Коркунони соҳаи барқи Самарқанд дар арафаи иди касбии хеш, ки 22 декабр таҷлил мешавад, ба кори хайру нек даст заданд.
Онҳо дар қитъаҳои Сазағон ва Олғаи ноҳияи Нуробод дар асоси сармоягузории ширкати «ACWA Power»-и Арабистони Саудӣ ба сохтмони ду истгоҳи фотоэлектрии офтобӣ, ки тавоноияш 1000 мегаватт мебошад, оғоз намуданд.
Арзиши лоиҳаи мазкур 1 млрд. 807 миллион доллар буда, тахминан 600-700 нафар бо корҳои фоидабахши бунёдкорӣ машғул мешаванд.
Иқтидори аввалини лоиҳа соли 2026, пурраи он баъди як сол ба истифода супурда хоҳад шуд. Дар натиҷа 2340 миллион кВт соат энергияи «сабз», ки ба таъминоти яксолаи беш аз 950 ҳазор хонавода баробар аст, истеҳсол мешавад. Аз ҳама муҳимаш, бо ин роҳ беш аз 700 миллион мукааб метр гази табиӣ сарфа мегардад.
Дар чорабинии оғози сохтмони маҷмӯаи нав иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев ширкат ва ба фаъолияти минбаъдаи коргарон комёбиҳо таманно намуд.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.