Таҳти ташаббуси Садорати осоиштагии санитарӣ-эпидемиологӣ ва саломатии ҷамоатӣ пресс-тур ташкил гардид. Дар он роҷеъ ба корҳое, ки дар соли 2024 амалӣ гардиданд ва вазифаҳои усувори соли оянда маълумот дода шуд.
Соли ҷорӣ дар вилоят аз 39 намуди бемориҳои сироятӣ 15 хелаш ба рӯйхат гирифта нашудаанд. 16 намуди бемориҳои сироятӣ, аз қабилӣ салмонеллёз, бемориҳои шадиди сироятии рӯдаҳо, брутселлёз, ВНМО, табларзаи скарлатина, гепатитҳои вирусӣ, интиқолдиҳандагони вируси гепатит, гепатити музмин, сироятҳои шадиди вирусии роҳи нафас, сил, трихофитоз, педикулёз, энтеробиоз, коронавирус 41 дарсад кам шудааст. Сад афсӯс, ки бемориҳои сурхча, захмҳо, паротит, қӯтур, тениаринхоз, лейшманиоз, геминолепидоз зиёд шудааст.
– Дар асоси нақшаи миллии тақвимӣ 97 фоиз аҳолӣ бар зидди 13 намуди бемориҳои сироятӣ эм карда шуданд, – гуфт сарвари садорат Латиф Рустамов. – Аз ҷумла, бемориҳои паразитӣ дар муддати сипаришудаи соли ҷорӣ 10 963 нафарро ташкил кард, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 2114 нафар кам аст. Инчунин, 9854 ҳолати гирифторӣ ба гепатити вирусӣ сабт шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 23 дарсад камтар мебошад. Аммо эмкунӣ бар зидди гепатити вирусӣ ба барномаи миллии эмкунӣ дохил карда нашудааст. Ҳоҷатхона ва таҷҳизоти дастшӯяки мактабу боғчаҳо ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ нестанд. Аз ин рӯ, дар кӯдакони ин синну сол навъи гепатити вирусии «А» бештар мушоҳида мешавад.
Соли ҷорӣ дар 759 ташкилоти таълими томактабӣ ва 1060 мактаби таълими умумӣ оид ба гигиенаи кӯдакону наврасон корҳои санҷишӣ гузарондем. Дар натиҷа дар 528 кӯдакистон ва 520 мактаби ҳамагонӣ вайроншавии талаботи санитарию гигиенӣ ошкор шуд ва роҳбарони онҳо ҷарима шуданд.
Дар доираи пресс-тур иштирокдорон бо фаъолияти шуъбаҳои радиология, иммунопрофилактика, лабораторияҳои вирусологӣ, бактериологӣ, санитарию гигиенӣ ва маркази медиавии назди садорат шинос шуданд.
А.ЙӮЛДОШЕВ