«Мо обуна шудем, шумо-чӣ?!» гуфта, садо баланд кардани як гурӯҳ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Тирмизшаҳр умеди моро ба фардои дурахшони миллати тоҷик дар хоки Ӯзбекистон қавитар сохт.
Ин ташаббуси устодон ва шогирдони бахши филологияи тоҷики донишгоҳ дар арафаи Соли Нав басо хурсандибахш буд.
Рамазон Абдуллоев, раиси Маркази фарҳангии тоҷикони вилояти Сурхондарё ва устоди донишгоҳ дар ҷамъомади донишҷӯён гуфт, ки «Овози тоҷик» 100 сол боз мунтазам рӯйи чопро дидаву аз ҳаёти тоҷикони Ӯзбекистон ва берун аз он маводҳои ҷолиб нашр мекунад. Рӯзнома ягона минбарест, ки тоҷикони кишвари мо дардҳои дили худро дар он навиштаву то гӯши идораҳои баланд мерасонанд. Он дар тӯли сад соли мавҷудияти худ ҳастии миллати тоҷик ва забони ноби вайро дар қаламрави Ӯзбекистон зафармандона таъкид мекунад.
Ин чорабинии фарҳангӣ дар ҳоле рӯйи кор омад, ки баҳси обуна ба рӯзномаҳои тоҷикӣ ва шадидан паст рафтани сафи обуначиён ба матбуоти тоҷикӣ дар Ӯзбекистон гарм шуда, дар саҳифаи рӯзномаҳо, шабакаҳои иҷтимоии интернет аз бетафовутӣ ва беғайратии тоҷикон дар масъалаи дастгирӣ намудани рӯзномаву маҷаллаҳои миллии худ фикрҳои танқидӣ нашр гаштанд.
Таъкид гардид, ки «Овози тоҷик» дар рушду такомули худогоҳии тоҷикон, тарғиби тамаддуну адабиёт ва зинда нигаҳ доштани забони ноби форсию тоҷикӣ хидмат мекунад. Солҳои охир маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» ва рӯзномаи фарҳангии «Ховар» ҳам ба майдон омадаву пайкори «Овози тоҷик»-ро сарбаландона идома ва тақвият медиҳанд, ҳарчанд онҳо низ аз беэътибории ҳамзабонон ранҷ мекашанд.
Ба гӯши аҳли нишаст расонда шуд, ки китобу рӯзнома нахондани ҷавонон ва эҳтироми забони миллии худро фаромӯш сохтани як идда зиёиёни мо маънии дар ҷаҳли мураккабе мондан, аз решаҳои худ дур рафтан ва билохира, дар ҳалқаи гумномиву торикии махуфе қарор ёфтанро дошта, паёмадаш аламангез ва фоҷиабор аст.
Донишҷӯён дар васфи забони форсию тоҷикӣ шеърҳои шоирони машҳурро қироат карда, аз ҳаммиллатон ва соири ҷавононро дар доми ғафлат даъват намуданд, ки ба қадри забони биҳиштии худ бирасанд ва ин қанди порсиро аз даҳони худу фарзандони хеш берун наафкананд.
Шариф Халил,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Сурхондарё.