ДАРСИ СОАТИ СИНФӢ ҶИЛОИ НАВ ХОҲАД ГИРИФТ

Барои сифатнокии дарсҳои «Соати синфӣ» чанд таҷҳизотро корбаст кардан мумкин.

Яке аз ҳадафҳои дарси мазкур ташаккул додани маънавияти донишомӯзон мебошад, ки хеле муҳим аст. Алҳол дар тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ  рӯзи ҷумъа соати якуми дарс ба соати синфӣ ҷудо карда шудааст. Он аз ҷониби роҳбари синф гузаронида мешавад. Мо дар ин дарс ғайр аз корҳои дар нақша муайяншуда корбасти ҳикояҳои хурдро муҳим меҳисобем. Ҳикояро ба тафсилу оҳанги нутқ эътибор дода, ифшо кардан судманд аст. Зеро вақте ки хонанда аз ҷониби омӯзгор ҳикояи сужеташ содаро мешунавад, боз хоҳони шунидани ҳикоя ва ё аз паи ҷустуҷӯи китобҳои бадеӣ мешавад. Ин равандро мо дар дарсҳои соати синфӣ тавассути китоби «Ҳафт бор афтӣ, ҳашт бор хез!»-и тарҷима ва таҳияи Бахтиёри Ҷумъа ва Нарзипӯлод Саидова корбаст кардему ба натиҷаи мусбӣ ноил гардидем. Ин китоб хеле шавқовару пурмазмун буда, 171 ҳикояи ибратомӯзи халқҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст. Сараввал як-ду ҳикояро нисбат ба мавзӯъ ва вазъият истифода кардем, ки шунаванда оромона мешуниду дигарашро интизор мешуд. Масалан, ҳикояи «Омӯзиш» чунин омадааст:

«– Хондан мехоҳам. Маро ба шогирдӣ мегиред?

– Бовар надорам, ки ту хондан мехоҳӣ?

– Чӣ тавр хонданро ёд медиҳед?

– Ту ба омӯзонидан рухсат медиҳӣ?

Баъди андаке устод гуфт:

– Агар шогирд омӯзишро ихтиёр карда, ба хондан аҳд карда бошад, омӯзгор таълим дода метавонад».

Мисли ҳамин ҳикояҳоро аз китоб омӯхта, мулоҳизаро пурқувваттар баён кардан хонандаро аз бадахлоқиҳо эмин медорад, зеро қатраҳое, ки аз ҳар дарс зам мешаванд, ба дарёи азим мубаддал гардида, хонандаро сӯйи орзуҳои нек хоҳад бурд. Инчунин тавассути ин роҳ дарси соати синфӣ ҷилои нав хоҳад гирифт.

Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ,

омӯзгори мактаби миёнаи рақами 11-уми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: