РАҲНАМО БА ОЛАМИ МУСИҚИИ СУННАТИЮ ХАЛҚӢ

Мусиқии мардумони Шарқ сеҳрангез ва пурасрор аст. Шояд аз ҳамин сабаб асарҳои илмӣ дар бораи пайдоиш ва зинаҳои инкишофи мусиқӣ дар саҳни таърих нисбат ба дигар соҳаҳои илму фарҳанг каманд.

Мо дар ин ришта, ғайр аз чанд асари мутафаккирони асрҳои миёна, аз қабили «Рисолаи мусиқӣ»-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, «Китоб-ул-мусиқа алкабир», «Калом фи-л му-сиқӣ»-и Абунасри Форобӣ, «Рисолатун аш-Шарафия»-и Сафиуддин ал-Урмавӣ, «Рисолаи мусиқӣ»-и Дарвешалии Чангӣ  дигар сарчашмаҳоро намедонем. Аммо шукр мекунем, ки мусиқии арзишманди халқамон ба шарофати эҷодиёти шифоҳии мардум, бино ба анъанаҳои таълимии «устоду шогирд» аз асрҳои миёна то замони мо омадаанд. Вагарна чӣ гуна аз мактабҳои Шашмақомсароӣ, Фалаксароӣ, Гӯрӯғлихонӣ ва амсоли инҳо дарак меёфтем. Ростӣ, дар солҳои 80-90-уми қарни гузашта, агар дар мисоли Ӯзбекистон гирем, муносибат ба мусиқии суннатӣ каме суст шуд. Худам гувоҳ будам, ки яке аз сарояндагони сурудҳои эстрадӣ «Шашмақом»-ро суруди маросими  дафн гуфта буд. Дар барномаҳои телевизионӣ сурудҳои «Шашмақом» аҳён-аҳён садо медоданд. Шукр, ки дар тӯли даҳсолаҳои охир таваҷҷуҳу эътибор ба мусиқии миллӣ афзуд, ҷашнвораҳои бошукӯҳ мегузарондагӣ шудем, дар консерватория факултети махсус кушода шуд, ниҳоят Донишкадаи санъати мусиқии миллии ба номи Юнус Раҷабӣ таъсис ёфт.

Сир нест, ки мусиқии суннатии халқҳои тоҷику ӯзбек тавъаманд, онҳо аз як сарчашма об хӯрда, тӯли қарнҳо аз якдигар рангу мазмун гирифта ғанӣ мегарданд. Аз ин дидгоҳ назар афканем, дар Тоҷикистони бародарӣ низ барои рушди мусиқии миллӣ, баланд бардоштани мавқеи ҳунари мусиқии суннатӣ, хусусан «Шашмақом» ва «Фалак», чораву тадбирҳои судбахш андешида мешаванд. Билхоса, дар роҳи омӯзишу талқини эҷодиёти мусиқии халқи тоҷик қадамҳои муҳим гузошта шудаанд. Дар ин ҷода саҳми номзади илмҳои санъатшиносӣ, мутриб ва омӯзгор, профессори кафедраи таърих, назария ва методикаи таълими мусиқии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Султоналӣ Худойбердиев назаррас аст.

Чанде пеш ду китоби арзишманди ӯ зери унвонҳои «Эҳёи мактабҳои суннатӣ – асолати ҳувияти мусиқии миллӣ» ва «Эҷодиёти мусиқии халқи тоҷик» (мусиқии фолклорӣ) ба дасти мо расид, ки бешубҳа ҳар ду асар барои донистани асари мусиқии Шашмақом ва анъанаҳои мусиқии халқи тоҷик дар муқоиса бо таърихи инкишофи мусиқии суннатӣ дар Ӯзбекистон восита ва сарчашмаи илмии хеле муҳим мебошанд.

Муаллиф хеле дуруст таъкид кардааст, ки «Байни арзишҳои нодиртарин падидаҳои эҷодиёти мардумӣ – ҳунари мусиқӣ бо тамоми имконият ва хусусиятҳои худ мавқеи хосаро ишғол менамояд. Аз ин лиҳоз, нақши он дар ҷомеа муҳимтарин ҷавҳари фарҳанги маънавӣ қабул гардидааст».

Китобҳоро варақ зада, дар олами мусиқии касбии суннатӣ ва сурудҳои ҷашнию маросимӣ сайр менамоед, аз ин хирмани маънӣ хӯшаҳои пурбор чида, завқи зебоиписандиатон ғанитар мегардад.

Хусусан, китоби аввал – «Эҳёи мактабҳои суннатӣ – асолати ҳуввияти мусиқии миллӣ»-ро як навъ китоби энсиклопедӣ оид ба мактабҳои мусиқии классикӣ, мақомҳои маҳаллии тоҷик, вазъи омӯзиши илми мусиқӣ, устохонаҳои созҳои мусиқӣ дар вазъияти кунунии Тоҷикистон номидан мумкин. Гуфтор оид ба намояндагони мактабҳои сарояндагии мақом ва таронаҳои мардумии минтақа ва ноҳияҳои сартосари кишвар, аз Хуҷанду Хатлон то болооби Зарафшону кӯҳсорони Бадахшон, хеле дилангез баромадааст. Номи бобҳои «Таъсисёбии нахустин мактабҳои суннатӣ (пажӯҳиш ва таҷриба)», «Таъсиси Маркази фарҳангии мусиқии тоҷик – «Ҳунар» ва роҳандозии фаъолияти он», «Мавқеи мактабҳои хусусӣ ва ташаккули мусиқии суннатӣ», «Таълимоти устод-шогирд дар иртибот бо мафҳумҳои «мерос» ва «анъана», «Вазъи омӯзиши фанни мусиқӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» худ баёнгари доираи васеи инъикоси мавзӯъҳои ҷолиби соҳаи мазкур мебошанд. Дар китоб байти зерини Муҳаммад Иқбол хеле бомаврид оварда шудааст:

Наво аз пардаи ғайб аст, эй мақомшинос,

На аз гулӯи ғазалхону на аз пардаи соз.

Китобхон зимни мутолиа аз рӯзгору мероси волои ҳунарпешагони намоён, аз ибтидои асри ХХ то имрӯз, ба мисли Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхони Ҳофиз, Акашариф Ҷӯраев, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Абдулло Назриев, Мамадато Таваллоев, Мирзоқурбон Солиев, Расул Қодирӣ, Темур Ҷалолов, Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев, Мастона Эргашева ва даҳҳо нафари дигар, ки анъанаи аҷдодро имрӯз давом дода истодаанд, ошно мешавад. Кори дигари шоистаи таҳсини муаллиф – Султоналӣ Худойбердиев ин аст, ки ӯ баробари таҳияи мақола оиди ҳар як ҳофизу созанда, устодону шогирдон сурати онҳоро низ ҷамъ оварда, дар саҳифаҳои китоб ҷой додааст. Муаллиф аз сурату маводҳои таърихӣ пурсамар истифода кардааст. Ҷиҳати дигари муҳими монография он аст, ки як боби он ба соҳибони касби шарафнок – устоҳои созтарош, устохонаҳои созҳои мусиқӣ бахшида шудааст.

«Эҷодиёти мусиқии халқи тоҷик» ҳамчун воситаи дарсию методӣ пеш аз ҳама кори устодони мактабҳои мусиқиро осон мекунад ва ба ҳамаи ононе, ки ба хусусияти мусиқии фолклори тоҷик, маросимҳои анъанавӣ, сурудҳои мавсимӣ ва маросимӣ, мавригӣ, достонҳо, жанрҳои мусиқии маҳалҳои гуногун, жанрҳои мусиқии маросимҳои динию мазҳабӣ завқу таваҷҷуҳ доранд, хеле ҷолиб аст. Баъзе суруду таронаҳои мавсимию анъанавӣ дар шакли нота низ аз китоб ҷой гирифтаанд.

Шоқаҳҳор САЛИМОВ,

узви иттифоқҳои журналистони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: