Баъди нахустин ташрифи давлатии Президент Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ва сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд дар моҳҳои март ва августи соли 2018 равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ду кишвари ҳамҷавор, ки тайи бештар аз ду даҳсола ба сардии шадид мувоҷеҳ буд, дубора барқарор гардид ва ҳоло ин ҳамкориҳо ба манфиати ду кишвар ва рушду такомули он хидмат менамояд.
Тавсеаи ҳамкориҳо миёни вилояти Фарғона ва минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон мисоли равшани чунин ҳамкориҳост, ки дар самтҳои гуногун ба роҳ монда шудаанд. Ҳоло дар ин вилоят бо ширкати сармояи давлати Тоҷикистон дар маҷмӯъ 11 корхона (аз ҷумла 1 корхонаи муштарак, 10 корхонаи хориҷӣ) фаъолият мекунанд.
– Агар дар соли 2023 шаш лоиҳа бо сармояи 7,2 миллион доллари амрикоӣ ҳамчун сармояи мустақим азхуд карда шуда бошад, дар муддати 11 моҳи соли равон 15,7 миллион доллар сармоя азхуд карда шуд. Дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ноҳияи Бағдод корхонаи муштараки ҶММ «Органик ярен» таъсис ёфт, ки маблағи умумии он шаш миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад. Бар асоси ин лоиҳа истеҳсоли сачоқ ва либосҳои тайёр роҳандозӣ шудааст. Ҳоло дар доираи лоиҳаи мазкур 40 дарсади корҳои сохтмон ба фарҷом расидаанд, – мегӯяд сухангӯи ҳокими вилоят Маъсудҷон Сулаймонов.
Пас аз татбиқи лоиҳа 25 ҷойи нави корӣ ташкил гардида, дар як сол 200 ҳазор адад маҳсулот истеҳсол хоҳад шуд. Илова бар ин, ба манзури рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии миёни вилояти Фарғона ва вилояти Суғд аз ҷониби ҶММ «МБ Қӯқон-7» дар ноҳияи Бешариқ маркази савдо ва логистикии «Андархон» бунёд мешавад. Дар ин ҷо қисмати асосии кор дар арафаи поёнёбист.
Маъсудҷон Сулаймонов таъкид намуд, ки дар ҳамин ҳол ҳудуди ин марказ бо деворҳои бетонӣ иҳота мешавад, идораи маъмурӣ ва дигар биноҳои асосӣ қомат меафрозанд. Инчунин барои корҳои мумфаршкунӣ аз ҳисоби ташаббускор беш аз 8 миллиард сӯм маблағ харҷ карда шудааст.
– Дар натиҷаи рушди ҳамкориҳо гардиши савдо дар соли 2023 дасткам 43 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод – афзуд М. Сулаймонов. – Дар ин бобат дар ивази 31,2 миллион доллар маҳсулоти мо ба Тоҷикистон содир карда шуд. Дар баробари ин, аз тарафи соҳибкорони вилоят ба маблағи 11,7 миллион доллар маҳсулоти Тоҷикистон вориди қаламрави вилоят шуд.
Зикр гашт, ки асосан маҳсулоти кимиёвӣ ва пластикӣ, мошину таҷҳизот бахши энергетика ва маҳсулоти нафт, металлҳои ранга маҳсулоти дигар содир, инчунин маҳсулоти озуқаворӣ, металлҳои ранга ва маҳсулоти дигар ворид карда шуд.
– Дар 10 моҳи соли 2024 ҳаҷми умумии гардиши моли байни вилояти Фарғона ва Тоҷикистон 26,4 миллион долларо фаро гирифт. Аз тарафи соҳибкорони вилояти мо дар ивази 22,6 миллион доллар содироти маҳсулот анҷом дода шуд. Дар баробари ин, соҳибкоронамон ба маблағи 3,8 миллион доллар молу мавод ворид карданд, – қайд намуд Маъсудҷон Сулаймонов.
Гуфта мешавад, ҳоло Тоҷикистон яке аз бузургтарин воридкунандагони маҳсулоти саноати қолинбофӣ аз Ӯзбекистон ба шумор меравад. Инчунин аз Ӯзбекистон ба ин кишвари ҳамҷавор метали рангаву сиёҳ ва дастгоҳҳои гуногуни замонавӣ ворид карда мешавад.
Як қатор лоиҳаҳо дар доираи сафарҳои сатҳи олӣ татбиқ мешаванд. Тибқи протоколи Девони Вазирон аз 13 июли соли 2022 татбиқи созишномаҳо дар самтҳои тиҷоратию иқтисодӣ анҷом пазируфтаанд, ки дар доираи харитаи роҳи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ба имзо расидаанд.
Масалан, ҶММ «Бешариқ Момиқ Файз» дар давоми соли 2023 ба маблағи 257,4 ҳазор доллар, дар 11 моҳи соли равон содироти маҳсулот ба маблағи зиёда аз 50 ҳазор доллар муқаррар кардааст.
Инчунин созишномаҳо оид ба қарордодҳои содиротӣ низ таҳияву таълиф шудаанд. Аз ҷумла, маблағи умумии 14 ҳуҷҷате, ки ба имзо расидааст, 13,2 миллион доллари ИМА мебошад. Аз ин шумори умумӣ яктои он созишномаи сармоягузорӣ буда, маблағаш 6 миллион доллар аст. 13-тои созишномаи содиротӣ бо арзиши умумии 7,2 миллион доллар мавриди татбиқ қарор мегиранд.
Яке аз ин лоиҳаҳо аз тарафи корхонаи хусусии ҶММ «BNBM Building Materials Central ASIA», воқеъ дар ноҳияи Фурқати вилоят, анҷом мепазирад ва он дар ивази як миллион доллар маводи сохтмон содир хоҳад кард.
Ногуфта намонад, ки як идда дидору мулоқотҳои сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо мақомоти вилояти Фарғона маҳз тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва башардӯстонаро дар меҳвари худ қарор медиҳад. Дар ин замина аллакай натиҷаҳои пурсамар ба даст омадаанд, ки барои манфиати ҳар ду кишвар хидмат хоҳад кард.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.