АНГУШТИ ҲАЙРАТ МЕГАЗЕМ!

Дар 242 мактаби таълими ҳамагонии ҷумҳурӣ 64902 нафар хонандагон бо забони тоҷикӣ таълим мегиранд. Аз ин шумор дар 137 мактаб таълим пурра ба забони тоҷикӣ аст. Лекин масъулони вазорат мегӯянд, ки дар кӯдакистонҳои мамлакат танҳо 249 нафар (ҳатто ба як фоиз намерасад) дар гурӯҳҳое, ки раванди таълиму тарбия тоҷикӣ аст, фаро гирифта шудаанд. Аммо ин маълумот то чӣ андоза дуруст аст, барои мо номаълум.

Дар поёни мақола таҳти унвони «Масъулони вазорат дуруст мегӯянд ё садорат?» (№102, «Овози тоҷик», 21 декабри соли 2024) таъкид кардем, ки «амиқии факту аснод ва маълумотҳо дар ҳама соҳа, аз ҷумла, дар фаъолияти ташкилотҳои таълими томактабӣ, ки пойдевори асосии таълиму тарбия маҳз дар ин зина гузошта мешавад, аҳамияти калон дорад. Илова бар ин, дар самти таълими томактабӣ, забони машғулиятҳои таълимиву тарбиявӣ, таъмини онҳо бо маводи таълимӣ-услубӣ, дидактикӣ ва адабиёти бадеӣ низ муҳим аст».

Ин бесабаб набуд. Чунки дар хати расмие, ки таҳти рақами 88 (5 ноябри соли 2024) ба Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ фиристодем, саволи «Забони таълим ва тарбияи ташкилотҳои таълими томактабӣ дар асоси кадом меъёрҳо муқаррар мегардад?»-ро ба миён гузошта будем.

Ҷонишини вазир Ф.Боқиев дар номаи худ таҳти рақами 04-22-3777 (25 ноябри соли 2024) ба ин савол чунин посух додааст: «Мувофиқи моддаи 5-уми Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» фаъолияти ташкилотҳои таълими томактабӣ дар забони давлатӣ, дар ҷойҳое, ки гурӯҳҳои миллӣ зич истиқомат мекунанд, бо забони онҳо ташкил гардида, раванди таълиму тарбияи онҳо дар асоси Барномаи давлатии таълимии «Илк қадам» амалӣ мегардад».

Аз ин маълумоти масъулон метавон чунин хулоса кард: дар ҷойҳое, ки гурӯҳҳои миллӣ, яъне намояндагони миллатҳои қароқалпоқ, қазоқ, тоҷик, қирғиз ва ғайра зич истиқомат мекунанд, фаъолияти ташкилотҳои таълими томактабӣ бояд бо забони онҳо ташкил карда шавад. Аммо масъулон дар амал ба ин талаботи қонун то чӣ ҳад риоя мекунанд?

Масалан, дар 27 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона қариб 85 ҳазор нафар аҳолӣ умр ба сар мебаранд, ки беш аз 98 дарсади онҳо тоҷиканд. Бино ба маълумоти мудири шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳия Фозилҷон Мирзоев ҳоло дар ноҳия 33 мактаби таҳсилоти умумӣ (5-тои он мактаби ихтисосонидашуда) фаъолият доранд. Тибқи ҳолати оғози соли таҳсили 2024-25 дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳия 17929 нафар донишомӯзон таҳсил мегиранд.

Таълим дар мактабҳо ба ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ. Дар 14 мактаб таълим танҳо ба забони тоҷикӣ, дар 15 мактаб бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ. Дар як мактаб таълим ба забони ӯзбекӣ ҷараён дорад, ки дар он бештар фарзандони афсарону сарбозони қисмҳои марзбонӣ таҳсил мекунанд. 16 ҳазору 30 нафари донишомӯзон дар 640 синф ба забони тоҷикӣ ва 1 ҳазору 899 нафари боқимонда дар 95 синф ба забони ӯзбекӣ мавриди омӯзишу парвариш қарор гирифтаанд.

Аммо аз рӯйи маълумоти вазорат дар 29 ташкилоти таълимии томактабӣ ва 39 кӯдакистони оилавии ноҳия раванди таълиму тарбия на бо тоҷикӣ, балки бо дигар забонҳо роҳандозӣ шудааст.

– Кӯдакистони мо чанде пеш ба истифода супорида шуд, — иброз дошт мудири ташкилоти давлатии таълими томактабии рақами 30-юми ноҳия Лайло Мамадҷонова. – Дар кӯдакистон, ки хуштарҳу замонавист ва дорои шароитҳои зарурӣ мебошад, ба 120 нафар кӯдакони синни томактабӣ 8 нафар тарбиядиҳандагон таълиму тарбия медиҳанд. Азбаски мардуми маҳаллӣ ҳама тоҷикзабонанд, мехоҳем машғулиятҳоро пурра бо забони тоҷикӣ гузаронем. Аммо бо ин забон маводи таълимӣ-услубӣ, дидактикӣ ва адабиёти бадеӣ надорем. Инчунин, норасоии бозичаҳои кӯдакона, асбобҳои аёнӣ, мусиқӣ, муҳимтар аз ҳама, китобҳои шеъру афсона, чистону тезгӯякҳо ва барои фаъолияти боғча компутеру принтер мушкилоти асосӣ мебошад. Кош, масъулони соҳа дар бартарафсозии ин камбудиҳо ба мо кумак мекарданд.

Чунин ҳолатро дар ташкилоти давлатии таълими томактабии рақами 17-уми деҳаи Эҷи ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ ҳам дидан мумкин аст. Дар ин кӯдакистон беш аз 70 нафар фарзандони хурдсоли се деҳа – Эҷ, Сойхурд ва Симбулоқ бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Мардуми ин деҳаҳо тоҷиканд, вале кормандони боғчаи бачагона дар даст маводи таълимӣ-услубӣ, дидактикӣ ва адабиёти бадеии тоҷикӣ надоранд ва ин ҳолат дар раванди корбарии онҳо мушкилиҳоро ба миён оварда, боиси эътирози барҳақи на танҳо кормандон, балки омӯзгорони мактабҳо ва мардуми маҳаллӣ мешавад (дар мавриди мушкилоти маводи таълимӣ-услубӣ, дидактикӣ ва адабиёти бадеӣ дар кӯдакистонҳо дар мақолаи дигар маълумот хоҳем дод).

Масъулони вазорат ин ҳолро чӣ гуна тавзеҳ медиҳанд?

Акнун рӯ меорем, ба маълумотҳои дигари статистикӣ, ки дар бахши «Таълим»-и саҳифаи расмии Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ ҷойгир шудааст. 

Дар ин бахш дар бораи забони таълим дар мактабҳои таълими умумии ҷумҳурӣ дар соли таҳсили 2023-24 маълумоти оморӣ оварда шуда, тибқи он ҳоло таълим дар мактабҳои ҳамагонии кишварамон бо забонҳои ӯзбекӣ (9468 мактаб), русӣ (972 мактаб), қароқалпоқӣ (377 мактаб), қазоқӣ (358 мактаб), тоҷикӣ (242 мактаб), қирғизӣ (47 мактаб) ва туркманӣ (41 мактаб) ҷараён дорад.

Мувофиқи маълумоти статистикие, ки дар ҳамин бахш дар бораи теъдоди донишомӯзон аз рӯйи тамоми забонҳои таълимӣ дар мактабҳои ҳамагонӣ (дар соли таҳсили 2023-24) оварда шудааст, дар мактабҳои ҷумҳурӣ ҷамъ 6476091 нафар донишомӯз, аз ҷумла, 5549775 нафар бо забони ӯзбекӣ, 666443 нафар бо русӣ, 126316 нафар бо қароқалпоқӣ, 64902 нафар бо тоҷикӣ, 50439 нафар бо қазоқӣ, 7431 нафар бо қирғизӣ ва 10785 нафар бо забони туркманӣ таълим мегиранд.

Вақте теъдоди мактаб ва шумораи донишомӯзони мактабҳоеро, ки бо забонҳои бародарӣ фаъолият доранд, бо гурӯҳ ва адади тарбиягирандагони кӯдакистонҳо, ки ҷараёни таълиму тарбия бо ин забонҳо роҳандозӣ шудааст, муқоиса мекунем, беихтиёр ангушти ҳайрат мегазем.

Масалан, дар 358 мактаб 50439 нафар хонанда бо забони қазоқӣ дониш меандӯзанд. Дар ҳоле ки дар кӯдакистонҳои саросари ҷумҳурӣ ҳамагӣ 131 нафар тарбиягирандагон (аз рӯйи маълумоти вазорат) бо ин забон таълиму тарбия мегиранд. Нуктаи дигар: дар 122 мактаби вилояти Тошканд дарсҳо бо забони қазоқӣ амалӣ гардида, дар онҳо 22376 нафар таҳсил мегиранд. Аммо дар ягон ташкилоти таълими томактабии ин вилоят ҷараёни таълиму тарбия бо қазоқӣ роҳандозӣ нашудааст.

Ё дар 242 мактаби таълими ҳамагонии ҷумҳурӣ 64902 нафар хонандагон бо забони тоҷикӣ таълим мегиранд. Аз ин шумор дар 137 мактаб таълим пурра ба забони тоҷикӣ аст. Лекин масъулони вазорат мегӯянд, ки дар кӯдакистонҳои мамлакат танҳо 249 нафар (ҳатто ба як фоиз намерасад) дар гурӯҳҳое, ки раванди таълиму тарбия тоҷикӣ аст, фаро гирифта шудаанд. Аммо ин маълумот то чӣ андоза дуруст аст, барои мо номаълум. Чунки аз рӯйи маълумотҳое, ки садоратҳои минтақавӣ ба мо тақдим карданд, дар вилоятҳо (манзури мо вилоятҳое мебошад, ки вазорат дар маълумоти худ овардааст ва дар ин бора дар мақолаи пешина гуфтем) гурӯҳҳои тоҷикӣ вуҷуд надоранд.

Ё худ дар 38 мактаби Қароқалпоқистон ва 3 мактаби вилояти Хоразм ҷамъ 10785 нафар донишомӯз бо забони туркманӣ асрори илм меомӯзанд. Аммо дар ягон кӯдакистони ҷумҳурӣ ҷараёни таълиму тарбия бо забони туркманӣ нест.

Савол: чаро теъдоди гурӯҳҳои кӯдакистонҳо, ки бо забонҳои бародарӣ кор мебаранд ва шумораи тарбиягирандагони онҳо аз миқдори мактабҳои бо ин забонҳо фаъолияткунанда бениҳоят кам аст? Оё фарқ кардани забони таълиму тарбия дар кӯдакистонҳо аз забони таълим дар мактабҳои ҳамагонӣ ба рушди равонӣ, зеҳнӣ ва дарсазхудкунии кӯдакон таъсир намерасонад? Дар ин маврид мутахассисони соҳа чӣ мегӯянд?

Мо албатта ба ин мавзӯъ боз бармегардем.

Бахши мактаб ва маънавияти «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: