Соли баитмомрасидаи мо, ки «Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат» унвон дошт, бо навигариву навовариҳои худ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ҷойгоҳи алоҳида дорад, инчунин дар давоми сол барои рушди соҳибкориву моликияти хусусӣ ва тавассути он фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ эътибори алоҳида нигаронида шуд.
Албатта, дар давоми як сол ҳаллу фасл гардидани ҳамаи он мушкилоте, ки побанди таъмини шуғли ҷавонон ё бо соҳибкорӣ машғул шудани онҳо мегардад, кори осон нест, аммо касе, ки ғайрату дар дил шуҷоат дорад, бо меҳнати фидокорона ва иродаи мустаҳками худ бечунучаро чунин мушкилотро ҳал карда тавонист.
Таҳлилгарон нишон медиҳанд, ки имрӯз дар миқёси ҷаҳон талаб ба маҳсулоти кишоварзӣ меафзояд. Агар нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2023 дар ҷаҳон 20 дарсад афзоиш ёфта бошад, имрӯзҳо ин нишондод боз ҳам бештар шудааст. Аз ҳамин сабаб сарвари давлатамон мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев бо фармону қарорҳои судманд кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар Ӯзбекистони Нав аз ҳисоби маблағи давлатӣ заминҳои замоне бекорхобида ба киштзор табдил ёбанд, бо истифодаи таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳосилнокӣ афзуда, дастархони мардум бо нозу неъмат пурфайзу пурбаракат шаванд.
Воқеан, шахсони синну солашон ба ҷое расида дар фасли зимистон ба тӯю маъракаҳо рафта, ҳайрон мешаванд, дар рӯи дасторхон себ, нок, ангур, кабудӣ, помидор, бодиринг ва дигар маҳсулоти полизию кишоварзӣ ҳастанд, ки дар гузашта фақат мавизу қандалот буду халос.
Дар суҳбат бо фермери самарқандӣ Абдуғаффор Давронов оиди мушоҳидаҳои ӯ нисбати эътибори давлат ба соҳибкорӣ ва нақши он дар фаъолияти ӯ пурсидам.
– Азбаски соҳибкорӣ манбаи рушди иқтисодиёт, фаровонҳолии ҳаёти иҷтимоии мардум аст, дар мамлакати мо ба он эътибори алоҳида нигаронида шудааст. Имрӯз соҳибкорон дар масъалаи аз бонк гирифтани вом ё ки бо ускунаҳои зарурӣ таъмин гардидан ба мушкилиҳо кам рӯ ба рӯ мешаванд.
Фаровонӣ аз меҳнати фидокорона, пурмашаққат ва ҳалолу арақи ҷабини деҳқон аст, – бо табассуми дилнишину гуворо ба фаҳмондан пардохт мусоҳибам. – Барои эҷодкорон, яъне журналистон, адибон, рассомон вақти истироҳат кай ва дар куҷо аст, намедонам, вале барои деҳқону фермерҳо маконашон, манзили дӯстдоштаашон, бешубҳа, замини кишт, боғ аст. Ман аз овони ҷавонӣ ба замин меҳри хосса доштам ва ҳамин меҳр сабаб шуд, ки дар оянда низ касберо интихоб намоям, ки ба он вобаста бошад.
Агар ҳар рӯз минтақаи худ, яъне, гармхона, молхона, боғ, ғаллазор ва техникаро бо чашми сар набинам, бо ҷамоа суҳбат накунам, гӯё ба шахси чизеро гум карда табдил меёбам. «Тарки одат, амри муҳол» ҳамин будагист-дия.
Сипас мо ҳудуди хоҷагии фермерии «Абдурауфбобо Давронов»-ро давр задем. Гарчанде фасли зимистон ва шамоли нофораму сард ба рӯ мезанад, ба қавле, «симфонияи меҳнат» дар авҷ аст. Бинобар ҳамин ба ғайрату шуҷоати ҷамоати фидоиёни бунёдкор қоил мондем. Зеро яке бо харароба пору мекашонд, дигаре ба чорво озуқа медод, дар гармхона низ деҳқони соҳибтаҷриба бо кишту кор машғул буд.
– Дар тасарруфи мо беш аз 40 гектар майдон, аз он ҷумла 2 гектар гармхона ва комплекси чорвопарварӣ мавҷуд, – иттилоъ дод Абдуғаффор, – барои серҳосил шудани замин поруи сӯхта, яъне биогумус, ниҳоят зарур аст. Соли 1996 аз Тошканд лойхӯраки Калифорния харидем. Он айём мо дар Самарқанд аввалин шуда бо чунин роҳ ба тайёр намудани биогумус пардохтем, ки аксарияти фермерҳо бо ҳайрат сӯямон нигаристанд. Дере нагузашта ҳамкасбону деҳқонон барои таҷрибаомӯзӣ омаданд.
Ҳар сол 80-100 тонна биогумус истеҳсол карда на танҳо худ истифода мекунем, балки ба идораҳои ободонию кабудизоркунӣ, гулпарварон, дӯконҳои савдо бо озуқавории кишоварзӣ ва шахсони тадбиркор мефурӯшем.
– Оё мардум дар ҳавлӣ ё минтақаи алоҳида лойхӯраки Калифорния, поруи сӯхта тайёр карда метавонанд?
– Албатта! Аллакай дар бисёр вилоятҳо, яъне Фарғона, Намангон, Хоразм, Сурхондарё дар ин кори неку хайр пешравӣ ҳаст. Агар мо бо тайёр намудани биогумус машғул шавем, бешубҳа ҳосилнокӣ афзуда, ҳолати замин беҳтару хубтар гашта, аз эрозия, пахши намак, яъне шӯршавӣ, вайрон шудан нигоҳ медорем.
Боз як гап, ҳосили боғ ва заминро то баҳори соли оянда нигоҳ доштан мумкин мешавад.
Боз мехоҳам бо ҳисси шодмонӣ таъкид намоям, ки қарори сарвари давлатамон доир ба хоҷагии деҳқонӣ ва чанде пеш қабул гардидани қарор «Дар бораи чораҳои боз ҳам такмил додани муҳити сармоягузорӣ, соҳибкорӣ ва хуб намудани дараҷаи зиндагии аҳолӣ дар вилояти Самарқанд» (29-уми ноябри соли равон) бешубҳа дар соҳаи соҳибкорӣ имкониятҳои зиёдеро фароҳам хоҳад овард.
Мо имрӯзҳо аз табрикоти самимонаи сарвари давлатамон ба ходимони хоҷагии қишлоқ рӯҳбаланд гардида, дар соли оянда низ бештар маводи озуқаворӣ истеҳсол карда, дар ноҳияи Самарқанд пешқадамиро аз даст намедиҳем.
Таҷрибаомӯзӣ дар Нидерландия, Туркия, Русия ва Исроил барои ба муроди дил расидан фоидабахш хоҳад шуд .
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.