Дар мактаби рақами 1-уми шаҳри Намангон озмуни вилоятии олимпиадаи асосӣ аз 15 фан баргузор гардид.
Дар зинаи вилоятӣ, ки байни донишомӯзони синфҳои 9, 10, 11-ум шуда гузашт, ғолибони зинаи ноҳиявӣ иштирок карданд.
Аз фанни забон ва адабиёти тоҷик хонандагон аз мактабҳои ноҳияҳои Чуст, Поп ва Косонсой низ фаъол иштирок намуданд.
Байни хонандагони синфи 11 иштирокчии мактаби рақами 1-уми ноҳияи Косонсой Мубина Акбарова ғолибиро ба даст дароварда, ба олимпиадаи ҷумҳурӣ роҳхат гирифт. Толибагони мактаби 13-уми ноҳияи Чуст Дилнавоз Мӯъминова ва Ситора Абдуназароваҳо ҷойҳои 2 ва 3-юмро соҳиб шуданд.
Иштирокчиёни синфи 10-ум Нозанин Обидова (мактаби 13-ум) ҷойи 1-ум, иштирокчии мактаби рақами 50-ум Маҳфуза Эркинова ҷойи 2-юм ва хонандаи мактаби рақами 58-уми ноҳияи Чуст Азиза Деҳқонова ба ҷойи 3-юм ноил гаштанд.
Байни синфҳои 9-ум Зиёда Ҳакимова ба ҷойи 1-ум (мактаби рақами 60), Зебо Аҳмедова ба ҷойи 2-юм (мактаби рақами 58-ум, ҳарду аз ноҳияи Чуст) ва ба ҷойи 3-юм хонандаи мактаби рақами 63-юми ноҳияи Поп Эъзоза Лочинова муяссар гардиданд.
Зӯҳро Муъминова,
муаллимаи мактаби рақами 13-уми ноҳияи Чусти вилояти Намангон.