МАСЪУЛОНИ ВАЗОРАТ ДУРУСТ МЕГӮЯНД Ё САДОРАТ?

Дар мақолаи «Таълим дар кӯдакистонҳо бо чанд забон аст?», ки дар шумораи 100-уми «Овози тоҷик» (14 декабри соли 2024) чоп гардид, дар бораи ба ҳам мувофиқат накардани баъзе рақамҳо, номутаносибии маълумотҳои масъулон гуфта будем.

Маҳз бо мақсади мушаххас намудани ин маълумоту аснод ба масъулини шуъбаҳои дахлдори садоратҳои минтақавӣ муроҷиат кардем ва инак маълумотҳои дастрасшударо пешкаши муштариён мекунем.

Бино ба маълумоте, ки ҷонишини вазири Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ Ф.Боқиев тибқи дархости рӯзнома дар номаи худ таҳти рақами 04-22-3777 (25 ноябри соли 2024) фиристодааст, ҳоло дар вилояти Самарқанд 4499 ташкилоти таълими томактабӣ амал карда, дар онҳо 258630 нафар кӯдакон фаро гирифта шудаанд. Аз ин миқдор 252420 нафар дар гурӯҳҳои ӯзбекӣ, 4863 нафар дар гурӯҳҳои русӣ, 46 нафар дар гурӯҳҳои қазоқӣ, 42 нафар дар гурӯҳҳои тоҷикӣ ва 1259 нафар дар дигар гурӯҳҳо таълиму тарбия мегиранд.

Аммо ин бо маълумоте, ки сарвари шуъбаи ҳамоҳангсозии ташкилотҳои таълими томактабии Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилояти Самарқанд Фурқат Ҷиянов тақдим кард, мувофиқат намекунад. Бино ба маълумоти масъули садорат раванди таълиму тарбия дар кӯдакистонҳои Самарқанд танҳо бо ду забон – ӯзбекӣ ва русӣ амалӣ мегардад. Дар 10829 гурӯҳи ӯзбекии ташкилотҳои таълими томактабии вилоят 261020 нафар ва дар 228 гурӯҳи русии кӯдакистонҳо 6840 нафар, ҷамъ дар 11057 гурӯҳ 267860 нафар кӯдакони синни томактабӣ фаро гирифта шудаанд.

Чунин ҳолат, яъне ба ҳам мутобиқат накардани маълумот ва рақамҳои масъулони вазорат ва садоратро дар мисоли вилояти Бухоро низ мушоҳида кардан мумкин аст.

Тибқи маълумоти вазорат дар 2149 ташкилоти таълими томактабии вилояти Бухоро (498-то давлатӣ ва 1651-то ғайридавлатӣ) 129044 нафар бачагон, аз ҷумла дар гурӯҳҳои ӯзбекӣ (120912 нафар), русӣ (4678 нафар), тоҷикӣ (140 нафар) ва дигар забонҳо (3314 нафар) таълиму тарбия мегиранд.

Маълумот ва рақамҳое, ки корманди масъули садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилояти Бухоро Ҳалим Адизов тақдим кард, аз маълумоти вазорат фарқ мекунад.

Бино ба иттилои корманди масъули садорат, дар вилояти Бухоро 2143 ташкилоти таълими томактабӣ амал карда, аз ин миқдор 492-то давлатӣ ва 1651-то кӯдакистони ғайридавлатӣ (21-то хусусӣ, 113-то дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ, 1517-то оилавӣ) мебошанд ва дар онҳо дар 5716 гурӯҳ 128730 нафар тарбиягирандагон фаро гирифта шудаанд. Тавре мебинем, теъдоди кӯдакистонҳо ва шумораи кӯдакони онҳо ба ҳам мутобиқат намекунанд.

Чунин номувофиқатиро дар забони таълиму тарбия дар ташкилотҳои таълими томактабии вилояти Бухоро низ дидан мумкин аст: масъулони вазорат мегӯянд, ки асосан дар се забон – ӯзбекӣ, русӣ, тоҷикӣ машғулотҳо гузаронида мешавад, кормандони садорат маълумот медиҳанд, ки раванди таълиму тарбия дар забонҳои ӯзбекӣ (дар 5345 гурӯҳ 120939 нафар), русӣ (дар 326 гурӯҳ 7683 нафар) ва қазоқӣ (дар 9 гурӯҳ 120 нафар) аст. Кас намедонад, ки ба кадоме бовар кунад.

Чунин тафовут дар маълумоту рақамҳои вобаста ба кӯдакистонҳои вилоятҳои Ҷиззах ва Навоӣ низ ба чашм мерасад.

Аз рӯйи маълумоти вазорат дар вилоятҳои Ҷиззах ва Навоӣ мутаносибан 1724 ва 1462 кӯдакистон фаъолият намуда, дар вилояти Ҷиззах 93209 нафар дар гурӯҳҳои ӯзбекӣ, 5765 нафар дар гурӯҳҳои русӣ, 30 нафар дар гурӯҳҳои тоҷикӣ, дар вилояти Навоӣ бошад, 67317 нафар дар гурӯҳҳои ӯзбекӣ, 3379 нафар дар гурӯҳҳои русӣ ва 60 нафар дар гурӯҳҳои қирғизӣ таълиму тарбияи томактабиро мегиранд. Дар ду вилоят 2816 нафар бо дигар забонҳо асрори илму ахлоқ меомӯзанд. 

Акнун рӯ меорем ба маълумотҳое, ки масъулони садоратҳои таълими томактабӣ ва мактабии вилоятҳои Ҷиззах ва Навоӣ тақдим кардаанд.

Бино ба маълумоти ҷонишини сарвари Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилояти Навоӣ Муҳиддин Қушоков дар ин минтақаи мамлакат 1460 ташкилоти таълими томактабӣ амал мекунад. Аз ин миқдор 222-то давлатӣ ва 1238-то ғайридавлатӣ мебошанд. Дар вилоят шумораи бачаҳои 3-6 сола 86924 нафар буда, аз онҳо 75475 нафар, яъне 86,8 дарсад бо таълими томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Раванди таълиму тарбия дар кӯдакистонҳои вилояти Навоӣ бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва қазоқӣ роҳандозӣ шудааст. Дар 2838 гурӯҳ ба 62560 нафар бо забони ӯзбекӣ, дар 388 гурӯҳ ба 8986 нафар бо забони русӣ ва дар 291 гурӯҳ ба 8891 нафар машғулиятҳои таълимиву тарбиявӣ бо забони қазоқӣ амалӣ мегардад.

– Дар вилояти Ҷиззах раванди таълиму тарбия бо ду забон – ӯзбекӣ ва русӣ роҳандозӣ шудааст, – маълумот дод сарвари шуъбаи ҳамоҳангсозии ташкилотҳои таълими томактабии Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят Наргиза Муродова. – Дар вилоят ҷамъ 1711 кӯдакистони давлатӣ ва ғайридавлатӣ амал карда, дар 4424-то гурӯҳи ӯзбекии онҳо 101409 нафар ва дар 165-то гурӯҳҳои русӣ 3926 нафар бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Тавре мебинем, дар маълумотҳои тақдимкардаи масъулони вазорат ва садоратҳои вилоятӣ номувофиқатӣ ва номутаносибӣ ба чашм мерасад. Масалан, масъулони вазорат мегӯянд, ки дар Навоӣ гурӯҳҳои ӯзбекӣ, русӣ ва қирғизӣ ҳастанд, ҷонишини сарвари садорати ин вилоят таъкид мекунад, ки дар гурӯҳҳо раванди таълиму тарбия бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва қазоқӣ сурат мегирад. Дар рақамҳо низ тафовут ҳаст. Худ аз худ саволе ба миён меояд: масъулони вазорат дурӯғ мегӯянд ё садорат?

Бо як сухан, амиқии факту аснод ва маълумотҳо дар ҳама соҳа, аз ҷумла, дар фаъолияти ташкилотҳои таълими томактабӣ, ки пойдевори асосии таълиму тарбия маҳз дар ин зина гузошта мешавад, аҳамияти калон дорад. Илова бар ин, дар самти таълими томактабӣ, забони машғулиятҳои таълимиву тарбиявӣ, таъмини онҳо бо маводи таълимӣ-услубӣ, дидактикӣ ва адабиёти бадеӣ низ муҳим аст, ки дар ин бора дар мақолаи дигар маълумот хоҳем дод.

Бахши мактаб ва маънавияти «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: