Дар муддати сипаришуда ба Бухоро 1 млн. 401 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ ташриф оварда, шумораи онҳо қариб 20 фоиз афзуд. Баробари ин, ба Бухоро аз минтақаҳои ҷумҳурӣ низ ташрифи сайёҳон қариб 3,5 млн. нафарро ташкил кард, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 17 фоиз зиёд аст.
Имрӯз дар мамлакатамон масъалаи сайёҳӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Солҳои охир барои қабули ҳам сайёҳони хориҷӣ ва ҳам сайёҳони маҳаллӣ шароиту имкониятҳои мислаш диданашуда фароҳам оварда мешавад. Аз ҷумла, дар вилояти Бухоро дар ин бора корҳои назаррас ба сомон мерасанд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки имсол бобати рушди сайёҳӣ дар вилоят бисёр воқеаҳои хотирмон ва таърихӣ рух доданд.
Дар ярмаркаи байналхалқии XVII сайёҳию саноатие, ки 12-15 феврал дар пойтахти Эрон – шаҳри Теҳрон баргузор шуд, оиди ҳамкориҳои иқтисодию сайёҳӣ байни ду мамлакат ҳуҷҷатҳо имзо гардид.
15 марти соли ҷорӣ дар Бухоро ярмаркаи сайёҳии дохилӣ гузаронида шуд.
Дар он аз Миср, Ӯрдун, Лубнон, Алҷазоир намояндагони соҳаи сайёҳӣ, аз вилоят ва минтақаҳои ҷумҳурӣ туроператорон, роҳбаладон, мутасаддиёни меҳмонхонаҳо иштирок карданд. 3-5 май дар Бухоро Ҷашнвораи байналхалқии зардӯзӣ ва заргарӣ ба амал омад.
30 май бошад, дар Сингапур дар ҳамоиши байналхалқӣ мукофоти ташкилоти «Cresant Rating» «Halal in Trauel – Global Summit – 2024» дар равияи сайёҳии зиёратӣ ба Бухоро супорида шуд.
1 августи соли ҷорӣ дар мадрасаи Нодир девонбеги ярмаркаи сайёҳии дохилӣ ва фестивали «Туҳфаҳои миллӣ» баргузор гардид.
Моҳи июл бошад, намояндагони вилоят таҳти роҳбарии ҳокими вилоят ба Доғистони Русия сафар карда, бобати рушди ҳамкориҳои тарафайн қарордод омода сохтанд. Аз ҷумла, оиди ба Бухоро ҷалб кардани 2000 нафар сайёҳон дар солҳои 2024-2025 ҳуҷҷат имзо гардид.
20-22 сентябри соли ҷорӣ дар Фестивали байналхалқии гастрономии «Ӯзбекистони пурлаззат», ки дар боғи «Наврӯз»-и шаҳри Тошканд сурат гирифт, дар павилони Бухоро қариб 10 нафар пазандаҳои бухороӣ бо оши софӣ, сихкабоби Ғиждувон, самбӯсаи олотӣ ва ғайра иштирок карда, соҳиби сертификати «Барои заҳматҳои волои касбӣ»-и кумитаи сайёҳӣ гардиданд.
Моҳҳои январ-июни соли равон дар соҳаи сайёҳӣ 12,3 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил гардид ва миқдори кормандони соҳа (якҷоя бо ҳамкорон) ба беш аз 67 ҳазор нафар расид.
Дар давоми даҳ моҳи соли 2024 дар вилоят 65 маскани ҷойгиркунӣ, аз ҷумла 14 меҳмонхона (196 ҳуҷраи дорои 455 кати хоб), 12 хостел, 39 меҳмонхонаи оилавӣ ва 38 туроператору турагентҳои нав ба кор сар карданд.
Дар муддати сипаришуда ба Бухоро 1 млн. 401 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ ташриф оварда, шумораи онҳо қариб 20 фоиз афзуд. Баробари ин, ба Бухоро аз минтақаҳои ҷумҳурӣ низ ташрифи сайёҳон қариб 3,5 млн. нафарро ташкил кард, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 17 фоиз зиёд аст.
Дар доираи барномаи «Ба Ӯзбекистон саёҳат кун!» 1 102 ҳазор нафар сайёҳи бухороӣ минтақаҳои ҷумҳуриро сайр карданд.
Моҳи ноябр дар Бухоро бори сеюм Ҳафтаи байналмилалии сайёҳии зиёрат баргузор гардид. Мақоми «Деҳаи этнотуризм»-ро гирифтани деҳаи Ширини ноҳияи Вобканд ва унвони «Маҳаллаи этнотуризм» – «Деҳаи сайёҳӣ»-ро гирифтани ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Қӯрғон»-и ноҳияи Ғиждувон низ воқеаи таърихӣ гардид.
То соли нав дар вилоят ба истифода супоридани 3 меҳмонхона, 2 хостел ва 10 меҳмонхонаи оилавӣ дар назар аст, ки дар натиҷа миқдори умумии онҳо ба 613 адад ва шумораи ҷойҳо ба 15,4 ҳазор мерасад.
Таҳкими ҳамкориҳо бо Фаронса, Италия, Олмон, Туркия, Русия, Қазоқистон, Исроил, Эрон, Индонезия, Малайзия, Сингапур, Бангладеш, Покистон, Ҳиндустон, Чин ва ғайра пешбинӣ шудааст ва дар ин самт чораҳо андешида мешаванд.
Инчунин, дар доираи барномаи сармояҳои хориҷӣ ба андозаи 106,4 млн. доллари ИМА лоиҳаҳо амалӣ мегарданд. Қариб 10 объекти мероси маданӣ, аз ҷумла мадрасаи Ҳусайнӣ, девори Талипочи қалъа, манораи Вобканд, мадрасаҳои Мирсаид Камол, Модарихон, Рашид, Масҷиди Забиён-Дабиён таҷдид ёфта, барои сайёҳон чун объектҳои иловагии тамошо хидмат мекунанд.
Дар деҳаи «Абӯалӣ ибни Сино»-и ноҳияи Пешкӯ марҳилаи лоиҳакунии «шаҳраки этносайёҳӣ» поён меёбад. Баробари вусъат ёфтани робитаҳо бо бародаршаҳрҳои Бухоро, созмон додани чунин алоқаҳо бо шаҳрҳои Лоҳур ва Грозний ба миён омадааст, кӯчаҳои Б. Нақшбанд ва И. Каримови шаҳри Бухоро ба «Кӯчаҳои сайёҳии гастрономӣ» табдил меёбад. Сохтмони аэропорти байналхалқии замонавии Бухоро, ки нисбат ба фурудгоҳи ҳозира се баробар иқтидори зиёд дорад ва қимати лойиҳа 226 млн. доллар аст, рушд меёбад.
Бо мақсади фарохтар намудани демографияи сайёҳон ва зиёдтар кардани муддати будубоши онҳо сохтмони «Парки таърихӣ-этнографии Бухоро» оғоз меёбад.
Хулоса, дар натиҷаи амалӣ гаштани нақша, чораю тадбирҳо дар вилоят ҷозибаи сайёҳии Бухоро меафзояд. Муддати таваққуфи сайёҳон аз 3 ба 5 рӯз зиёд мегардад. Намудҳои нави хидматрасонӣ роҳандозӣ шуда, минтақаҳои вилоят ба тарзи ҳамоҳанг бо маркази он инкишоф меёбанд ва ба сифати «чорроҳаи сайёҳӣ» ба фаъолият сар мекунанд.
Суҳроб БОБОКАЛОНОВ,
сардори Садорати сайёҳии вилояти Бухоро.