РЕЙДИ ШАБОНА ҒОФИЛГИР КАРД

Гурӯҳи мутахассисони баландпоя ва намояндагони мақомоти иҷроия ва интизомии вилояти Қашқадарё барои санҷидани ҳолати омодабош ва бехатарии биноҳои маъмуриву иҷтимоии шаҳри Қаршӣ ба рейд – санҷишоти шабона баромаданд.

Онҳо аз ҳолати воқеии як идда ташкилоту идораҳои иҷтимоӣ, ба монанди бемористон, таълимгоҳ ва хобгоҳҳою макони будубоши пиронсолон дидан намудаву хулосаҳои зарурӣ бароварданд. Гурӯҳи санҷишгаронро сардори Саридораи ҳолатҳои фавқулодаи вилоят полковник Ф. Мирзоев роҳбарӣ кард. Ин санҷишот дар ҳоле рӯи кор омад, ки дар саросари минтақа сармоҳои зимистон расидаву рӯзҳо шадидан сард мешаванд ва табиист, ки бозори истифодаи энергияи гармидиҳиро дар байни мардум чаққон месозад. Таҷрибаҳо нишон додаанд, ки аксари ҳолатҳои нохуш шабона сар зада, боиси талафоти молию ҷонӣ шудаанд. Зеро баъзе шаҳрвандон барои раҳоии ҷони худу пайвандонашон аз сармои таҳдидгар истифодаи воситаҳои дастисохти гармидиҳандаро авло медонанд ва ба қоидаҳои бехатарӣ риоя карданро фаромӯш месозанд. Дар чунин ҳолатҳо воқеоти нохуши марбут ба оташсӯзӣ ба амал омада, хисороти зиёд мерасонанд.

– Рейди шабона воқеан ногаҳонӣ буд ва аксари кормандони идораҳоро ғофилгир кард. Фикр мекунам, барояшон дарси хубе ҳам шуд, – таъкид намуд полковник Ф. Мирзоев.

Маълум гашт, ки ин гуна санҷишот хеле муфид буда, барои гирифтани пеши роҳи ҳар гуна ҳодисоти нохуш хидмат мекунанд.

Санҷишоти шабонаи мазкурро намояндагони ҳокимияти шаҳри Қаршӣ ва додситонӣ ҳамроҳӣ доштанд.

Шариф Халил,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: