ПАТРОНАЖ БА РОҲ БАРОМАД...

Бо ташаббуси Президент дар кишвари мо дар соҳаи тибб, инчунин дар поликлиникаҳо ташкил намудани хидмати патронажӣ ба роҳ монда шуд. Доир ба соҳа чандин фармону қарорҳо имзо шуданд, ки мақсад ва муддаои онҳо беҳбуди саломатии аҳолист.

Дар мамлакатамон ба мустаҳкамсозии пойгоҳи моддиву техникии соҳаи тиб эътибори зиёд дода мешавад.

Сарвати ҳар кишвар – мардуми солиму ҳаёти фаровони онҳост. Дар ҳамаи мамлакатҳо ба масъалаи ба воя расондани насли солим аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.

Бо ташаббуси Президент дар кишвари мо дар соҳаи тибб, инчунин дар поликлиникаҳо ташкил намудани хидмати патронажӣ ба роҳ монда шуд. Доир ба соҳа чандин фармону қарорҳо имзо шуданд, ки мақсад ва муддаои онҳо беҳбуди саломатии аҳолист.

Ҳоло, тавре ки зикр шуд, дар поликлиникаҳои оила-вӣ барои ба аҳолӣ хидмати тиббӣ расонидан бригадаҳои тиббӣ ва патронажӣ амал мекунанд. Бояд таъкид намуд, ки дар амалиёти патронажӣ ба сифати кори эътибори бештар дода мешавад. Ба ҳар ду ҳазор аҳолӣ 1 нафар шифокор, 1 нафар ҳамшира, 2 нафар ҳамшираи патронажӣ ва доя хидмати тиббӣ мерасонанд. Онҳо, яъне аъзои бригадаи тиббӣ мувофиқи нақша дар минтақаҳои вобасташуда мувофиқи рӯйхати электронӣ фаъолият мебаранд.

Соҳаи тиббро бе ҳамшира наметавон тасаввур кард. Зеро ҳамшира кумакрасони шифокор, воситачии байни шифокору бемор аст. Бо аҳолӣ тамосгирифтан аз ҳамшира шуҷоат, сабр ва меҳрубониро талаб мекунад. Вазифаи асосии вай аз субҳ то шом ба минтақае, ки вобаста шудааст, бо беморон ва заноне, ки аз таваллудхона омадаанд, суҳбат кардану маслиҳатҳои зарурӣ додан, саломатии модару кӯдакро аз назар гузаронидан аст.

Маҳмуда Йӯлдошева аз ҳамшираҳои пешқадами поликлиникаи оилавии 48-уми ноҳияи Чуст ба шумор меравад. Дар ин соҳа собиқаи 30 сола дорад. Ӯ дар ин маскани тиббӣ патронаж-ҳамшира шуда кор мекунад.

Барои маълумот бояд гуфт, ки дар ин маскан 10 бригадаи тиббӣ фаъолият мебаранд. Дар 5 маҳаллаи деҳа қариб 20 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Саломатии ҳар яки онҳоро муҳофаза намудан вазифаи асосии шифокорону патронажҳо ба шумор меравад.

– Пагоҳӣ пеш аз оғози кори амалӣ дар қабули сарҳамшира нақшаи кории худро маълум ва баъд ба фаъолият шурӯъ мекунем, – мегӯяд Маҳмуда. – Ба оилаҳое, ки кӯдаки навтаваллудшуда доранд, рафта аз саломатии модару фарзанд хабардор мешавем. Ба модари кӯдак маслаҳат ва тавсияҳои тиббӣ медиҳем. Дар ҷараёни кор бо занони ҳомила ва касоне, ки бепарасторанду танҳо истиқомат мекунанд, ё ин ки маълӯланд, ҳамсуҳбат шудану кӯмак расондан низ вазифаи мост.

Ман дар кӯчаи Сиёби маҳаллаи Янгичак ба 1024 нафар аҳолӣ вобаста шудаам. Дар қаламрави ман 3 нафар бепарастор, 12 ногиро ва 54 куҳансолон ҳастанд.

– 12 сол пеш бо ташхиси полиартрит бемор шуда, дар поликлиникаи оилавии 48-ум ба рӯйхат гирифта шуда будам, – мегӯяд бемори 46 солаи гурӯҳи 2-юми маъюбӣ Нигора Бойбобоева. – Сари вақт муолиҷа мегирам. Шукр, рӯз аз рӯз саломатиам беҳ мегардад. Нафақат ҳамшираи патронаж, балки шифокор Зебо Раҳимова низ аз ҳолати ман зуд-зуд хабардор мешаванд, аз поликлиника доруҳои заруриро меоваранд.

«Ҳар як сухани ширини шифокор мисли доруст», гуфтаанд. Ба фикрам, ин суханҳои нек дар бораи шифокорони мо гуфта шудааст. Шифокор ва патронажҳо ҳар рӯз аз ҳолаи хабардор шуда, дили маро «мебардоранд», маслиҳатҳои лозимӣ медиҳанд. Ҳар як сухани ҳамшира ба кайфиятам таъсири хуб мебахшад. Хулоса, шабу рӯз парвонаанд онҳо. Ҳар сол як ёки ду маротиба бо «ордери тиббӣ» дар реаблитатсияи вилоятӣ табобат мегирем.

Шоҳида ДАМИНОВА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: