РОҲБАРОНИ СЕ ВИЛОЯТИ ҲАММАРЗ МУЛОҚОТ КАРДАНД

Дар шаҳри Гулистони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии минтақавии раҳбарони вилоятҳои наздимарзии се кишвар-Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон доир гардид.

Дар он роҳбарони вилоятҳои Фарғона, Суғд ва Боткент Хайрулло Бозоров, Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдикарим Алимбоев ширкат намуданд. Дар ин бора котиби матбуоти ҳокимияти вилоят Маъсудҷон Сулаймонов ба “Овози тоҷик” хабар дод.

 Гуфта мешавад, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, баргузории чунин мулоқотҳоро барои таҳкими муносибатҳои дӯстона хеле муҳим ва манфиатбахш арзёбӣ намуд. Зикр гардидааст, ки баргузории чунин вохӯриҳои сеҷониба аллакай ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола ташкилу баргузор шудани он ба рушди муносибатҳои се вилояти ҳамҷавор такони ҷиддӣ мебахшад.

 Дар мулоқоти васеъи сеҷониба тасмим гирифта шудааст, ки доираи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии байни минтақаҳоро густариш бахшанд, муносибатҳои мутақобиларо дар соҳаҳои нақлиёт-логистика, фарҳангӣ-гуманитарӣ, рушди сайёҳии зиёратӣ, ташаккули хатсайрҳои сайёҳӣ ба сатҳи нав бардоранд. Дар ин мулоқот  боз як қатор масъалаҳои муҳими дигар низ баррасӣ гардидаанд.

Ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров дар аснои суханронӣ изҳор доштааст, ки дар натиҷаи таваҷҷуҳи хоссаи сарони давлатҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дӯстиву рафоқати байни се вилоят, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ беш аз пеш рушд менамояд.

 -Бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобила ва ҳамаҷонибаи пайваста баргузории ярмаркаҳои савдою саноатӣ, ҳамоишҳои соҳибкорон, чорабиниҳои фарҳангию варзиширо дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҳаммарзи се вилоят ба мақсад мувофиқанд. Инчунин барои боз ҳам тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои ҳамаҷониба  дар заминаи Палатаҳои савдову саноати се ҷониб таъсиси “Шурои соҳибкорон” айни муддаост,- изҳор намудааст Хайрулло Бозоров.

Дар ҷараёни мулоқот перомуни баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар қаламрави се вилоят низ ибрози андеша сурат гирифтааст. Дар фарҷоми мулоқот оид ба тавсеа ва амиқсозии ҳамкориҳои сеҷониба «харитаи роҳ» ба имзо расидааст. Ин ҳуҷҷати муҳим имкон хоҳад дод, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамфикрии тарафҳо боз ҳам мустаҳкам гардида, муносибатҳои минбаъда ба манфиатҳои се ҷониб хидмат мекунанд.

Мирасрор АҲРОРОВ, мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: