ОСОИШТАГӢ – АСОСИ ДИН

Агар оилаи инсон осоишта, маконаш орому барқарор бошад, ҳаёташ равнақ меёбад, фарзандҳояш таълиму тарбияи хуб мегирад, истиқболи нав ба нав пеш меояд. Осоиштагӣ гарави ривоҷи ҷамъият, равнақи муносибатҳои байниҳамдигарӣ ва хотирҷамъии одамон мебошад.

Мо аз бобоён мерос гирифтаем, ки ҳамеша дар сари дасторхон, дар ибодат даст кушода, аз Офаранда тани сиҳату осоиштагӣ, хотирҷамъӣ пурсида дуо мекунем. Чунки ҳар як хоҳишу талаби накӯи мо баҳри хотирҷамъӣ, осоиштагӣ, фаровонӣ нигаронида шудааст.

Вале панҷ панҷа баробар набудагӣ барин дар байни мо фардҳое ёфта мешаванд, ки осоиштагӣ, фаровонӣ ва равнақи ҷамъияти имрӯзаи моро дида наметавонанд, ҳасад ва ғайбату бӯҳтон мекунанд. Нисбати роҳбарон, ходимони муассисаҳои динӣ иғво ва дурӯғ паҳн мекунанд. Онҳо бо ин роҳ ба ҳаммаслакию ҳамҷиҳатии мардуми мо рахна заданӣ мешаванд. Дар ояти 103 сураи «Оли Имрон»-и Қуръон омадааст: «Шумо ҳама ресмони Худовандро маҳкам дореду пароканда нашавед».

Барои он, ки дар ҳаёт роҳгум назанем, ба хато, ба иғвою лофҳои баъзеҳо роҳ надиҳем, мо бояд ба қонуну қоидаҳои ҷорӣ, ба талаботи ҷамъият ва шароити ислом риоя карда, амал намоем. Ба дигарон зулм накунем, зарар нарасонем ва ба муҳтоҷон ёрӣ диҳем.

Ба иллати иғвою буҳтонҳо имрӯз дар як қатор кишварҳо моҷароҳои сиёсию яроқнок давом дорад. Як қатор гурӯҳҳои бадхоҳи экстремистӣ дини мубини исломро ба худ ниқоб карда, мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ карданианд. Дар натиҷаи ин ҳазорҳо одамон хонавайрону сарсон, кӯдакони бисёр ятим гаштаанд.

Имрӯз ҳар яки мо бояд ба қадри осоиштагии ҳаётамон расем.

Баҳодур Ботиров,

имом-хатиби ноҳияи Чуст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: