Ходимони Донишкадаи бостоншиносии Самарқанд дар деҳаи Ҷӯратеппаи ноҳияи Ургут, ки қариб бо минтақаи Саразми Тоҷикистон ҳамҷавор аст, баъди тадқиқотҳои археологӣ ибодатхонаи мансуб ба маданияти Суғди қадимро пайдо кардаанд.
– Дар деворҳои маъбудаи бо зару зевар ороёфта порчаҳои расмҳои гуногун маҳфузанд, – иброз дошт директори Институти бостоншиносии Самарқанд, доктори фанҳои таърих Амриддин Бердимуродов. – Ҳоло як гурӯҳ мутахассисони соҳа мӯшикофона тадқиқоти илмӣ мебаранд. Тахмин карда мешавад, ки ибодатхона дар асрҳои 7-8 аз ҷониби арабҳои истилогар сӯхта, ба вайрона табдил ёфтааст. Бояд таъкид намуд, ки ду сол қабл аз ин кадоме ин заминҳоро хост ҳамвор созад, вале ногаҳон арк пайдо шуда, ҳозиронро ба ҳайрат гузошт. Ба донишкадаи мо хабар доданд ва мо корҳои ҷустуҷӯиро оғоз намудем.
Журналисти самарқандӣ Анастасия Павленко дар ин хусус дар рӯзномаи «Самаркандский вестник» хабар дода буд.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Самарқанд.