Ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров дар доираи сафари худ ба вилояти Суғди Тоҷикистон бо фаъолияти маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”-и ин шаҳр ошно шуд.
Дар ин сафар ӯро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳӣ кард. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят иттилоъ дод.
Гуфта мешавад, ин бинои пурҳашамат, ки ҳамчун нишони мардонагӣ, далерӣ, худогоҳӣ ва ватандӯстии тоҷикон шинохта шудааст ва дар ҳифзи озодӣ ва зиндагии осоиштаи сокинони ин минтақа нақши муассир мебозад, бозсчозӣ гардидаву моҳи апрели соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Масоҳати умумии он шаш гектарро ташкил медиҳад.
Дар асоси лоиҳа деворҳои атрофи қалъа, аркону дарвозаҳои он барқарор карда шудаанд. Таҳкурсии бинои маъмурӣ, дӯконҳои ҳунармандон, ошхонаи миллӣ, намунаҳои хонаҳои қадимӣ ва ҳавлиҳои шаҳри Хуҷанд, меҳмонхона ва осорхона, чойхона, ошхонаи болопӯшида барои тайёр кардани таомҳои миллии мардуми тоҷик, дӯконхо, ҳаммому нуқтаҳои хизмати маишӣ ва дигар иншоотҳои ёрирасон аз ҳамон зумра мебошанд. Ин ҷо ҳунармандон метавонанд ба истеҳсоли намудҳои зиёди маҳсулоти қаннодӣ, наққошӣ, маснуоти кулолӣ, кордҳои гуногун, либосҳои миллии занонаву мардона, адрасу атлас, заргарӣ, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва асбобҳои мусиқии миллӣ, инчунин қолинҳои дастӣ машғул шаванд ва онро ба фурӯш расонанд.
Дар пайи ин сафари Хайрулло Бозоров аъзои як ҳайати густардаи вакилон иборат аз роҳбарияти Сарраёсати сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии вилояти Фарғона, сармеъморони ноҳияву шаҳрҳо ва намояндагони ташкилотҳои пешбари лоиҳавӣ ба шаҳри Душанбе сафар намуда, оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд, ки марбути соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ мебошанд, дидору мулоқот анҷом медиҳанд.
Дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят мегӯяд, ҳадафи ин сафар дар меҳвари худ табодули таҷриба дар рушди соҳаи сохтмон бар асоси талаботи меъмории муосир, лоиҳаҳои инноватсионӣ, ландшафтӣ, тарҳрезӣ, нақшаҳои генералӣ, тарҳрезии бинову иншоот ва шиносоӣ бо иншооти иҷтимоӣ ва инфрасохтории шаҳри Душанберо фаро хондааст.
Аъзои ҳайат дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо муовини аввали раиси шаҳр Ҷамшед Табарзода ва сармеъмори шаҳри Душанбе Соли Азизиён вохӯрӣ намуданд. Зимни он равобити ҳамкориҳои наздики ду кишвари ҳамсоя, меъморӣ, шаҳрсозӣ, омӯзиши таҷрибаи шаҳрсозӣ дар Душанбе ва имконоти табодули ҳайатҳо мавриди баҳсу баррасиҳо қарор дода шуд. Ҳамзамон аъзои ҳайати вакилони вилояти Фарғона бо корҳои анҷомдодаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ аз наздик шинос шудаанд.
Сафари ҳайати мазкур дар шаҳри Душанбе идома дорад.
Мирасрор АҲРОРОВ, мухбири “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.