Дар солҳои истиқлолият чун дигар соҳаҳо нақлиёти роҳи оҳан хеле вусъат ёфт. Дар баробари пойтахт ва маркази маъмурии вилоятҳо дар ҳудудҳои гуногуни ҷумҳурӣ бинои вокзалҳои замонавӣ ба сифати дарвозаи роҳҳои оҳани мамлакатамон қомат афрохт.
Оре, вокзалҳое, ки барои мусофирони синну соли гуногун, алалхусус барои мӯйсафедон, ногироҳо ва занҳои кӯдакдор молик ба ҳар гуна қулаиҳоянд, дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳоло хеле зиёданд ва бо шукӯҳу зебоияшон ба ҳусни диёрамон ҳусни нав зам менамоянд. Ҳар яке аз ин вокзалҳо симои ба худ хос доранд ва ба талаботи байналхалқӣ пурра ҷавоб медиҳанд. Сайёҳон ё зиёратгароне, ки алалхусус ба Бухорову Самарқанд, Хеваю Тирмиз барин шаҳрҳои таърихиамон сафар менамоянд, ба шароити дар роҳҳои оҳани он ҷойҳо офаридашуда баҳои муносиб медиҳанд.
Ҷиҳати барпои сохтори яклухти нақлиёти роҳи оҳан, даҳлезҳои нақлиётӣ, бунёди асосҳои мошинсозии вазнин дар ҷумҳурӣ ва ҳалли масъалаҳои дигари марбут ба барномаи модернизатсияи роҳи оҳан эътибори махсус равона гардида, ҳаракатҳои собитқадамона дар ин самт самараи худро мебахшанд.
Поездҳо баъзе вақтҳо тавассути ангиштсанг ба ҳаракат андохта мешуданд ва коргарон маҷбур буданд аз ҳавои заҳролуд нафас кашанд. Алъон масъалаи экологӣ низ дар маркази диққат буда, тавассути барқ ҳаракатсозии қатораҳо баробари таъмини бехавфии экологӣ бисёр камхарҷ ҳам мебошанд. Электриконии роҳҳои оҳани кишвар дар солҳои охир ба дараҷаи нав баромад. Электропоездҳо алъон нуқтаҳои зиёд дар қаламрави ҷумҳуриро ба ҳам мепайванданд. Дар натиҷаи ба амал бароварда шудани лоиҳаҳои марбут ба электриконии роҳҳои оҳан харҷи истифода аз қаторҳо тақрибан аз чаҳор як ҳисса кам шудааст. Вобаста ба ҳамин сӯзишвории дизел сарфа мегардад. Дар сарфаи вақт, яъне зудтар ба манзил расондани бор ва мусофирон, айни замон қулайӣ ва имкониятҳои мусоид фароҳам меоянд.
Дар баробари барпои роҳҳои нави оҳан ва вокзалҳо роҳҳои филизӣ модернизатсия мегарданд. Ҳуҷҷатҳои қонунӣ марбут ба рушди инфрасохтор, сохтмони нақлиёт ва коммуникатсия, ки кайҳо боз татбиқ карда мешаванд, дар ҳалли бисёр масъалаҳои муҳим ва истиқболнок чун дастуруламал хидмат менамоянд.
Истиқболнок будани фаъолияти ширкати «Ӯзбекистон темир йӯллари» кайҳо исбот шудааст. Хидмати он дар баробари қонеъ гардонидани эҳтиёҷи боркашонӣ ва ба манзил расонидани мусофирон, барилова, боз ҳам равнақ бахшидани сохтори коммуникатсионӣ дар мамлакатамон қобили таваҷҷуҳ мебошад.
Ҳоло дар поездҳои мусофиркашон, инчунин дар қатораҳои электрикии баландсуръати «Афросиёб» низ барои мусофирони маъюб ҷойҳои махсус ҷудо карда шудаанд, ки ин ҷойҳо бо курсӣ ва таҷҳизотҳои махсус муҷаҳҳаз карда шудааст. Дар истгоҳҳо низ аробачаҳои маъюбӣ барои чунин мусофирон истифода мешаванд.
Чандин вагоне, ки азнав таъмир мешаванд, барои шахсони имконияташон маҳдуд мутобиқ гардонда мешавад.
Дар соҳа ба омодасозии кадрҳои малаканок эътибори ҷудогона дода мешавад. Танҳо дар Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд алъон зиёда аз 21 ҳазор донишҷӯён таҳсил менамоянд. Қисми муайяни кадрҳое, ки омода мегарданд, оянда дар соҳаи роҳи оҳан мустақилона фаъолият хоҳанд бурд.
Чанде пеш роҳбари давлати мо дар муаррифии ҷараёнҳои трансформатсионӣ дар ширкатҳои давлатии соҳаҳои роҳҳои оҳан ва авиатсия шинос гардид.
Дар рӯнамоӣ таъкид ёфт дар шароити кунунии мураккаби замон аҳамияти роҳҳои нақлиёт, аз ҷумла, нақлиёти роҳи оҳан боз меафзояд. Интизор меравад маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то соли 2030 ба 200 миллиард доллар расонда шавад. Президентамон гуфт дар ин самт роҳҳои нақлиётӣ аҳамияти муҳим касб менамоянд.
Дар таҳрири нав Қонун «Дар бораи нақлиёти роҳи оҳан» қабул гардид, ки татбиқи амалии он ба рушди инфрасохтор дар соҳа мусоидат хоҳад кард.
Ҳоло 6 поезди тезгард ва 30-то электропоезд байни шаҳрҳои диёрамон равуо доранд. Яке аз масъалаҳои муҳим дар соҳа афзун гардондани саҳми корхонаҳои нақлиётиву экспедитории маҳаллӣ дар боркашонии байналхалқист.
Киҳо дар нақлиёти роҳи оҳан аз имтиёзҳо истифода бурда метавонанд?
Мувофиқи моддаи 22-юми Қонун «Дар бораи нақлиёти роҳи оҳан» (27 ноябри соли 2024) чиптаҳо ба пассажирон ба арзиши пурра фурӯхта мешаванд. Мувофиқи қонунгузорӣ танҳо ба шаҳрвандони баъзе тоифаҳо дар хариди чипта имтиёзҳо муайян карда шудаанд.
«Ӯзбекистон темир йӯллари» ба муносибати фарорасии Соли нав барои донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд, ба нархи чиптаҳо тахфиф эълон намуд.
Тахфиф аз 23 декабр то 10 январ давом менамояд ва донишҷӯён метавонанд танҳо 50 фоизи роҳкироро пардозанд, (электропоезди тезгарди «Афросиёб» ва вагонҳои CV/VIP класс аз ин мустасност).
Ин гуна имтиёз барои донишҷӯёнро «Uzbekistan Airways» низ барои авиапарвозҳои маҳаллӣ эълон намудааст.
Шаҳрвандон метавонанд аз саҳифаҳои интернетии «Ӯзбекистон темир йӯллари» маълумотҳоро оиди нархи чипта, имконияту имтиёзҳои он дастрас намоянд.
Ба ташкил ёфтани ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» 30 сол пур гашт. Айни замон аз ҷониби ин ҷамъияти саҳҳомӣ, тавре дар боло ишора рафт, бобати тараққӣ додани коммуникатсияи нақлиёт, боз ҳам беҳтар намудани сифати корҳои боркашонӣ ва баманзилрасонии аҳолӣ корҳои васеъмиқёс ба амал бароварда мешаванд.
М. Шодиев,
мухбири «Овози тоҷик».