Дар асоси тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ сохтори ҳифзи тандурустии мамлакатамон такмил ёфта, механизмҳои суғуртаи давлатии тиббӣ ҷорӣ карда мешаванд.
Вазорати тандурустии мамлакат ҷиҳати омодагӣ барои ҷорӣ намудани системаи нав ва омӯзиши фаъолияти муассисаҳои тиббӣ, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони созмони «Sağlik Group»-и Туркия кор мебарад.
Гурӯҳи махсуси корӣ иборат аз коршиносони маҳаллӣ ва хориҷӣ ба муассисаҳои тиббии вилояти Самарқанд ташриф фармуда, бо корҳое, ки дар ин самт амалӣ мегарданд, шинос мешаванд.
Аз ҷумла, гурӯҳи корӣ бо корҳое, ки дар филиали Маркази тиббии илмиву амалии ихтисосонидашудаи онкология ва радиологияи ҷумҳурӣ, филиали Маркази тиббии илмиву амалии ихтисосонидашудаи кардиологияи ҷумҳурӣ ва филиали Шифохонаи бемориҳои чашми ҷумҳурӣ дар Самарқанд, инчунин, марказҳои тиббии вилоят ва поликлиникаҳои оилавии шаҳри Самарқанд бобати ҷорӣ кардани системаи нав татбиқ мешаванд, ошно гардиданд.
– То имрӯз мо дар панҷ минтақа корҳоеро, ки бо мақсади татбиқи системаи нав амалӣ мегарданд, омӯхтем ва бо мутахассисони маҳаллӣ таҷриба иваз кардем, – гуфт коршиноси туркиягӣ оид ба баланд бардоштани самаранокии хизматрасонии тиббӣ дар беморхонаҳо Муҳаммет Ӯрнек. – Самарқанд минтақаи шашумест, ки мо меомӯзем. Дар ин ҷо сифату самарадории хизматрасонии тиббӣ нисбат ба дигар минтақаҳо хеле беҳтар аст. Шумораи ҷойҳо дар муассисаҳои тиббӣ ва теъдоди муроҷиаткунандагон низ зиёд будааст. Табиист, ки ин зарурати хизматрасонии босифату замонавиро ба беморон ба миён меорад. Вақте фаъолияти муассисаҳоро омӯхтем, аён гардид, ки онҳо дар ин бобат таҷрибаи зиёд ҷамъ кардаанд. Корҳое, ки танҳо дар чор-панҷ соли охир дар беморхонаи кардиологӣ амалӣ гардидаанд ва гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳӣ бо усулҳои замонавӣ шоёни таҳсин аст.
Дар рафти омӯзиш коршиносон ба роҳбарону мутахассисони муассисаҳо маслиҳату тавсияҳои зарурӣ доданд. Аз рӯйи бартараф намудани камбудию мушкилиҳои мавҷуда вазифаҳо муайян карда шуд.
Натиҷаи корҳои омӯзишии гурӯҳи корӣ бо иштироки роҳбарони Садорати тандурустии вилоят, иттиҳодияҳои тиббии минтақавӣ ва муассисаҳои тиббӣ муҳокима гардиданд.
Ғ.ҲАСАНОВ.