Дар Маркази ахбору китобхонаи ноҳияи Чуст байни донишомӯзони синфҳои нӯҳуму даҳуми таълимгоҳи миёнаи умумии рақами 74-ум бо ҳамкории Маркази ахбор-китобхона ва пешбарии ҷавонони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Наврӯз баҳси зеҳнии «Заковат» ба вуқӯъ омад.
Дар он хонандагони фаъол иштирок намуданд.
Саволҳо аз фанни таърих, фалсафа, техника, биология, тиб, одобнома, умуман, аз ҳама соҳа буданд.
Баҳси зеҳнии «Заковат» зери роҳбарии ҷонишини директори мактаб оид ба корҳои маънавию маърифатӣ Наргиза Ғаниева бо барандагии муаллими фанни ҳуқуқшиносӣ Собитхон Алихонов бо шавқу завқ гузашт.
Дар он дастаҳои «Омад», «Лочин» ва «Афлотун» холҳои аз ҳама баландро ба даст оварданд.
Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.