КУМАКИ БАШАРДӮСТОНА БА ХАЛҚИ АФҒОНИСТОН

Мувофиқи супориши Президент Шавкат Мирзиёев барои аз хидмати тиббӣ бепул гузаронидани афғонистониҳо кумаки башардӯстона иборат аз маводи хӯрокворӣ, дору дармон ва ҷиҳозҳои тиббӣ тавассути поезди “Саломатӣ” аз боҷхонаи сарҳадии “Айритом” ба Афғонистон ирсол гардид.

Дар шаҳри Хайратон бо иштироки ҳокими вилояти Сурхондарё Улуғбек Қосимов, мутасаддиёни Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати нақлиёт, муовини губернатори вилояти Балх Нурулло Ҳодӣ Абу Идрис ва дигар намояндагони расмӣ ба кишвари ҳамҷавори Афғонистон ҷиҳозҳои тиббӣ, воситаҳои дору дармон, 30 намуди маводи хӯрокворӣ супорида шуд.

Дар маросими тантанавие, ки ба ин муносибат баргузор шуд, таъкид гардид, ки ин кумаки беғараз ва башардӯстона барои боз ҳам мустаҳкам гардидани муносибатҳои дӯстонаи халқи Ӯзбекистон ва Афғонистон мусоидат намуда, ҳамкориҳои дипломатӣ, иқтисодии ҳарду кишварро таъмин месозад. Дар асл мақсади бунёди “Маркази савдои байналмиллии Тирмиз” дар соли ҷорӣ низ ҳамин буд. Намояндагони расмии Афғонистон барои чунин ғамхорӣ ва ҳусни тафоҳум изҳори миннатдорӣ намуданд.

Тавассути поезди ёрии тиббӣ-санитарии Ҷамъияти саҳҳомии “Ӯзбекистон темир йӯллари” шифокорони варзида ва пуртаҷрибаи гуногунсоҳаи ӯзбекистонӣ ба вилояти Балх рафта, аҳолиро бепул аз назари тиббӣ мегузаронанд.

– Аз чунин эътибор сарамон ба осмон расид, – гуфт муовини ташкилоти тансиҳатии вилояти Балх Саидаҳмад Шодоф. – Барои аз муоинаи тиббӣ гузаронидани аҳолии Афғонистон аз Ӯзбекистон омадани шифокорони ботаҷриба айни муддао шуд. Акнун на танҳо халқамон аз муоинаи тиббӣ мегузаранд, балки мутахассисони соҳаи тиб низ такмили ихтисос мекунанд ва аз таҷрибаи шифокорони варзидаи ӯзбекистонӣ баҳраманд мешаванд.

Дар анҷоми чорабинӣ зикр гардид, ки дар гузашта ин ду халқе, ки дар ду соҳили дарёи Ому умр ба сар бурдаанд ва таъриху маданияти муштарак доштанд, барои минбаъд ҳам идома ёфтани муносибатҳои дӯстона даст ба дуо кушоданд.

Олим ПАНҶИЗОДА,

хабарнигори “Овози тоҷик” дар вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: