ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ШУҒЛИ ДОИМӢ

Дар маҷлисгоҳи ҳокимияти ноҳияи Навбаҳори вилояти Навоӣ доир ба масоили коҳиш додани нодорӣ ва таъмин кардани аҳолӣ бо шуғли доимӣ ва муҳоҷирати аҳолӣ ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҷамъомад вакилони ҳокимиятҳои вилоят ва ноҳия, роҳбарони муассиса ва ташкилотҳо иштирок намуданд. Ҳамчунин  ҳисоботи роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ дар алоқамандӣ ба фаъолияти шаҳрвандони ноҳия шунида шуд.

Мутасаддиён пас аз ҷамъомад аз фаъолияти чандин корхонаи оилавии ноҳия боздид ба амал оварда, дар бораи ҳаллу фасли мушкилот ва боз ҳам васеъ намудани ҳаҷми  истеҳсолоти корхонаҳо, ки дар ин замина чанд нафар бо шуғли доимӣ таъмин мегарданд,  маслиҳатҳо доданд.

Инчунин ба роҳбарони маҳаллӣ дар бораи зиёд намудани корхонаҳои оилавӣ, ки дар коҳиш додани нодорӣ ва таъмин кардани аҳолӣ бо шуғли доимӣ аҳамияти бештар доранд, супоришҳо дода шуданд.

Ӯзбакбойи Раҳмон,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: