«БО БАДОН МАНИШИН, КИ СУҲБАТИ БАД...»

Писари Луқмони Ҳаким бо дӯстони бадахлоқ ошно шуд. Луқмони Ҳаким монанди ҳар як падар аз ҳузури зуд-зуди онҳо нороҳат мешуд.

Рӯзе писарашро гуфт:

– Писарам, дӯст доштан хуб аст, аммо хато накунам, дӯстони ҳозираи шумо хуб нестанд. Онҳо метавонанд ба шумо таъсири бад расонанд.

Аммо писар гуфт:

– Падар, шумо ба ман тарбияи қавӣ додаед, маслиҳати шумо ҳамеша дар гӯшам. Рафтори бади дӯстонам ба ман таъсир намекунад, хавотир нашавед.

Луқмони Ҳаким рӯзе писарашро барои кумак ба кори боғаш даъват кард. Дид, ки писараш ҳамаи себҳоро ба сабади алоҳида, себҳои кирмхӯрдаро ба сабади дигар меандозад. Назораташро идома дода, ба писараш амр кард, ки ҳамаи себҳоро дар як сабад ҷой диҳад.

Бо гузашти айём, дар ҳолати зарурӣ онҳо сабадҳои себро хабар гирифтан рафтанд ва диданд, ки ҳамаи себҳоро кирм фаро гирифтааст.

Писари Луқмони Ҳаким ба ӯ эътироз карда гуфт:

– Падарҷон, шумо ба ман амр додед, ки себҳоро якҷоя чинам. Ба туфайли як ё ду дона себи кирмхӯрда ҳамаи себҳоро кирм хӯрдааст.

 Падар табассумкунон гуфт:

– Бубинед, писарам, гарчанде себҳои солим аз себҳои кирмхӯрда зиёдтар буданд, боқимондаро хароб карданд. Чӣ гуна шумо метавонед бо дӯстони бадахлоқи худ дар муддати дароз дар як ҷо бимонед ва бо дили солим бо онҳо ҳамроҳ бошед.  Онҳо ҳатман чун себҳои кирмхӯрда таъсири бади худро ба шумо мерасонанд.

Дар ин масъала, аллома Абдулхолиқи Ғиждувонӣ дар рисолаи худ «Одоби тариқат» чунин гуфта буд:

Бо бадон манишин, ки суҳбати бад,

Гарчи покӣ, туро палид кунад.

Офтобро бад-ин бузургияш,

Зарраи абр нопадид кунад.

Таҳияи Абдулвоҳид НУРИДДИНОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: