ГӮСФАНДПАРВАРӢ РУШД МЕКУНАД

  • ГӮСФАНДПАРВАРӢ РУШД МЕКУНАД
  • ГӮСФАНДПАРВАРӢ РУШД МЕКУНАД

Ҳокими ноҳияи Конимехи вилояти Навоӣ бо як гурӯҳи соҳибкорон ба Муғулистон сафари корӣ анҷом дода, чанд созишнома ҳамкорӣ имзо кард.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳангоми ташриф ба вилояти Навоӣ дар ноҳияи Навбаҳор оид ба масъалаҳои рушди иқтисодиёти вилоят, зиёд кардани даромади аҳолӣ  ва беҳтар гардонидани сохтори иҷтимоӣ ҷамъомад баргузор намуд.

Дар ҷамъомад нишондиҳанда ва нақшаҳои соҳаҳои иқтисодиёт муфассал баррасӣ ва таҳлил гардида, Сарвари кишвар масъулонро  вазифадор карда буд, ки дар давоми солҳои 2024-2026 ҳолати 3 миллион гектар чарогоҳ беҳтар ва саршумори чорво 10 баробар зиёд карда шавад. Ба Кумитаи ветеринария ва рушди чорводорӣ супориш дода шуд, ки аз Муғулистон 20 ҳазор сар гӯсфанд оварда шавад.

Бо мақсади иҷрои супориш ҳокими ноҳияи Конимех бо як гурӯҳи соҳибкорон ба Муғулистон сафари корӣ анҷом дод. Созишномаҳои ҳамкорӣ имзо гардиданд. Мувофиқи созишномаҳо дар навбати аввал қариб 1000 сар гӯсфанди зоти «Баят» ба фурудгоҳи байналхалқии Навоӣ оварда шуд.

Гӯсфандпарварӣ дар вилояти Навоӣ яке аз соҳаҳои асосии хоҷагии деҳот ба ҳисоб меравад. Парвариши гӯсфанди навъи «Баят» ба шароити вилоят мутобиқ буда, барои зиёд намудани саршумори он имконоти зиёд мавҷуд аст. Ин навъи гӯсфанд зоти гӯштӣ ва пашмдиҳанда мебошад. Вазни зиндаи гӯсфанд 70-80 кг ва қучқори он 100-120 кг меояд. Гӯшти соф 60 фоизи вазни зиндаро ташкил медиҳад.

Барои парвариши чорвои овардашуда захираи хӯрокворӣ муҳайё буда, мутахассисони варзида ва олимони соҳа ба парвариши гӯсфандон ҷалб карда шудаанд. Ба ноҳия овардани гӯсфандон идома дорад. Соҳибкорони конимехӣ тасмим гирифтаанд, ки миқдори гӯсфандонро ба 50 ҳазор сар расонанд. Мақсад аз худ намудани чарогоҳҳои нав, зиёд кардани маҳсулоти гӯштӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина ба камбизоатии оилаҳо барҳам дода, беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: