Дар машварати назди Президент Шавкат Мирзиёев корҳое, ки дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ амалӣ шудаанд, баррасӣ гардиданд ва вазифаҳои аввалиндараҷа барои соли 2025-ум мушаххас карда шуданд.
Тағйироти сифатие, ки дар соҳаи мазкур амалӣ мешаванд, бевосита ба тамоми сокинони мамлакат: аз шаҳрҳо то деҳоти дурдасттарин, аз кӯдакон то куҳансолон дахл доранд. Ҳаҷми маблағҳои буҷавие, ки ба соҳаи тандурустӣ равона шудаанд, ҳар сол меафзояд. Баробари хидматҳои дигари иҷтимоӣ он низ ба мардум қаринтар мегардад: зиёда аз 18 ҳазор гурӯҳҳои тиббӣ дар сатҳи ибтидоӣ амал мекунанд.
Технологияҳои замонавӣ дар ташхис ва табобат фаъолона ҷорӣ карда мешаванд. Дар хидматҳои кӯмаки тиббии махсусонидашуда беш аз 500 усулҳои нави ташхис ва зиёда аз 800 усулҳои табобат аз худ гардидаанд. Дастгирии тибби хусусӣ интихоб ва гуногунрангии хидматҳои тиббиро вусъат дод.
Соли 2024-ум ба соҳаи нигаҳдории тандурустӣ 36 триллион сӯм равона карда шуд, ки нисбати соли гузашта 25 фоиз бештар аст.
Дар зинаи ибтидоӣ шаш навъи тафтишоти скринингӣ ҷорӣ гардиданд. Дар натиҷа дар оғози бемории 106 ҳазор мизоҷ диабети қанд, дар 194 ҳазор нафар касалии дилу раг, дар зиёда аз 2 ҳазор зан бемориҳои онкологӣ, дар қариб ҳазор кӯдакон касалиҳои онкогематологӣ муайян карда шуданд.
Ба сифат ва самаранокии табобат эътибори махсус дода мешавад. Бо ин мақсад зиёда аз 2 ҳазор мутахассисон дар хориҷа бозомӯзӣ карданд. Ин имкон дод, ки саҳми ҷарроҳиҳои баландтехнологӣ дар минтақаҳо то 61 фоиз афзояд. 191 ҳуҷҷати клиникӣ мувофиқи меъёрҳои байналхалқӣ бинобар 43 самт нав карда шуданд.
Дар марказҳои тахассусонидашуда ва филиалҳои онҳо соли равон мувофиқи роҳхати имтиёзнок 100 ҳазор мизоҷ табобат гирифтанд. Ҳафт муассисаи махсус бинобар назорати сифат аз акредитатсияи байналхалқӣ гузаштанд.
Соли 2025-ум ба соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ҷудо кардани 41 триллион сӯм пешбинӣ шудааст. Бо ин маблағ беморхонаҳои нав сохта ва муҷаҳҳаз карда мешаванд, иқтидорҳои мавҷуда вусъат меёбанд ва фарогирӣ бинобар назорати профилактикӣ зиёд мегардад.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки вазифаи асосӣ ин баланд бардоштани сифати тандурустӣ дар сатҳи ибтидоӣ ба шумор меравад. Ба Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шуд, ки дар минтақаҳо идораи самарабахши уфуқиро ба роҳ монад, эътиборро ба ноҳияҳои дурдаст ва мураккаб пурзӯр намояд.
Коршиносони Туркия дар муассисаҳои тиббӣ ва хидматрасонии тиббии шаш минтақа тадқиқот гузарониданд. Дар натиҷа бобати мунтазам ислоҳсозии хидмати аввалияи тиббиву санитарӣ ба аҳолӣ пешниҳодҳо мешавад.
Ба шахсони масъул ҳамаҷониба таҳлил кардани вазъият ва омода намудани лоиҳаи қарор бинобар трансформатсияи зинаи ибтидоӣ супориш дода шуд.
Барномаи баланд бардоштани ихтисоси кормандони дараҷаи ибтидоии тиббӣ такмил меёбад. Гузариши мураттаб аз тайёрии назарӣ ба азхуд намудани навгониҳои ташаккули кордонӣ пешбинӣ мегардад.
Соли оянда низ миқдори музди маоши вазифавии кормандони тиб зиёд карда хоҳад шуд. Барои шифокорони оилавӣ тартиби пардохти иловапулӣ дар асоси нишондиҳандаҳои самарабахш ҷорӣ мегардад.
Эътибори мунтазам ба минтақаҳо идома меёбад. Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳамчунин вилоятҳои Навоӣ, Самарқанд, Бухоро, Хоразм ва Қашқадарё лоиҳаҳои пилотӣ бинобар суғуртаи давлатии тиббӣ ҷорӣ карда мешаванд. Шабакаи лабораторияҳои марказонидашуда вусъат меёбад. Аз ҳисоби ташкил кардани «Маркази харид» ва 13 бахши он дар минтақаҳо назорати истифодаи таҷҳизоти тиббӣ аз тариқи низоми электронӣ амалӣ карда мешавад.
Бинобар 35 самти нав 400 ҳуҷҷати клиникӣ таҷдиди назар хоҳад шуд. Ғайр аз ин, ҳафт маркази тахассусонидашуда ва ду мактаби олӣ аз аккредитатсияи байналхалқӣ мегузаранд.
Дар машварат ба масъалаҳои тайёр кардани кадрҳо эътибори махсус дода шуд, муҳиммияти баланд бардоштани сифати таълими амалӣ дар мактабҳои олии тиббӣ, мустаҳкам кардани робитаи тарафайни байни назария ва амалия, ба роҳ мондани баландбардории таҷрибаи хатмкунандагон дар муассисаҳои зинаи ибтидоӣ таъкид гардид.
ӮзА.