Муаллим! Чӣ хуш каломест, ки шунидан ҳамоно ба дил фароғат мебахшад. Муаллим шахсест, ки ба ҳаёти инсон ҳамчу нур дохил шуда, аз дили ӯ ҷой мегирад ва роҳи ҳаёти ӯро мунаввар месозад.
Чун падару модар муаллим низ хонандагони худро ба оғӯш гирифта, барои таълиму тарбияи онҳо саҳми бузург мегузорад, барои фарзанди комил шудани онҳо кӯшиш мекунад. Аз айёми мактабхониам ба касби омӯзгорӣ меҳру муҳаббати беканор пайдо кардам, ки боиси ин устодони фидокорам мебошанд.
Агар садсола гардам ҳам фаромӯшаш нахоҳам кард,
Ҳамон шахси азизеро, ки мунаввар пеши роҳам кард.
Ба ҳар як рафтору гуфтори устодонам бо ҳавас эътибор медодам ва орзу мекардам, ки ман ҳам устод мешавам ва ҳар он сабақе, ки аз устодам омӯхтам, ба насли наврас мерасонам.
Барои ба дараҷаи баланд расидани мо – шогирдон меҳнати муаллимаи синфҳои ибтидоӣ Марямҷон Йӯлдошева ва муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик Кӯпайсин Йӯлдошева (рӯҳи ҳар ду шод бод) бениҳоят калон аст.
Аз хурдсолӣ муаллимаи меҳрубон, фидоӣ, барои мо ҳамчун чашмаи ибрат Зулфия Бозорова, ки то ҳол меҳнати худро дареғ надошта маслиҳатҳои бебаҳо медиҳанд, ҳатто дар такмили ихтисос ба муаллимони забон ва адабиёти тоҷик сабақ омӯхтанд.
Беш аз 31 сол инҷониб омӯзгор ҳастам. Ба хонандагон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик сабақ медиҳам ва кӯшиш мекунам, ки имконоти васеи забони модариамро бо тозагиву аслияти худ ба насли наврас расонам.
Мефахрам, ки имрӯз шогирдонам маро «устод» меноманд ва эҳтиром мекунанд.
Зӯҳро МУЪМИНОВА,
омӯзгори мактаби рақами 13-уми ноҳияи Чусти вилояти Намангон.