Қарори Сарвари давлат аз 24 декабри соли 2024 «Дар бораи муқаррар кардани рӯзҳои ғайрикории иловагӣ дар давраи таҷлили Соли нав ва кӯчондани рӯзҳои истироҳатӣ» имзо гардид.
Мувофиқи он:
28 декабр, шанбе — барои онҳое, ки ҳафтаи кории шашрӯза доранд, рӯзи корӣ, барои онҳое, ки ҳафтаи кории панҷрӯза доранд, рӯзи истироҳат;
29 декабр, якшанбе — барои ҳама рӯзи истироҳат;
30 декабр, душанбе — барои онҳое, ки ҳафтаи кории шашрӯза доранд, рӯзи истироҳат, барои онҳое, ки ҳафтаи кории панҷрӯза доранд, рӯзи истироҳат, ки аз 14 декабр (шанбе) кӯчонида шудааст;
31 декабр, сешанбе — рӯзи иловагии истироҳат барои ҳама;
1 январ, чоршанбе - иди Соли нав;
2 январ, панҷшанбе — барои онҳое, ки ҳафтаи кории шашрӯза доранд, рӯзи истироҳат, барои онҳое, ки ҳафтаи кории панҷрӯза доранд, рӯзи истироҳат, ки аз 4 январ (шанбе) кӯчонида шудааст.