Президент Шавкат Мирзиёев 20 декабр бо соҳибкорони фаъоли мамлакат мулоқот кард. Дар машварати видеоселекторӣ натиҷаҳои сол бинобар дастгирии соҳибкорӣ ва нақшаҳо барои соли 2025 баррасӣ шуданд.
Дар ибтидои вохӯрӣ роҳбари давлат маърӯза карда, мақсадҳои асосӣ ва натиҷаҳои бадастомадаро мушаххас намуд:
– Инкишоф додани соҳибкорӣ вазифаи стратегии мост. Соҳибкорон такягоҳи мустаҳкамтарин ва неруи бузургтарини мо мебошанд. Бинобар ҳамин ҳам дастгирии онҳо бояд кори ҳамарӯзаи тамоми роҳбарон – аз марказ то зинаи поёнтарин бошад. Бахусус дар маҳалҳо ҳокимон бояд бо соҳибкорон зуд-зуд мулоқот кунанд, ба корхонаҳо раванд, бо ташвиши онҳо зиндагӣ кунанд. Мо бояд ба қадри намояндагони тиҷорат бирасем, онҳоеро, ки соҳиби маҳорат ва иқтидори азим мебошанд, эҳтиёт кунем. Онҳо барои мо шахсони бағоят бақадр мебошанд, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
Вобаста ба ин фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба дастгирии соҳибкорӣ, ки дар назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дода шудааст, қайд гардид. Шӯро пули байни давлат ва тиҷорат гардид, вай таклифҳои мушаххасро пеш мегузорад. Соли равон 5 қонун, 101 фармон ва қарор, ки ба масъалаҳои муҳимтарини дастгирии тиҷорат дахл доранд, қабул гардиданд.
Солҳои охир дар иқтисодиёти мамлакат афзоиши бозоргирӣ мушоҳида мегардад. Ин барои бо маблағ таъминкунии устувори лоиҳаҳои сармоявӣ асос гардид. Маблағ дар бонкҳо аз ҳисоби корхонаҳо 20 триллион сӯм афзуда, ба 107 триллион сӯм расид. Амонатҳои аҳолӣ 25 триллион сӯм зиёд шуда, 105 триллион сӯмро ташкил дод.
Бинобар натиҷаи сол ҳаҷми умумии вомҳои пешниҳодшуда ба 275 триллион сӯм расид.
Соли 2025-ум ин нишондиҳанда аз 300 триллион сӯм мегузарад. Ба вомгузории тиҷорати хурд эътибори махсус дода хоҳад шуд: саҳми он аз 28 то 40 фоиз афзуда, ба 120 триллион сӯм мерасад.
Барои қонеъ гардонидани талаботи соҳибкорон соли 2025-ум бонкҳо ният доранд 6 миллиард долларро аз манбаъҳои хориҷӣ бидуни кафолати давлатӣ ҷалб намоянд. Ба шарофати вусъат додани имкониятҳои факторинг соли равон ба хидматҳои мазкур 100 миллион доллар маблағ ҷудо карда шуд.
Барои инкишоф додани инфрасохтор – роҳҳо, таъминоти об, электр ва газ, роҳҳои оҳан дар соли 2024-ум 35 триллион сӯм равона гардид, соли оянда бошад, ҷудо кардани 43 триллион сӯм пешбинӣ мегардад.
Барои таъминоти муттасили энергетикии корхонаҳо истеҳсоли энергияи электр ба 82 миллиард киловатт-соат расид. Ба шарофати дар соли ҷорӣ ба истифода супурдани 17 иқтидор ба қимати 6,3 миллиард доллар соли 2025-ум ҳаҷми истеҳсолот то 90 миллиард киловатт-соат меафзояд. Соли оянда дар доираи 25 лоиҳаи арзиши умумиашон 6,4 миллиард доллар дар ҳаҷми 4,8 гигаватт иқтидорҳои иловагӣ фароҳам оварда мешаванд.
Ҳоли ҳозир дар мамлакат 24 истеҳсолгари мустақили энергияи электр амал мекунанд. Соли 2025-ум бори аввал бозори умумии онлайни электроэнергия ба кор мепардозад. Ба сифати таҷриба шабакаҳои электрии вилоятҳои Самарқанд, Ҷиззах ва Сирдарё ба идораи сектори хусусӣ дода мешаванд.
Дар соҳаи сайёҳӣ соҳибкорон ба сохтмони меҳмонхонаҳо барои 24 ҳазор ҷой 6,5 триллион сӯм сармоягузорӣ карданд. Соли 2025 ин рақам боз ба 30 ҳазор меафзояд. Ба 17 иншооти тиҷоративу сайёҳӣ, ки соли равон ба истифода супурда шуданд, соли оянда боз 25 маҷмӯъ илова мегарданд.
Барои рушди тиҷорат ширкати махсус созмон дода шуд, ки барои бо маблағтаъминкунии содирот 350 миллион доллар ҷудо кард. Соҳибкорон барои ҳар кадом доллари ҷудогардида 6 доллар даромади содиротӣ гирифтанд. Соли 2024-ум барои ин мақсадҳо боз 300 миллион доллар равона карда хоҳад шуд.
Соли 2024 соҳибкорон 3 ҳазор иншооти моликияти давлатӣ ва 4 ҳазор гектар замини арзиши умумиашон 11,5 триллион сӯмро азхуд намуданд. Соли 2025-ум барои тиҷорат боз 4,5 ҳазор бино ва 6 ҳазор гектар замин пешниҳод мешавад.
Ҷалби ин сектори хусусӣ ба таъмир ва нигоҳубини роҳҳо, ки муддати мадид дар монополияи давлат қарор доштанд, вусъат меёбад. Соли 2024 ба ихтиёри соҳибкорон 260 километр роҳ супурда шуд, соли 2025-ум бошад, ин рақам то 3 ҳазор километр зиёд мегардад. Бо дастгирии Бонки осиёии рушд дар 86 ноҳия 841 километр роҳ бо қувваи пудратчиёни маҳаллӣ сохта хоҳад шуд.
Дар соҳаи роҳи оҳан рақамикунонӣ ва баланд бардоштани самаранокии амалиёт муҳлати боркашониро 40 фоиз коҳиш доданд. Ба шарофати аз 2 соат то 3 рӯз зиёд кардани вақти борфурории ройгони борҳо дар истгоҳҳо соҳибкорон тӯли сол 57 миллиард сӯмро сарфа карданд.
Дар соҳаи авиатсия миқдори ширкатҳои хусусӣ ба 14 адад расид. Барилова боз 6 самолёти боркашон ва 16 мусофиркашон ба истифода дода шуданд.
Аэропортҳо дар Бухоро ва Намангон ба ихтиёри идораҳои хусусӣ супурда шуданд, тендерҳо барои идора намудани аэропортҳои Андиҷон ва Урганҷ идома доранд.
Президент муҳимияти нигоҳ доштани сиёсати муътамади андозро барои дастгирии муҳити ҷолиби тиҷоратӣ таъкид намуд. Миқдори андозҳои асосӣ тағйир намеёбанд. Аз 1 январи соли 2025 моликияти давлатӣ ва замин бидуни андози арзиши иловагӣ фурӯхта мешаванд, андози аксизӣ барои алоқаи мобилӣ бекор карда мешавад, ҷорӣ намудани андози дукарати замин барои заминҳои кишоварзии беруни шаҳр қатъ мегардад. Корхонаҳои ноширӣ аз пардохти андози даромад барои панҷ сол озод карда мешаванд.
Сабукиҳо барои резидентҳои хиёбони IT, ки онҳоро аз тамоми намудҳои андоз озод менамояд, то соли 2040-ум дароз карда мешаванд. Имтиёзҳо барои мактабҳои хусусӣ, боғчаҳои бачагона ва мутахассисони хориҷӣ то соли 2030-юм амал мекунанд.
Ҷараёни узви Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) гардидани Ӯзбекистон ба охир расонида мешавад. Вобаста ба ин имтиёзҳое, ки ба қоидаҳои СУС хилофанд, бекор карда мешаванд. Ҳамзамон барои он ки иштирокдорони бозор дар муҳити одилонаи рақобат кор кунанд, тамоми шароитҳо муҳайё карда хоҳанд шуд.
Инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ низ аз назар дур намемонад. Кори нуқтаҳои наздисарҳадии «Хонобод», «Мингтеппа», «Қа-росув» ва «Учқӯрғон» аз нав ба роҳ монда мешавад. Соли 2025-ум дар гузаргоҳҳои сарҳадии «Ғишткӯпрук», «Навоӣ», «Давут-ота», «Шавот» ва «Гулбаҳор» гузаргоҳҳои иловагӣ сохта мешаванд, ки иқтидори гузаргоҳии онҳоро панҷ баробар зиёд мекунад.
Бо вуҷуди шароити мураккаби геосиёсӣ иқтисодиёти мамлакат дар соли 2024-ум 6,3 фоиз афзуда, ба 111 миллиард доллар расид. Дар саноат, хоҷагии қишлоқ ва соҳаи хидматрасонӣ 38 миллиард доллар сармоя ҷалб карда шуд, содирот бошад, аз 26 миллиард доллар зиёд гардид.
Президент нақши асосии соҳибкоронро, ки ҷойҳои нави корӣ фароҳам меоваранд ва нодориро коҳиш медиҳанд, дар муваффақ шудан ба натиҷаҳои мазкур таъкид карда, ба онҳо миннатдорӣ изҳор намуд.
Соли оянда то 120 миллиард доллар зиёд кардани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, то 30 миллиард афзун намудани содирот дар назар дошта шудаанд, ҳаҷми сармояҳо бошанд, то зиёда аз 42 миллиард доллар зиёд карда мешаванд.
Дар вохӯрӣ бинобар иқдомҳои зарурӣ барои муваффақ шудан ба ҳадафҳои зикршуда табодули афкор ба амал омад. Соҳибкорон пешниҳод намуданд, ки тартиботи тиҷоратӣ содатар, коркарди ашёи хом амиқтар карда шавад, истеҳсоли маҳсулот бо арзиши баланди иловагӣ ва содирот зиёд гардад. Фикру ақидаҳоро шунида, роҳбари давлат чораҳои дахлдорро мушаххас намуд.
Пеш аз ҳама, моҳияти афзудани даромади кормандони сектори хусусӣ таъкид гардид. Вобаста ба ин корхонаҳои соҳаҳои бофандагӣ ва чарм, ки ба ходимони худ аз 2,5 миллион сӯм кам маош намедиҳанду на камтар аз 15 фоизи кормандонашон аз оилаҳои камтаъмин мебошанд, аз имтиёзҳои андоз бархурдор мешаванд. Барои чунин ширкатҳо миқдори андоз барои фоида, ҳамчунин андози даромад барои кормандони онҳо ҳамагӣ 1 фоизро ташкил хоҳад дод.
Роҳбари давлат зикр намуд, ки чунин маҳакҳои иҷтимоии пешниҳоди имтиёзҳо метавонанд дар секторҳои дигари иқтисодиёт низ истифода шаванд.
Президент зарурияти онро, ки соҳибкорон танҳо бо вомҳои бонкӣ маҳдуд нашаванд, балки ба меъёрҳои байналхалқӣ мувофиқ гарданд ва маблағҳоро мустақилона аз хориҷа ҷалб намоянд, таъкид намуд.
Барои ин марказ созмон дода мешавад, ки бо иштироки ширкатҳои байналхалқии консалтингӣ барои ба бозорҳои байналхалқии молиявӣ баромадани соҳибкорон онҳоро дастгирӣ менамояд.
Дар мамлакат 142 ширкат, ки «чемпион» ҳисобида мешаванд, мавҷуданд, ки миқдори кормандонашон зиёда аз 5 ҳазор нафар буда, даромади солонаашон аз 1 триллион сӯм зиёд мебошад. Онҳо корпоратсияҳои бисёрҷанбае мегарданд, ки ба рушди соҳаҳои омехта мусоидат менамоянд.
Барои дастгирии чунин соҳибкорони пешомаднок ва рағбатноксозии дигарон ба онҳо бевосита додани замин ва бино, ҳамчунин корхонаҳои давлатӣ барои идораи дарозмуҳлат пешниҳод карда мешавад.
Тавре ки маълум аст, аз 10 ширкати сарватмандтарини ҷаҳон 7 ададаш дар соҳаҳои технологияи иттилоотӣ ва финтех-хизматрасонӣ кор мекунанд. Барои созмон додани чунин ширкатҳо дар Ӯзбекистон имтиёзҳои иловагӣ дода мешаванд. Аз ҷумла, бидуни боҷ овардани таҷҳизоти лабораторӣ ва дастгоҳҳои технологӣ (R&D) ба марказҳои илмиву тадқиқотӣ ва таҷрибавиву конструкторӣ иҷозат дода мешавад.
Дар Ӯзбекистон тақрибан ҳазор кон бо захираи зиёда аз 100 намуди ашёи минералӣ мавҷуданд. Барои он ки аз онҳо бинобар истеҳсоли маҳсулоти арзишаш баланди иловагӣ истифода бурда шавад, моҳи январ 400 кони нав ба савдои музояда гузошта мешаванд.
Заминҳои аз кишти пахта ва ғалла озодшуда бо ҳаҷми бузурги то 50 гектар ба савдои музояда гузошта ва ба сармоягузорони касбӣ барои бунёди майдонҳои саноатӣ фурӯхта мешаванд. Дар қитъаҳои то 20 хол (сотих) бунёди сехҳои яхчол, ба навъҳо ҷудокунӣ ва борбандӣ ташкил кардан имконпазир аст.
Коркарди нави Кодекси гумрук ба нақша гирифта шудааст, ки ба талаботи Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) ва шароити кунунӣ мувофиқат хоҳад кард.
Дар анҷоми мулоқот роҳбари давлат бори дигар таъкид кард, ки ташаббус ва лоиҳаҳои соҳибкоронро дастгирӣ мекунад.
– Ҳаракати соҳибкорӣ дар Ӯзбекистон ба неруи бузург табдил меёбад ва ин ҷараён бебозгашт аст. Чӣ гуна мақсадҳо ва вазифаҳои баландро дар сатҳи давлатӣ дар назди худ нагузорем, мо ва халқамон пеш аз ҳама, ба шумо умед мебандем. Ҳар қадар, ки соҳибкорони мо давлатманд шаванд, ҳамон қадар халқамон низ сарватманд ва ҳамон андоза давлатамон пурқудрат мегардад. Муваффақияти соҳибкорон ин комёбии тамоми халқи мост, – таъкид кард Президент.
ӮзА.