Бо ташаббуси Вазорати саноати кӯҳу кон ва геология дар Маркази матбуоти миллӣ таҳти мавзӯи «Тадқиқи обҳои зеризаминӣ, муҳофизат аз ифлосшавӣ ва оқилона истифода бурдани онҳо» анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
Ҳастии инсон, гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, зиндагии осоиштаву ободӣ ва пурбаракотӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯйи ҷою манзил, тозагии хонадону кӯчаҳо истифода мебарад. Инсоният худро бе об тасаввур карда наметавонад. Об ин неъмати бебаҳои Худованд. Онро покиза нигоҳ доштан вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад.
Назар ба гуфтаи сармутахассиси вазорат Нодирбек Бойбобоев, бо мақсади пешгирии истифодаи бесамар ва бемасъулиятонаи обҳои зеризаминӣ ва пармакунии ғайриқонунии обҳои зеризаминӣ қарори Девони Вазирон «Дар бораи чорабиниҳо оид ба боз ҳам такмил додани танзими корҳои пармакунӣ барои обҳои зеризаминӣ ва истифодаи онҳо» (28 декабри соли 2023) қабул гардид. Дар чаҳорчӯби иҷрои қарор тартиби дар иншоотҳои истифода аз обҳои зеризаминӣ гузоштани ҳисобкунакҳо ҷорӣ карда шуд. Дар соли 2024 ҳангоми санҷиши иншооти обгиранда дар ҷумҳурӣ маълум гардид, ки зиёда аз 80 дарсади иншооти обгирандаи зеризаминӣ бо ҳисобкунакҳо муҷаҳҳаз нестанд. Дар ин бобат бо як қатор идораю корхонаҳо ба ифоқа расидааст, ки корҳои марбут ба соҳа иҷро карда шаванд.
– Барои бо оби табиии тозаи зеризаминии нӯшокӣ таъмин намудани минтақаҳои камоби но-ҳияҳои Иштихони вилояти Самарқанд ва Деҳқонободи вилояти Қашқадарё минтақаҳои перспективии сохтмони иншооти обгирандаи типи галерея аз ҷиҳати илмӣ асоснок карда шуданд, – гуфт директори муассисаи давлатии «Институти Гидроингео» Ғанӣ Бимурзаев. – Алҳол галереяи Оқсу-Оққишлоқ ба кор даромад ва дар натиҷа 30 маҳаллаи аҳолинишини Деҳқонобод бо 11,3 ҳазор метри мукааб оби нӯшокӣ ва тавассути галереяи Дамхоҷаи ноҳияи Иштихон сокинони вилоятҳои Навоӣ ва Бухоро бо 125 ҳазор метри мукааб оби нӯшокии иловагӣ таъмин гардиданд.
Таъкид гардид, ки дар ҷумҳурии мо бо мақсади зиёд кардани имкониятҳои захираҳои гидроминералӣ доир ба диверсификатсияи масканҳои тандурустӣ, ки асосан аз обҳои маъдани зеризаминӣ истифода мебаранд, чашмаҳо омӯхта шуданд. Масалан, макро ва микрокомпонентҳои оби чашмаи Олчабулоқи ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё мавриди омӯзиш қарор гирифт. Дар натиҷа, маълум шуд, ки оби чашмаи Олчабулоқ дорои хусусияти шифобахшӣ буда, ба сифати манбаи таҳлилӣ ба «Омонхона булоғи» пешниҳод карда шуд.
Дар чорабинӣ доири таҷрибаи як қатор мамлакатҳои хориҷӣ, ки ҳар як қатраи обро азиз медоранд, сухан рафт ва таъкид гардид, ки дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳии маданияти беҳуда сарф накардану оқилона истифода бурдан аз обро пурзӯр намудан лозим.
С. Бекназарова,
хабарнигори «Овози тоҷик».