ҳамеша пеш аз сухани ноқил (ба қавле, нутқи айнан нақлшуда) меомад. Мисол:

«Сангпушт гуфт:

– Чаро бо ман ин сухан мегӯӣ?

Сангпушт ҷавоб дод:

– Ба назарам ту бо худ андешае дорӣ ва аз кори худ дар ҳайрат мондаӣ, шояд ки маро биогоҳонӣ, то ки ман ба кори ту чорае созам». (Аз «Калила ва Димна»).

Гуфтанд: «Биёед, то Иброҳимро бисӯзем ва худоёни худро нусрат кунем, лаънат бар эшон бод!».

Намрӯди лаъин гуфт: «Чаҳор девор аз хишт бисозед, чаҳор фарсанг дур бошад ва сад газ боло бувад ва ҷумла девор аз хишти пухта карданд... Ва ҳар кас аз шаҳру русто ба вусъи имкону тоқат ҳезум оварданд, то чаҳор фарсанг ҳезум ниҳода ва то ба атрофи девор ҳезум пур карданд ва оташ заданд». (Аз «Қисас-ул-анбиё»).

«Алтон гуфт:

– Самаки айёр дар миёни бозор ӯро аз ман бистад. Агарчи ман аз пеш омадам, ба дасти хидматгорони ман буд. Ғавғо баровард ва чанд касро бикушт ва Абракро бибурд ва ба сарои Ширин бурданд.

Рӯйин чун бишнид, хашм гирифт, гуфт:

– Эй фурӯмояи нокас, марде чун ту як марди баста нигоҳ натавонӣ доштан, то аз ту бибаранд! Ба чӣ кор бозоӣ ва ба оқибат хилъат мехоҳӣ?!» (Аз «Самаки айёр»).

Дар пайравӣ ба грамматикаи забони русӣ ва бар асари тарҷумаҳои бадеӣ аз дигар забонҳо, сухани муаллиф дар байн ва охири сухани ноқил низ омад. Мисол:

«Не, дар ин хусус хавотир накаш, — боз ором, бо чеҳраи кушод ҷавоб дод саркор, — кас намонӣ ҳам, худам меомадам».

«Ҳа, ба чӣ механдӣ?» - пурсид акои Олим ҷиддӣ ба Саркор нигоҳ карда».

Бигузор, сухани муаллиф дар аввал, байн ва охири сухани ноқил биёяд. Ин он қадар муҳим нест. Фикр мекунам, муҳим он аст,  ки бояд шеваи баён ва ифодаҳои мо миллӣ бошанд.

Вақте ки халқҳо дар тӯли қарнҳо дар канори ҳам зиндагӣ мекунанд,  табиист, ки забонҳо ба якдигар таъсири худро мегузоранд. Қарнҳост, ки халқҳои ба ҳам дӯсту бародар – тоҷикон ва ӯзбекон дар канори ҳам ба сар мебаранд. Бино ба эътирофи Шоири мардумии Ӯзбекистон, устод Эркин Воҳидов 30 дарсади таркиби луғавии забони меъёри ӯзбекиро вожаҳои форсӣ, 30 дарсадашро вожаҳои арабӣ ва боқӣ 40 дарсадашро вожаҳои туркии қадимӣ ва ӯзбекӣ ташкил медодаанд. Вожаҳои арабии забони ӯзбекӣ, мисли «мактаб», «китоб», «мактуб», «илм», «таълим», «муаллим» ва ҳоказо  вожаҳоеанд, ки дар забони форсии тоҷикӣ ҳазм шудаанд. Пас, шаст дарсади вожаҳои забони меъёри ӯзбекӣ барои тоҷикон «бегона» нестанд.

Суоле ба миён меяд, ки чаро дар забони меъёри форсии тоҷикии садаи ХХ ифодаву ибораҳои таҳтуллафзӣ аз забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ ба маротиб афзудаанд? Фикр мекунам, ин ҳодиса ба ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии он давр ва давраҳои баъдӣ иртибот дорад. Тоҷикистон дар ибтидои қарни сипаригардида аввал як вилояти автономӣ, дертар ҷумҳурии автономие дар таркиби Ӯзбекистон буд. Ва ин ҳолат, яъне тобеияти минтақавӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ ба маъракаи содакунии забон беасар намонд.

Бародарони  ӯзбек забони зиндаи халқро, бо тағйироти ҷузъӣ, ба сифати забони меъёр қабул карданд, ки дар он рӯзгори «каҷ дору марез» ҳавасангез буд. Мегӯянд, ҳар бурдеро бохте дар пай аст. Фикр мекунам, ба иллати он ки дар он рӯзгор забони меъёри форсии тоҷикиву ӯзбекӣ то ҳадде содаву кӯчабозорӣ шуд, дар байни забони осори классикони адабиёт ва насли ҷадид вартае ба вуҷуд омад. Яъне насли ҷавони содаписанд ҷиҳати дарки мазомини осори классикони адабиёт: Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Ҷалолуддини Балхии Румӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ (Фонӣ), Бобур, Машраб, Фузулӣ, Огаҳӣ ва қиссаву романҳои «Самаки айёр», «Синдбоднома», «Калила ва Димна», «Чор дарвеш», «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»...  оҷиз монд.

Дар ибтидои садаи ХХ гурӯҳе аз рӯшанфикрони тоҷик басе хоста будаанд, ки забони осори классикон ба сифати забони меъёр пазируфта шавад. Вале содаписандон садди роҳ гардидаанд.

Пас аз баҳсҳои тӯлонӣ дар атрофи забон, ниҳоят дастандаркорони тоҷик дар асоси забони гуфтугӯии се маҳал – шеваи тоҷикони Самарқанд, Бухоро ва Хуҷанд, ки зери таъсири забони ӯзбекӣ қарор доштанд, забони меъёр ё адабӣ сохтанд. Ин буд, ки дар шеваи баён бисёр ифодаҳои ӯзбекӣ тавассути тарҷумаҳои таҳтуллафзӣ ба забони форсии тоҷикӣ ворид шуданд ва бо мурури вақт, ба ифодаҳои «худӣ» табдил ёфтанд. Барои ин, ки хонанда ба ин гуфта бовар кунад, бо овардани чанд мисол аз осори адибони саршиноси тоҷик ва матбуоти даврӣ иктифо мекунем.Тасмим гирифтем,бо назардошти он, ки дар он аҳд дарёи зиндагӣ бино ба хоҳишу иродаи навхоҷагон ҷараён дошт ва ба иззати нафси дигарон нарасидан, мисолҳоро бе овардани ному насаби муаллифон пешниҳод намоем.

Таъсири забони ӯзбекӣ дар мавриди корбурди ҳиссачаҳои саволӣ, тасдиқӣ ва ишоратии «мӣ», «канӣ», «ана», «мана», «ҳо ана»... назаррастар аст. Мисол: «Ҳама коратро тахт карда мондӣ-мӣ? - Ҳа».Ин гуна ифода тарзи гӯйиши ӯзбекӣ аст. Агар ҷумларо ба ӯзбекӣ баргардонем, масъала равшантар хоҳад шуд: «Ҳамма ишларингни тахт қилиб қӯйдинг-ми? -Ҳа». Форсии тоҷикиаш бояд тақрибан ин тавр сурат мегирифт: «Короҳоятро анҷом додӣ? - Бале»; «Акнун ба хонаатон печка шинондан гирем ҳам мешавад-мӣ?» («Энди уйларингизда печка ӯрнатаверсак  ҳам бӯладими?») «Канӣ-канӣ, ассалом, Обаки сарди ваҳшӣ, Як гап ба ту мегӯям, бояд маро бубахшӣ». «Қани-қанӣ, ассалом», «Бир гап сенга айтаман...»; «Мана, худат ба чашмат дидӣ». Ӯзбекиаш: «Мана, ӯз кӯзинг билан кӯрдинг»;  «Ҳу, дар ёд дорӣ, мо ба хонаи онҳо рафта будем».Ӯзбекиаш: «Ҳу, эсингдами, биз уларнинг уйларига борган эдик»; «Ба ҳавлии мо ҳам омада истед, падар! - Ҳа, хӯб! - гуфта монд мӯйсафед». Ӯзб: «Бизнинг ҳовлимизга ҳам кеп туринг, ота! -  Ҳа, хӯп!, — деб қӯйди чол»)...

«Вайрон карда шудани қоидаҳои агротехникӣ ба ҳосил таъсири салбӣ расондааст» («Ӯзбекистони сурх», № 65, соли 1962). Ин ҷо муаллиф дар қолаби сарфу наҳви ӯзбекӣ ҷумла сохтааст. Худ қазоват кунед: «Агротехника қоидаларининг бузилиши ҳосилга салбий таъсир кӯрсатипди»; «Соли гузашта коллективи театр якҷоя бо драматург Душан Файзӣ кори эҷодӣ бурда, асари «Духтари Зарафшон»-ро ба вуҷуд овард». Ӯзбекиаш: «Ӯтган йили театр жамоаси драматург Душан Файзий билан биргаликда ижодий иш олиб бориб, «Зарафшон қизи» асарини яратди»; «Аз ин мебарояд, ки рӯзнома намехонед». Ӯзбекиаш: «Бундан чиқадики газета ӯқимайсиз». («Ӯзбекистони сурх»,  № 65, 23 майи соли 1962); «Навъҳои тезпазаки пахтаро ба вуҷуд оварем».Ӯзбекиаш: «Пахтанинг тезпишар навларини яратайлик». («Ӯзбекистони сурх», №10, 13 январи соли 1955); «Шумо ҳам ба маҷлис равед даркор?» Ӯзбекиаш: «Сиз ҳам мажлисга борсангиз керак?»...

Боре як забоншиноси шинохтаи ӯзбек аз як журналист ва нависандаи тоҷик дар омади гап, чунин эрод гирифта будааст: «Ба фикрам, шумо аввал ӯзбекӣ меандешеду баъд тоҷикӣ менависед».

Нависанда дар худ печида мегуфт: «Бубинед, ӯ ба ман чӣ мегӯяд. Ман аввал  ӯзбекӣ фикр мекардааму баъд тоҷикӣ менавиштаам»...

Шояд ранҷидани нависанда асосе дорад. Вале мисолҳо ба забони ҳол мегӯянд, ки баъзе аз мо аввал ӯзбекӣ андешида, баъд тоҷикӣ менавиштаем.

Фикр мекунам, вақти он омадааст, ки мо дар забони меъёр аз корбурди баъзе вожаҳои ғайритоҷикие, ки маънои хешутабориро ифода мекунанд, ба мисли «ака» (бародар), «ука» (додар), «она» (модар), «ота» (падар, додо) даст кашем.

Дар шеваи форсии тоҷикии мо ифодаҳои таҳтуллафзии аз забони русӣ гирифта низ кам нестанд.  Барои ба дарозо накашидани навишта аз овардани мисолҳо худдорӣ намудем.

Баъд аз дастёбии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба истиқлоли марзӣ ва мақоми давлатӣ гирифтани забонҳои миллӣ, аз ҷумла, дар маҳдудаи Тоҷикистон, забони форсии тоҷикӣ як андак рушд кард. Чунин ба назар мерасад, ки ба рӯйи сарфу наҳви миллӣ равзанаи нуроние боз мегардад.Фикр мекунам, агар механизми таълими забон дар мактабҳои миёна куллан тағйир дода шавад, сатҳи забондонии насли ҷавон назаррас баланд мегардад.

Инҷониб олими забоншинос нестам, вале бо сухан сарукор дорам ва ба сифати омӯзгор даҳ сол аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба насли ҷавон дарс додаам. Чунин ба назар мерасад, ки дар тӯли ин даҳ сол усули нави борвари таълими забон ва адабиёт дар зеҳнам кор хӯрд. Дар ҷараёни кор таҷриба кардам, ки вақти зиёди омӯзгор ба омӯзондани қоидаҳои сарфу наҳви забон, ки шуғле бесуд аст, сарф мегардад. Натиҷа гирифтам, ки насли ҷавон барои омӯхтани қоидаҳои сарфу наҳви забон қабл аз ҳама бояд захираи кофии луғавӣ дошта бошад.Мо чӣ мекунем? Ба насли ҷавоне, ки дар гуфтор ҳанӯз аз доираи шеваи худ берун наомадааст, қоидаи забон меомӯзем. Талаб мекунем, ки аз ҷумла исму сифату шумораро... пайдо кунад, супориш медиҳем, ки ба зери сараъзо ва аъзои пайрави ҷумла хат кашад... анвои ҷумлаҳои яктаркибаю дутаркиба ва сетаркибаро муайян намояд... Усули куҳна – таълими қоидаҳои грамматикӣ даст надод, ки насли ҷавон забони  меъёрро ба таври бояду шояд биомӯзад ва баъди хатми мактаб ба сари худ тарҷумаи ҳол, ариза, нақли хаттӣ ва иншо нависад.

Арӯзии Самарқандӣ фармудааст, ки агар шоири ҷавон панҷ ҳазор байт аз шеъри шоирони қадим ва панҷ ҳазор байт аз шеъри шоирони ҷадид ҳифз намояд, комёб мегардад, яъне шеъри хуб навишта метавонад. Муттакӣ ба ин гуфта натиҷа гирифтам, ки чаро насли ҷавон панҷ ҳазор пораи насрӣ (пораҳои беҳтарини насрӣ дар назар аст) аз осори нависандагони қадим ва панҷ ҳазор пораи насрӣ аз осори нависандагони муосир ҳифз намояд, дар сатҳи як нависанда ҷумла пардохта натавонад? Фикр мекунам, метавонад. Зеро ҳифзи пораҳои насрӣ, қолаби ҷумлаҳои гуногун, мисли ҷумлаҳои саволӣ, хитобӣ, нақлӣ ва содаву мураккабро дар зеҳни насли ҷавон ташаккул медиҳад.Бояд дар таълими забон холигоҳи  таълими қоидаҳои грамматикиро кор бо  вожаҳои «душворҳазм», яъне шарҳу тафсири луғатҳо пур кунад. Кор бо луғат аз усулҳои беҳтарини забономӯзист. Омӯзгори забон низ бояд мисли модар «як ҳарфу ду ҳарф» ба даҳони кӯдак «алфоз ниҳода» гуфтан омӯзад. Усули таълими камина ҳамчунин такя ба  таҷрибаи аҷдод  дорад. Насли ҷавони аҷдоди дуру наздики мо дар синни шашу даҳ ояҳои Қуръони каримро ҳифз намудааст.

Камина бар онам, ки ин усул, яъне ҳифзи беҳтарин пораҳои насрӣ ва кор бо луғати «душворҳазм» аз беҳтарин усулҳои таълими забон аст.

Шахсияти Абдурауф Фитрат барои инҷониб ибратомӯз нест, вале бояд эътироф кард, ки ин адиби хушқареҳа дар қолаби грамматикаи миллӣ насри содаи умумифорсие (шеваи баёне, ки ба ҳамаи форсигӯёни дунё фаҳмост) доштааст. Гоҳе меандешам, ки кош, дар тӯли ҳафтод соли шуравӣ дар муассисаҳои таълими ҳамагониву олӣ шеваи баёни умумфорсие чун шеваи баёни Фитрат кор мехӯрд. (Забон мисли теғест дар наём. Агар мавриди истифода қарор нагирад, яъне кор нахӯрад, занг мезанад – «душворҳазм» мешавад). Инак, барои ба ин гуфтаи болоӣ бовар кардани хонанда, ки гуфтем шеваи баёни умумифорсие дошт, аз песаи «Шуриши Восеъ» ва мақолаи «Фирдавсӣ»-и Абдурауф Фитрат ду пора пешниҳод менамоем.

Драматургон, барои муассиртар гардидани мавзӯи мавриди назари хеш, дар песа аз забони гуфтугӯйии халқ истифода мекунанд. Вале Фитрат, ҳаддалимкон, кӯшидааст, ки хонандаро ба сатҳи худ бардорад. Мутаваҷҷеҳ бошед, ӯ дар пораи зерин аз корбурди ҳиссаи суолии «мӣ» даст кашидааст:

Оймаҳмад: Магар одами бек ҳамин рӯз меояд?

Восеъ: Ҳа, ҳамин рӯз меомадааст.

Оймаҳмад: Ин хироҷи тозаро ҳамин рӯз мегирад?

Восеъ: Хироҷ нест, закот аст...»

Дар ҷойи дигар:

Аҳмад ясавулбошӣ: Шумо ҳам Восеи бадбахт барин ёғӣ шуданӣ ҳастед?

Бобо Раҳмат: Тақсир, ин гапро магӯй. Мани мӯйсафедро чӣ шуда, ки ёғӣ шавам? Қуввати нон хоидан надорам.

Бекҷон: Ёғӣ нашуда бошӣ, барои чӣ ҳаққи подшоҳро намедиҳӣ?

Бобо Раҳмат: Охир надошта бошам, чӣ кор кунам?! Якбора кушед, ҷонамро гиред!».

Абдурауф Фитрат дар мақолаи «Фирдавсӣ» бо забони меъёри умумифорсӣ на танҳо чун нависандаи забардаст ва муаррихи нуктасанҷ, балки ҳамчун адабиётшиноси варзида низ хома рондааст. Инак порае аз ин мақолаи пурмуҳтаво:

«Ҳукумати Оли Сомон агарчи расман тобеи давлати Аббосӣ ба шумор мерафт, лекин дар ҳақиқат тамоман мустақил буд, аз тарафи як подшоҳ, ки нисбат ба аристукратии  феодалони эронӣ дошт, идора мешуд. Оҳиста-оҳиста Хоразм, Хуросон ва Афғонистон низ ба ҳукумати Оли Сомон гузашт. Ин тариқа ташкил ёфтани давлати Оли Сомон ва тараққӣ кардани хоҷагӣ ва тиҷорат дар мамлкати эшон мувофиқи мақосиди аристукротии Эрон ва балки айнан ҳамон фасли дуввуми нақшаи сиёсати онҳо буд. Аристукратияи Эрон ба дубора зинда кардани давлати Сосония ва маданияти он давра, ки ба тазйиқоти дини ислом ва истилои араб нобуд шуда буд, сахт умедвор гардиданд. Дар атрофи ҳукумати Оли Сомон ҷамъ омаданд...»

Шоирони давраи аввали «адабиёти нави форсӣ» (яъне адабиёти баъдазисломӣ) монанди: Рӯдакӣ, Шаҳид, Хусравонӣ, Абушакур, Абулмувайид, Абулмисӣ, Дақиқӣ ва Маъруфӣ, ки муассисони «адабиёти нави форсӣ» шумурда мешаванд, ҳама дар дарбори Оли Сомон расиданд ва аз тарафи онҳо ҳимоя диданд ва сиёсати онҳоро ҳимоя карданд»...

«Фирдавсӣ ягона шоири форсизабонон аст ва яке аз беҳтарин шоирони дунё аст. Лекин фақат дар соҳаи ҷангноманависӣ. Дар адабиёти форсӣ на пеш аз Фирдавсӣ, на баъд аз ӯ ҳеч шоире ба қимати «Шоҳнома» китобе навиштааст, Фирдавсӣ дар ҳамин соҳа шоири ягонаи адабиёти форсӣ аст ва ҳамаи шоирони форсизабон дар ҳамин соҳа устодии ӯро эътироф кардаанд. «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар соҳаи худаш чунон як ҳайкали боқадри санъат аст, ки шоирони форс-тоҷик, араб, ҳинд, турк, чиғатоӣ ва ӯзбек ҳазор сол боз бо камоли шавқу завқ ӯро тақлид мекунанд ва ҳанӯз монанди он як асар ба майдон гузошта натавонистаанд...»

Иншои осори бадеӣ, хоссатан, ҳикоя ва қиссаву роман кори саҳл нест. Зарфи қариб сад соли сипаригардида нависандагони тоҷик ҳикоя, афсона, новелла ва қиссаву романҳои зиёде таълиф намуданд, ки сарвати бебаҳои маънавии қавми тоҷик аст. Аз ин рӯ, пешниҳоде доштам, ки ба мавзӯи мавриди назар иртибот дорад ва бе маблағ муяссар нагардад. Агар забони осори нависандагонамон, албатта на ҳамаашон, таҷдиди назар мегардид, яъне ба шеваи баёни умумифорсӣ табдил дода мешуд, суди зиёде дар пай дошт:

1. Форсигӯёни олам аз осори нависандагони тоҷик бароҳат баҳра мебурданд.

2. Ба забони меъёри умумифорсӣ заминаи мусоид фароҳам меомад.

3. Насли ҷавони тоҷик аз осори форсигӯёни дунё бароҳат баҳра мебурд...

Дӯстам, дигар магӯ, ки доир ба вазъи забон, шеваи баён ва механизми таълими он бисёр навиштӣ. Ин бор низ барои худ (мани дар ман) навиштам...

А. СУБҲОН.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: