Дар Хонаи фотосуратҳои Тошканд намоишгоҳи аксҳо бо номи «Як мактаб – нигоҳи ҳарранга» доир шуд, ки ба фаъолияти фоторассом ва фотожурналисти маъруф Ҳусниддин Ато ва шогирдони ӯ бахшида шудааст.
Ҳусниддин Ато дар Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияи оммавии Ӯзбекистон ба донишҷӯён аз фанни фотожурналистика дарс медиҳад. Ӯ дар ин соҳа дар байни ҷавонон истеъдодҳои зиёдеро кашф кардааст. Ҳамчунин, суратгир барои шахсони гаронгӯш курсҳои махсуси аксбардорӣ ташкил намуда, ба як зумра ҷавонон барои суратгири касбӣ шудан кумак мерасонад.
Бисёре аз намунаҳои эҷодиёти шогирдони ӯ дар сомонаҳои интернетии кишварамон нашр мешаванд.
Дар намоишгоҳ бар асоси анъанаи «Устод-шогирд» беҳтарин асарҳои Ҳусниддин Ато оварда шудаанд, ки равандҳо, пирӯзӣ ва эҳсосоти Бозиҳои паралимпии «Париж – 2024»-ро тасвир мекунанд.
Ҳ. Абдуназаров.