ИҚЛИМШИНОСОН: СОЛИ 2024 ГАРМТАРИН СОЛ ДАР ТАЪРИХ ХОҲАД БУД

Имрӯз масъалаи тағйирёбии иқлим воқеан на танҳо экологҳо, балки тамоми мардуми оламро ба ташвиш овардааст.

Гармшавии бесобиқаи ҳаво, афзудани таркиби озони атмосфера, ба амал омадани офатҳои гуногуни табиӣ ва дар натиҷа ворид гардидани хисороти зиёд ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии давлатҳо- ин ҳама нишонаҳои тағйир ёфтани иқлими сайёра мебошанд. Ҳоло ин мушкилӣ ба яке аз масоили мубрами глобалии сайёра мубаддал гардидааст.

Иқлимшиносон тасдиқ кардаанд, ки соли 2024 гармтарин сол дар таърих хоҳад буд. Олимон аз Хадамоти аврупоии тағйирёбии иқлим «Коперник» пас аз таҳлили маълумоти 11 моҳ- шуруъ аз январ то ноябри соли 2024 ба ин хулоса омаданд, хабар медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба АЗЕРТАҶ.

Тибқи натиҷаҳои таҳқиқот, ҳарорати ҳаво дар сайёра моҳи ноябр аз сатҳи пешазсаноатӣ 1,62 дараҷа баланд буд. Пешгӯӣ мешавад, ки ҳарорати миёнаи сол аз нишондиҳандаи асри XIX 1,60 дараҷа (дар рекорди қаблии гармӣ дар соли 2023 — 1,48 дараҷа) боло хоҳад рафт.

Дар таҳқиқот инчунин гуфта шудааст, ки соли 2024 аввалин соле хоҳад буд, ки дар он ҳарорати миёна аз сатҳи пешазсаноатӣ беш аз 1,5 дараҷа зиёд мешавад. Олимон мегӯянд, ки амалҳои васеъмиқёси мубориза бо тағйирёбии иқлим ҳоло назар ба ҳар вақти дигар «таъхирнопазиртар» гардидаанд.

Дар охири соли 2023 бисёр давлатҳо уҳдадории глобалӣ гирифтанд, ки аз сӯзишвории истихроҷшаванда даст кашанд. Бо вуҷуди ин соли 2024 партовҳои газҳои гулхонаӣ афзоиш ёфтанд. Барои нигоҳ доштани гармии аз 1,5 дараҷа болотар дар сатҳи пешазсаноатӣ то соли 2030 партовҳо бояд 45% коҳиш дода шаванд.

Буҳрони иқлимӣ ҳодисаҳои фавқулодаи обу ҳаво: мавҷҳои гармии ғайримуқаррарӣ ва бошиддат, тӯфонҳо ва обхезиҳоро шадидтар мекунад. Олимони хадамоти «Коперник» изҳор намуданд, ки соли 2024 дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ сӯхтори махсусан шадиди ҷангалҳо авҷ гирифт. Онҳо инчунин ба ботлоқзори Пантанал, ки аз гуногунии биологӣ бой мебошад, таъсир расониданд.

Миқёси баъзе сӯхторҳо, бахусус дар Боливия, Пантанал ва бархе музофоти Амазонка ба сатҳи таърихӣ расид. Онҳо боиси сатҳи баланди ифлосшавии ҳаво дар тамоми қитъаҳо гардиданд, ки давоми якчанд ҳафта идома ёфт.

Зарари иқтисодии бар асари ҳодисаҳои нохуши обу ҳаво расида низ меафзояд. Талафоти тахминӣ барои соли 2024 320 миллиард доллар арзёбӣ мешаванд, ки ин 6% бештар аз соли 2023 ва 25% бештар аз ҳисоби миёнаи 10 соли охир мебошад,-иттилоъ медиҳад The Guardian.

Таҳқиқоти дигар нишон дод, ки мизони гази карбон дар атмосфераи Замин аз сатҳи пешазсаноатӣ 151% зиёдтар аст. Давоми 20 соли охир сатҳи CO2 зиёда аз 10% афзудааст. Консентратсияи метан 265 фоиз ва оксиди азот 125 фоиз зиёд шудааст. Дар маҷмуъ, микдори заррачаҳои ифлоскунанда дар атмосфераи сайёра ба дараҷаи рекордӣ расидааст. Ин таҳқиқотро коршиносони Созмони ҷаҳонии метеорологӣ анҷом додаанд.

Масъалаи дигари ташвишоваре, ки ба тағйирёбии иқлим рабт дорад, ин биёбоншавӣ мебошад. Иштирокдорони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба биёбоншавӣ уҳдадор шуданд, ки барои дастгирии кишварҳои осебпазир беш аз 12 миллиард доллар ҷудо намоянд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: