Дар вилояти Самарқанд зиёратгоҳи машҳуре бо номи Ҳазрати Довуд ҳаст, ки бо сарчашмаҳои таърихӣ ва ривоятҳои халқӣ алоқаманд аст ва ҳамеша таваҷҷуҳи мардумро ҷалб мекунад.
«Мувофиқи ривоятҳо Ҳазрати Довуд (а.с), ки пайғамбар ва шоҳи бузурги қавми яҳуд буд, ҳангоми гурехтан аз душманон гӯё ба ин мавзеъ паноҳ бурдааст. Мегӯянд, ки бо дуои ӯ кӯҳ шикоф ва барои руст шудани ӯ роҳ кушода мешавад. Ин аломат то ҳол дар сангҳои кӯҳи зиёратгоҳ ба чашм мерасанд.
Яъне дар ин ҷо изи даст (каф) ва асои ӯ мавҷуд аст, ки зиёраткунандагон онро муъҷиза мешуморанд.
Далелҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки Ҳазрати Довуд шахсияти воқеӣ буда, китобҳои муқаддас, аз ҷумла Таврот, Забур ва Қуръон аз ӯ ёдовар шудаанд.
Вале мавҷудияти зиёратгоҳ дар Самарқанд бештар ба фарҳанги маҳаллӣ ва эҳтимолан аз муъҷизаҳои таърихист.
Мувофиқи маълумоти оморӣ ҳар сол беш аз сад ҳазор зоирон аз тамоми ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ инҷо барои зиёрат меоянд.
Ҳазрати Довуд (дар Инҷил Давид) дар ҳар ду дин – ислом ва яҳудият як паёмбари муҳим аст, вале мақом ва нақши ӯ дар онҳо тафриқа дорад.
Ҳазрати Довуд (а.с.) дар ислом ҳамчун паёмбар ва ҳоким зикр мешавад. Вай як паёмбари азизи Аллоҳ аст, ки ба мардум ҳикмату дуо мегуфт ва инчунин китобе ба номи Забур ба ӯ нозил шуда буд. Довуд ҳамчун пуштбони адолат ва шодиву хушӣ дар байни мардуми худ маъруф аст.
Дар ислом Ҳазрати Довуд ба унвони шахсияти наздик ба Аллоҳ ва паёмбар бо хислатҳои олӣ эҳтиром мешавад.
Ҳазрати Довуд дар Танах (китоби муқаддаси яҳудиён) ва Таврот ҳамчун падари Шоҳ Султон Довуд ва ё Шоҳи Исроил муаррифӣ мешавад. Вай як шоҳи бузург ва паёмбаре ба ҳисоб меравад, ки дини яҳудиро бо қудрат ва адолат мустаҳкам кард. Ӯ нафақат як паёмбар, балки шахсияти муҳим дар таърих ва сиёсати яҳудиён буда, ҳамчун падари шоҳон ва рамзи ваҳдати Исроил маъруф аст.
Зиёратгоҳи Ҳазрати Довуд макони муқаддас ва барои бисёриҳо мавзеи рӯҳбаландист. Вай дар кӯтали баланд ҷойгир буда, барои зиёраткунандагон на фақат макони ибодат, балки мавзеи сайёҳати табиат низ мебошад. Одамон бо умеди шифо ва иҷобати дуо низ ба ин ҷо меоянд.
Ҳақиқат ин аст, ки Ҳазрати Довуд паёмбарест. Ӯ дар китоби муқаддаси Қуръон ва таърихи ислом ҳамчун як шахсияти воқеӣ сабт шудааст. Вале на дар Самарақанди бостонӣ ва на дар дигар манотиқ далелҳои расмии таърихӣ, ки ҳузури ӯро дар ин мавозеъ тасдиқ кунанд, вуҷуд дорад.
Хулоса, Ҳазрати Довуд зиёратгоҳест, ки ҳам бо афсона ва ҳам бо дин алоқаманд аст. Ҳарчанд таърихӣ будани ин мавзеъ бо далелҳои қавии илмӣ исбот нашудааст, барои мардум арзиши рӯҳонӣ ва маънавӣ дорад.
Салоҳиддин ҶАҲОНГИРЗОДА,
донишҷӯйи Донишкадаи омӯзгории Ӯзбекистон – Финландия.