Дар вилоят 788 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуд ва он нисбат ба ҳамин давраи як соли пеш 3,3% кам мебошад. Дар соли 2024 шумораи қурбониёни сӯхтор 2 нафарро ташкил дод ва ин нишондиҳанда низ нисбат ба соли гузашта теъдоди камро ташкил медиҳад.
– Аксари сӯхторҳо бар асари беэҳтиётӣ сар мезананд. Шукр, ки ба туфайли сайъ ва талоши кормандони мо ҷони қисмати аъзами сокинони хонаву ҳавлиҳои ба коми оташ фурӯрафта амон мемонад, аммо молу мавод якҷо бо чӯбу тахтаҳои сақфу фарши хонаҳои зиёд ба хокистар мубаддал мегардад, – мегӯяд зимни суҳбат сухангӯи раёсати вазъиятҳои фавқулодаи вилояти Фарғона, капитан Аҳлиддин Алиҷонов.
Ба таъкиди ӯ бархе аз сӯхторҳо дар натиҷаи бе назорат гузоштани кӯдакону наврасон сар задаву оқибатҳои ногувореро низ ба бор меорад. А.Алиҷонов мегӯяд, иддае аз падару модарон дар ин маврид масъулияти дуруст ҳис намекунанд ва ҷони фарзандони худро дар хатар мегузоранд.
Ҳамсуҳбати мо изҳор намуд, ки дар давоми 11 моҳи соли 2024 дар самти таъмини иҷрои фармону супоришҳои вазири ҳолатҳои фавқулода ва зерсистемаҳои функсионалӣ ва минтақавии он кормандони идораи сӯхторхомӯшкунӣ корҳои фаровонеро ба амал баровардаанд.
Тибқи фармони вазири ҳолатҳои фавқулода аз 7 сентябри соли 2019 ва нақшаи солонаи тасдиқнамудаи сардори раёсат барои соли 2024 дар давоми 11 моҳи гузашта бо ҷалб намудани звеноҳои наҷотбахш оид ба хомӯш кардани сӯхтор дар корхонаю ташкилотҳои калони истеҳсолӣ, инчунин объектҳои ниҳоят муҳим ва махфии дорои аҳамияти давлатӣ 188 тамрин, 964 машғулияти шабонаю рӯзона гузаронда шуд.
Гуфта шуд, ки дар ин муддат дар вилоят 788 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуд ва он нисбат ба ҳамин давраи як соли пеш 3,3% кам мебошад. Дар соли 2024 шумораи қурбониёни сӯхтор 2 нафарро ташкил дод ва ин нишондиҳанда низ нисбат ба соли гузашта теъдоди камро ташкил медиҳад.
Шумораи санҷишҳои иловагии зидди сӯхтор дар объектҳои ба субъектҳои хоҷагидорӣ 1 ҳазору 83 ададро ташкил намуд ва ба роҳбарони он тавсияҳои зарурӣ дода шуд. Дар рафти чорабиниҳои назоратӣ дар ин давра 8 ҳазору 337 нафар, аз ҷумла 3 ҳазору 659 нафар шахсони мансабдор ва 4 ҳазору 678 нафар шаҳрвандон барои риоя накардан ба қоидаҳои бехатарии сӯхтор 177 миллион сӯм ҷарима супурдаанд. Инчунин 2 ҳазору 864 ҳуҷҷати марбут ба қонуншиканиҳо дар соҳаи бехатарии сӯхтор барои баррасӣ ба судҳои маҳаллӣ фиристода шудааст.
– Мо бо ин корҳо иктифо нанамудем. Тибқи нақшаи Вазорати ҳолатҳои фавқулода дар давоми 11 моҳ дар ҳудуди вилоят 10 тамрини махсуси тактикӣ гузаронидем. Дар машқҳои таълимӣ беш аз 2 ҳазор ҳайати шахсии сохторҳои ВВИ ва 142 техникаи тахассусӣ ва муҳандисӣ ҷалб карда шуданд. Дар сомонаҳои вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар бозорҳо, ярмаркаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишин 15 ҳазору 783 маротиба доир ба пешгирӣ аз сӯхтор чорабиниҳо, эълонҳо ва даъватҳо ба вуқӯъ пайвастанд, – изҳор намуд Аҳлиддин Алиҷонов.
Ногуфта намонад, ки 205 ҳодисаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми истифодаи асбобу таҷҳизоти барқӣ, даҳҳо ҳолати нодуруст истифода бурдани печҳои гармидиҳӣ, 181 ҳодисаи бидуни эҳтиёт истифода бурдани оташи кушод, 17 ҳодисаи риоя накардани қоидаҳои бехатарии сӯхтор ҳангоми истифодабарии нақлиёт, 20 ҳодисаи бо оташ бозӣ кардани кӯдакони хурдсол ва 205 ҳодисаи рух додани сӯхтор бо сабаби ҳодисаҳои гуногун арзёбӣ гардиданд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.