ТОҶИК МАРД БУД... ҲОЛО-ЧӢ?

Бо анҷоми моҳи декабр чун ҳарсола обунаи солона ба рӯзномаҳо низ анҷом мепазирад. Алҳол масъалаи обуна басо сангину заҳматталаб аст. Дар ин боб ҳар кас фикру хаёли худро дорад.

Аммо муаллимон-чӣ? Ҳар як омӯзгор бояд ба забони адабӣ ҳарф зада тавонад. Новобаста аз он ки ихтисосаш чист. Вай бояд дорои симои маънавӣ бошад. Имрӯз тақозои замон аст, ки дорои маънавияти зарурӣ бошем. Дар кӯчаву маъракаҳо баъзан дучори шахсоне мегардем, ки бо даҳони пур аз «тоҷик» будани худ лоф мезананд. Чун аз хусуси обуна гап занед, ҳазору як баҳонаашон тайёр аст. Ана, маънавият....

Боре дар сомона дучори ин гуфтаҳо гардидам: «Тоҷик мард буд, мард ҳаст ва мард мемонад». Ҳоло-чӣ? Оё ин гуфтаҳо исботи худро доранд? Фикр мекунам, худшиносиву миллатдӯстӣ, ору номус ва ғайра фақат дар забон мондааст. Лофҳои бардурӯғ...

Хушбахтона, омӯзгороне ҳастанд, ки пайваста фикри фарҳангу миллати худро доранд. Инҳо шахсонеанд, ки дар ҳар гуна ҳолат метавонӣ ба эшон бовар кунӣ ва такя намоӣ. Шукри онҳо. Тӯли ду ҳафтаи аввали моҳи декабр 20 нафар омӯзгорони деҳаи Навободи мо ба рӯзномаи дӯстдоштаи худ «Овози тоҷик» обуна шуданд. Онҳо бори дигар собит намуданд, ки рӯзнома ҳастии миллат аст. Омӯзгорони дигар низ аз пайи обунашавӣ ҳастанд.

Агар хоҳем, ки сазовори забону фарҳанги хеш, дорои рӯзномаи худ бошем, агар хоҳем, ки бо забони адабӣ ҳарф занем, агар хоҳем, ки дар рушди маънавияти миллати худ саҳмгузор бошем, пас бояд ба рӯзномаи худ – «Овози тоҷик» обуна шавем. Бовар дорам, ки ҳар як тоҷик дар ин маърака ҳиссагузор мешавад.

Сулаймон Содиқ,

омӯзгори мактаби рақами 9-уми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: