ТАЙЁРӢ ДАР АВҶ АСТ

Дар сессияи 42-юми ЮНЕСКО дар Париж қарор шуда буд, ки анҷумани навбатии он соли 2025 дар шаҳри Самарқанд баргузор шавад. Ҳоло дар асоси қарори Президент аз 15 марти соли равон тайёрӣ ба ин анҷумани бошукӯҳи фарҳангӣ дар авҷ аст.

Хосатан таъмиру ободсозии боғҳои Соҳибқирон Амир Темур ва масҷиди Бибихонум муташаккилона идома доранд.

Бино ба маълумоти расмӣ, майдони таърихии марказии Самарқанд, ки ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудааст, як ҳазору 123 гектар буда, минтақаи муҳофизатии он 1369 гектар мебошад. Дар вилоят 1607 иншооти мероси маданӣ мавҷуд, ки аз онҳо 973-тоаш археологӣ, 564 адад ёдгориҳои таърихӣ, 36-то осори санъати тасвирӣ мебошанд.

– Соли оянда гузаронидани сессияи 43-юми генералии ЮНЕСКО дар Самарқанд бесабаб нест, – мегӯяд ҷонишини сардори Садорати мероси фарҳангии вилоят Зиёдулло Насимов. – Иттиҳоди ҷаҳонӣ ба ислоҳоти васеъмиқёси мероси фарҳангии кишвари мо баҳои баланд медиҳад. Бинобар ин, дар тӯли 40 сол бори нахуст дар Самарқанд чунин анҷумани бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки собиқан сессияи ЮНЕСКО танҳо дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж баргузор мешуд.

Бо дарназардошти супориши Сарвари давлат шахсони масъул ва мардуми Самарқанд кӯшиш мекунанд, ки анҷумани бошукӯҳи байналхалқии фарҳангӣ дар сатҳи баланд гузарад.

– Дар «Шаҳри абадӣ» ду меҳмонхонаи панҷситора, ду чорситора ва чаҳор сеситорадор аз нав таъмир шуда, ба қабули иштирокдорони анҷумани байналхалқӣ ва вакилони расонаҳои ахбори оммавӣ омодаанд,– хабар дод мутахассиси калони Садорати сайёҳии Самарқанд Муҳаммад Мардонов. – Меҳмонхонаҳо барои 2 ҳазору 400 нафар пешбинӣ шудаанд. Ғайр аз онҳо берун аз маркази сайёҳӣ боз 25 ҳотели намунавӣ барои  қабули 1700 нафар меҳмонон тайёранд.

Сайру саёҳат ба шаҳрҳои Бухоро, Хива, Шаҳрисабз, Тошканд низ пешбинӣ шудааст.

Бовар дорем, ки ин анҷумани байналхалқӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса мегузарад.

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: