Деҳаи Сина дар доманакӯҳи Хоҷабаркӯҳи босалобат, ки қуллаи он аз сатҳи баҳр зиёда аз 4000 метр аст, ҷойгир буда, аз ғарб Хоҷабаркӯҳ, аз шарқ Даҳана, аз шимол деҳаи Ӯшор ва аз ҷануб деҳаи Вахшивор (Ваҳшимор) иҳота кардааст.
Деҳнав дар вилояти Сурхондарё аз ҷиҳати аҳолӣ ва масоҳат яке аз ноҳияҳои калонтарин маҳсуб меёбад. Имрӯзҳо соҳаҳои кашоварзӣ, саноат, хидматрасонӣ нисбат аз дигар ноҳияҳо дар ин ҷо хеле пеш рафтааст. Дар гузашта низ ин минтақа ҳамчун маркази Чағониён ё худ Чағонруд дорои таърихи куҳан ва маданияти ғанӣ буд.
Корҳои бостоншиносие, ки дар даврони мустақилӣ ва пеш аз он дар ин ҷо бурда шудаасту боиси кашфи бозёфтҳои нодир гардидааст, далели гуфтаҳои болост.
Корҳои ҳафриётии анҷомдодаи бостоншиносони ватаниву хориҷӣ дар Далварзинтепа гувоҳи он аст, ки таъриху маданияти ин сарзамин то асрҳои пеш аз милод рафта мерасад.
Вақте ки аз маркази шаҳри Деҳнав, аз назди мадрасаи Саид оталиқ ва Қӯрғони Деҳнав гузашта, сӯйи ғарб рӯ ба фароз ҳаракат мекунед, миёни боғҳои серҳосилу ғарқи меваҳои шаккаринро убур намуда ба Даҳана мерасед. Ба он хотир Даҳана гуфтаанд, ки ду пуштакӯҳи начандон баланде, ки миёнаш сойи васеъ ва роҳи мошингард мегузарад, саҳрову кӯҳистонро аз ҳам ҷудо месозад, яъне кӯҳистон аз ҳамин ҷо оғоз меёбад. Мардуми таҳҷойии Даҳана, ки тоҷиконанд, низ замоне аз кӯҳистон фаромада, ба ин ҷо сукунат карда, ин мавзеъро обод кардаанд.
Чун аз Даҳана мегузареду боз рӯ ба фароз ҳаракат мекунед, ба деҳаи зебоманзару ҷаннатосои Сина мерасед. Деҳа дар доманакӯҳи Хоҷабаркӯҳи босалобат, ки қуллаи он аз сатҳи баҳр зиёда аз 4000 метр аст, ҷойгир буда, аз ғарб Хоҷабаркӯҳ, аз шарқ Даҳана, аз шимол деҳаи Ӯшор ва аз ҷануб деҳаи Вахшивор (Ваҳшимор) иҳота кардааст.
Зиёратгоҳҳову обидаҳои таърихӣ аз қабили Хоҷабаркӯҳ, Хоҷаи Ҳисор, Сумбуламазор (Сунбулазор), Мазори арбоб, Тутмазор, Хоҷаи Ғор, Мазори шоҳ, Қиз қӯрғон, Чашмаи комил, Чашмаи кабуд, Кӯли сирноки моҳӣ ва дигар масканҳои сайёҳӣ аз қадимӣ будани ин диёр дарак медиҳанд.
Сина шояд дар миқёси ҷумҳурӣ яке аз калонтарин деҳаҳои тоҷикнишин бошад, ки дар чор маҳаллаи он қариб 20 ҳазор аҳолӣ умр ба сар мебарад. Мардуми меҳнатии ин ҷо асосан бо боғдорӣ, чорводорӣ, кишоварзӣ ва ҳунармандӣ шуғл меварзанд. Ба ҳар ҷонибе, ки назар меафканед, боғу роғҳои серҳосил ба чашм медурахшанд. Обу ҳаво ва иқлими ин ҷо он қадар мусоид аст, ки ҳама намудҳои мева, зироатро парвариш кардан мумкин. Алалхусус, парвариши намудҳои гуногуни ангур, ки экспорт карда мешавад, самари хуб медиҳад. Мардум дар мавиззанӣ ҳам ҳамто надоранд. Азбаски гулу гиёҳҳои шифобахш бисёр аст, дар деҳа асалпарварӣ ҳам басо ривоҷ ёфтааст ва асалҳои аслии ин ҷо хеле харидор пайдо кардаанд. Дар зироат рустании зағир хуб ҳосил медиҳад ва таомҳои мардум бидуни равғани зағир қариб, ки пухта намешавад.
Сина деҳаи шоирхез аст. Исматуллоҳи Ҳалим ва хоҳараш Чиннигул Ҳалимова, Гулбаҳор Каримова (рӯҳаш шод бод), Саидаи Синавӣ, Ҳанифа Каримова тараннумгари ватану диёри зебоманзаранд.
Санъаткорон Зиёбек Убайдуллоев, Амирқул Кароматов, Бозор Тилавов, Абдураҳмон Хоҷаев, Ҷамолиддин Умаров, Гулмоҳ Мелибоева бо аҳли оилааш Нормурод Норқобилов ва духтаронаш Индира ва Сумбула, Маҳмашариф Алиев, Манзура Қодирқулова, Одил Эшқобилов бо завҷааш Завқинисо Эшқобилова, Мирҷалол Ҳасанов ҷашнҳои Наврӯзу Истиқлол ва тӯйу сури мардумро бо таронаҳои дилнишини худ обод месозанд.
Кадбонуҳои чевару гулдасти Сина бо дӯхтани либосҳои миллӣ, сӯзанӣ, ҷомаву тоқӣ ном баровардаанд. Онҳо аз хурдӣ ба духтарони худ сирру асрори дӯзандагӣ, пазандагиро меомӯзанд.
Алалхусус, дар боби пухтупаз мардуми ин диёр дасти тамом доранд. Оши палав бо равғани зағир, танӯркабоби гӯшти барра ва дигар таомҳои миллие, ки соҳибҳунарони ин ҷо омода месозанд, иштиҳои касро боғ-боғ мекушояд ва лаззати он аз даҳони хӯранда ҳаргиз намеравад. Қариб дар ҳар хонадон лоақал нафаре бо пухтупази самбӯса ва нон машғуланд. Ин ҳунарҳоро саросар мардум касб кардаанд, ба қавли худи бошандагонаш гӯё ки «дами пир» рафтааст. Дар кадом гӯшаву канори вилоят ва ё берун аз он, ҳатто дар хориҷи кишвар ҳам равед, нонпазу самбӯсапазҳои синагиро дучор мешавед.
Ҳамин тавр маҳсули дастони ҳунармандон дар ҷашну маросимҳо, чорабиниҳои миллӣ-маданӣ ҳамеша ба маърази тамошо гузошта мешавад ва диққати сайёҳони ватаниву хориҷиро ҷалб месозад. Соли гузашта дар деҳа сайри таомҳои миллӣ баргузор шуда буд ва аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҳунармандони касбӣ ширкат варзида, маҳсули дастони худро ба намоиш гузошта буданд ва ин таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб карда буд.
Маҳз ба ҳамин хотир бо ҳамкории Кумитаи сайёҳии ҷумҳурӣ ва ҳокимияти вилояти Сурхондарё ба қарибӣ боз сайри таомҳои миллиро ташкил гардид. Он рӯзи тирамоҳи зарнисор деҳаи хушманзара намуди идона гирифта боз ҳам зеботар, боз ҳам дилработар гардид. Аз як сӯй садои суруду мусиқӣ, аз дигар сӯй карнаю сурнай танинандоз буд.
Ташаббускорон барои журналистону блогерҳо, сайёҳон пресс-тур ташкил намуданд. Тамошо ва сайру гашт дар зиёратгоҳҳои Хоҷаи Ҳисор, Сумбуламазор (Сунбулазор), Мазори арбоб, Тутмазор, Хоҷаи Ғор, Мазори шоҳ, Қиз қӯрғон, Чашмаи комил, Чашмаи кабуд, Кӯли сирноки моҳӣ ба тамошобинон таассуроти нек боқӣ гузошт. Онҳо ба маҳаллаҳои деҳаи Сина ва гирду атрофи он – Ӯшор, Куёвсу рафта бо мардуми меҳнаткашу ҳунарманд суҳбатҳо оростанд бо маданият, анъана ва урфу одатҳои халқ, фаъолияти меҳмонхонаҳои сайёҳӣ аз наздик шинос шуданд.
Баъди тамошои ҷойҳои таърихиву гӯшаҳои ободи деҳа дар сайри таомҳои миллӣ ширкат варзидем. Сайёҳон бо ҳунармандон суҳбат ороста, ҷараёни пухтупази таомҳои миллӣ: оши палав, оши ҷӯҷалӣ, танӯркабоб, сихкабоб, зиёда аз 20 намуди самбӯсаву нону фатир ва кулчаҳои гуногунро аз наздик диданд, чашида ба таъму лаззати таомҳо баҳои муносиб доданд. Инчунин, бозиҳои миллӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ташкил гардид, ба ғолибон диплом, сертификат ва туҳфаҳои арзанда супорида шуд.
Дар сайри таомҳои миллӣ аз рӯи номинаҳои «Беҳтарин таоми миллӣ», «Беҳтарин ошпаз» мусобиқа ташкил шуд ва ғолибон аниқ гардида, диплом, сертификат ва туҳфаҳои арзанда армуғон гардид.
Сайри таомҳои миллие, ки ду сол боз ташкил мегардад ва ватани ҳунармандон будани деҳаи Сина, инчунин мавҷудияти зиёратгоҳу ҷойҳои таърихӣ ва манзараҳои дилфиреби он боис шуд, ки бо қарори Кумитаи сайёҳии ҷумҳурӣ ба Сина мақоми «Деҳаи сайёҳӣ» дода, диплом тантанавор супорида шуд.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.