Дар корхонаи тиҷоративу истеҳсолии «Сайқал»-и шаҳри Фарғона асосан ҷавонон кор мекунанд.
Дар корхона шаш навъи аробачаҳо барои маъюбон, велосипеди бачагона, маҳсулоти ортопедӣ, 40 хели асбоби шунавоӣ, ҳамчунин содаи каустикӣ, моеъ ва кафки оташнишонӣ, маҷмӯи таҷҳизоти лабораторияи сайёр барои санҷиши ҳарорат, дараҷаи покиву шаффофии об, тахтаи синф ва ғайра истеҳсол мешаванд. Алҳол дар кишвари мо ба маҳсулоти зикршуда эҳтиёҷ хеле зиёд аст. Маҳсулоти мазкур бо иваз кардани маснуоти воридотӣ ва афзалиятҳои худ тафриқа доранд. Маҳсулоти аз бозори дохилӣ барзиёд ба давлатҳои ҳамсоя содир карда мешаванд.
Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди корхонаи муштараки ӯзбекистониву олмонии «UD-audifon», ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди «Farg`ona Polimer», «Far Pribor» ва «Far-Drilling Chemicals» дар тобеияти корхона қарор доранд.
Лоиҳаи охирини роҳбари корхона, соҳибкор Абдураҳмон Ниёзов аз санг истеҳсол кардани коғаз нафақат дар ҷумҳурии мо, балки дар минтақа ягона ба шумор меравад.
Суратгир: М. Қодиров (ӮзА).