ӮЗБЕКИСТОН ДАР 11 МОҲ ЧАНД ДОНА ЭЛЕКТРОМОБИЛ ВОРИД КАРДААСТ?

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2024 Ӯзбекистон аз хориҷа 22 223 электромобил бо арзиши 215,3 миллион доллари амрикоӣ импорт кардааст.

Дар байни давлатҳое, ки Ӯзбекистон беш аз ҳама электромобил ворид кардааст, Чин дар ҷои аввал қарор дорад.

Бино ба маълумоти Агентии омор Чин дар миёни кишварҳое, ки дар 11 моҳ ба Ӯзбекистон бештар электромобил ворид кардаанд, дар ҷои аввал аст.

Ин нишондиҳанда чунин аст:

Чин – 22122 дона;

Қазоқистон – 51 дона;

Гонконг - 17 дона;

Олмон – 14 дона;

Дигар давлатҳо – 29 дона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: