26 декабр дар Озарбойҷон рӯзи мотам эълон шуд. Қарори дахлдорро Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев имзо кардааст. Дар ин бора “Caliber” хабар дод.
Имрӯз, 25-уми декабр дар Озарбойҷон ба далели суқути ҳавопаймои мусофирбарии Embraer 190, ки дар масири Боку-Грозний парвоз мекард, мотам эълон шуд ва теъдоди зиёди одамон ҳалок шуданд.
Ёдрас мешавем, ки имрӯз 25-уми декабр як ҳавопаймои масофирбари ширкати “Azerbaijan Airlines"-и Озарбойҷон дар Оқтауи Қазоқистон суқут кард. Ин ҳавопаймо аз Боку ба шаҳри Грознийи Чеченистон парвоз мекард.
Ба иттилои расонаҳо, дар дохили ҳавопаймо 62 мусофир ва 5 сарнишин қарор доштаанд.
Айни ҳол танҳо маълумот дар бораи наҷот ёфтани 32 нафар дастрас асту халос.
37 мусофири ҳавопаймо шаҳрвандони Озарбойҷон, 16 нафар Русия, 6 нафар Қазоқистон ва 3 нафар аз Қирғизистон будаанд. Дар миёни наҷотёфтагон 14 шаҳрванди Озарбойҷон, 10 шаҳрванди Русия ва 2 шаҳрванди Қирғизистон ҳастанд. Шаҳрвандии се нафари маҷрӯҳшуда ҳанӯз мушаххас нашудааст. Ҳавопаймо ҳангоми бархӯрд бо селаи паррандагон идораро аз даст дода, маҷбур шудааст, ки дар фурудгоҳи шаҳри Атирау нишасти изтирорӣ кунад.
Дар Озарбойҷон Комиссияи давлатӣ оид ба сабабҳои суқути ҳавопаймо дар Қазоқистон таъсис ёфт. Дар ин бора президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев фармон имзо кард. Ин комиссия барои таҳқиқи сабабҳои суқути ҳавопаймо дар Қазоқистон таъсис ёфтааст.