Тартиби ҳаракати поездҳои метро ва вақти кори метро дар Тошканд ба муносибати байрам эълон карда шуд.
Ҳамин тариқ, тамоми истгоҳҳои метро бори аввал аз соати 5:00 субҳи 31 декабр то соати 02:00-и 1 январ ба мусофирон хизмат мерасонанд.
Яъне ҳамин рӯз тамоми истгоҳҳои метро аз вақти кории доимӣ 2 соат бештар кор мекунанд.
Инчунин, аз рӯи ҷадвали ҳаракати поездҳои метро дар рӯзҳои истироҳати иловагӣ корҳои муайян иҷро мегарданд, ки дар ин бора маълумоти муфассал дода мешавад.