ОДОБУ АХЛОҚ ДАР «ФУТУВВАТНОМАИ СУЛТОНӢ»

«Футувватномаи султонӣ» идомаи мантиқии «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» ва «Анвори Суҳайлӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ мебошад. Онҳо чун шаддаҳои марҷон бо ҳам аз нигоҳи мазмун ва мундариҷаи ғоявӣ пайванданд.

Бо ибораи дигар, ин се шоҳасар се бародаранд. «Футувватномаи султонӣ» чӣ маъно дорад? Калимаи футувват вожаи арабист. Кошифӣ онро чунин шарҳ додааст: «Бидон, ки футувват аз рӯи луғат ҷавонӣ бошад ва баъзеҳо дар шарҳи ин луғат бар онанд, ки футувват ҷавонмардӣ бошад». Аттор дар ин маънӣ гуфтааст:

Дидаи дил аз футувват равшан аст,

Равзаи ҷон аз футувват гулшан аст.

Гар бувад илми футувват бар сарат,

Ҳар замон бахшад сафои дигарат.

«Футувватнома»-ро маҷмӯи гуфтор, кирдор ва рафтори ҷавонмардони накӯкор метавон донист. Ин асар аз муқаддима ва 12 боб таркиб ёфтааст, ҳар як боб боз ба фаслҳо ҷудо шудааст.

Муҳимтарин мавзӯи асар тарбия, одобу ахлоқ, фазилатҳои неки ҷавонмардӣ: меҳнатдӯстӣ, покию ростӣ, бо меҳнати ҳалол зиндагӣ кардан, ба дуздию ғоратгарӣ, фисқу фасод даст назадан, ба мазлумон, камбизоатон дасти ёрӣ дароз кардан, илму ҳунар омӯхтан, дар тиҷорат бо харидорон муомилаи хуш доштан, нисбат ба устод эҳтиром варзидан, одоби сухан ва салому алейкро нек ба ҷой овардан, ба қадри волидайн расидан ва ҳамин барин масъалаҳо дар асар бо мисолу ҳикоёти ширин, бо овардани абёти адибони бузурги гузашта ва худи муаллиф дар асар инъикос ёфтааст.

Яке аз масъалаҳое, ки Ҳусайн Воизи Кошифӣ ба он бештар диққат додааст, ин муносибати устоду шогирд, рафтори байни омӯзгору талаба мебошад, ки дар шароити имрӯза ҳам андешаҳои мутафаккир басо арзишманданд. Нахуст «Дар баёни устод ва шароити он» мақому манзалати омӯзгорро ба ёд меорад ва ба шогирдон ва толибилмон хитоб карда чунин мегӯяд: «Бидон, ки ҳеҷ коре бе устод муяссар намешавад, ҳар кӣ бе устод коре кунад, бебунёд бошад:

Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,

Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.

Бинобар ин, ҳар кӣ хоҳад ба дараҷаи камол бирасад, бояд устод дошта бошад:

Ҳар кӣ бе устод кард оғози кор,

Кору бори ӯ надорад эътибор.

Домани устод гиру шод шав,

Муддате хидмат куну устод шав!

Ин ҷо Кошифӣ ба шогирдон гӯшзад менамояд, ки хидмати устодро ба ҷо биёред, аз ӯ илму дониш омӯзед ва чун ба камол расидед, шумо ҳам устод мешавед ва соҳибном хоҳед гашт. Сипас, хислатҳои устодро баён мекунад, ки ӯ бояд покизамазҳаб бошад. Яъне дар роҳи хеш устувор бояд бошад. Дувум, донишманд бошад ва аз илм ё дарсаш вуқуфи комил дошта бошад. Сеюм, ахлоқи пок, рафтору кирдори накӯ дошта бошад, чорум, ҳар хисоли арзишманде, ки дар ҳаққи футуввати ҷавонмардон арз кардем, бояд аз он бархурдор бошад. Муҳимаш он ки дар дил кинаю кудурат нисбат ба шогирд нагирад, ба онон баробар назар кунад.

Шогирд бояд чӣ гуна бошад?

Ба назари муаллиф шогирд бояд бо чунин сифатҳо ороста бошад: назди устод бо камоли эътиқоду боварӣ ба хондан шурӯъ намояд, ба устод содиқона хизмат кунад, дилу забонаш рост, яъне як бошад. Ҳар чӣ устод гуфт, дар гӯш бигирад ва ҳар кор, ки фармуд, онро бояд содиқона иҷро кунад. Шогирд ё талаба бояд дар назди устод чӣ гуна одоб дошта бошад?

Пеши устод кам сухан гӯяд, устодро эҳтиром кунад, ибтидо салом диҳад, чун устод сухан гӯяд, хомӯш бошад ва бо камоли майлу хоҳиш ба гуфтори омӯзгор диққат диҳад, агар суол дошта бошад, аз устод иҷозат пурсад, дар назди устод (синфхона) бо касе гӯшакӣ ё сӯҳбат накунад, эътироз ба гуфтори устод накунад, дар назди устод ва волидайн ва калонсолон ҳамеша боодобу ботамиз бошад.

Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,

Бинеҳ бар cap, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ.

Чунонки дидем, андешаҳои Кошифӣ дар бораи вазифаҳои устоду шогирд қимату арзиши худро гум накардаанд. Ҳар як хонанда бояд омӯзгорро эҳтиром кунад, зеро танҳо омӯзгор дар дили шогирд шамъи илму донишро фурӯзон хоҳад кард, ӯро ба ростию покӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ҳидоят менамояд. Аз ин нигоҳ, қадри устод дар назди шогирд басо баланд аст. Агар шогирд ба гуфтаҳои устод амал кунад, албатта, донишу камолоташ зиёд хоҳад шуд ва, ба гуфтаи адиб, адаб чизи муқаддас аст, адаб мисли тоҷ аст, ки аз нури Худованд ҷило медиҳад. Ҳамин тоҷро бар cap куну ҳар ҷо, ки хоҳӣ бирав! Бешубҳа обрӯву мақому манзалат хоҳӣ ёфт.

Хушнуд МАҚСАДОВ,

омӯзгори мактаби миёнаи рақами 46-уми ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: