Вазорати фарҳанг корҳои дар соли 2024 анҷомёфта ва нақшаҳои минбаъдаро барои соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дод.
– Соли равон 3 миллиону 600 ҳазор нафар 10 ҳазору 479 намоишномаро тамошо карданд. «Ӯзбексирк» бо намоиши 556 барнома 150 ҳазор тамошобинро ҷалб намуд. Беш аз 7 ҳазору 255 чорабинии марбут ба тамошои консерт ташкил карда шуда, 10 миллиону 37 ҳазору 200 нафар аз барномаҳои дилкушову роҳатбахш баҳра бурданд, – хабар дод вазир Озодбек Назарбеков.
837 маркази фарҳангӣ беш аз 26 ҳазор барномаи маданиву маърифатӣ ва тамошои консертӣ ташкил карданд ва дар онҳо 2,5 миллион тамошобин ширкат варзиданд. Фаъолияти Пажӯҳишгоҳи фарҳангшиносӣ ва мероси ғайримоддии маданӣ ба роҳ монда шуд. Ба гуфтаи вазир бо мақсади таҳқиқи намунаҳои мероси ғайримоддии маданӣ 13 экспедитсияи маҳаллӣ ва 1 экспедитсияи фолклории хори-ҷӣ ташкил карда шуданд. 50 асари аудиовизуалӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғ карда шуд. Ҳамчунин, намунаи мероси ғайримоддии мадании марбут ба «Рубобсозӣ ва анъанаҳои иҷрокунӣ» ба феҳристи байналмилалии ЮНЕСКО ворид гардид.
– Дар 18 озмуну ҷашнвораҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 10 ҳазор ҷавонони эҷодкор иштирок карданд. Дар минтақаҳо бо ҷавонони фаъоли соҳаи фарҳанг ва санъат 14 вохӯрии «Пешво ва ҷавонон» ташкил карда шуд ва он беш аз 1400 ҷавононро фаро гирифт. Дар соҳаи таълим ихтисоси 2 ҳазор омӯзгорон, профессорон ва роҳбарони муассисаҳои маданиву маърифатӣ баланд бардошта шуд, зиёда аз 2600 омӯзгорони техникумҳо аз аттестатсия гузаштанд, – тазаккур дод О.Назарбеков.
Дар миқёси байналҳалқӣ дар 9 давлат – Чин, Озарбойҷон, Қатар, Тоҷикистон, Британияи Кабир, Гурҷистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Русия чорабиниҳои «Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон» баргузор шуданд. Чаҳор кишвар – Озарбойҷон, Муғулистон, Қирғизистон ва Қатар дар Ӯзбекистон рӯзҳои фарҳанги худро гузарониданд.
Назарбеков нақшаҳои соли 2025-ро низ эълон кард. Бинобар гуфтаи ӯ 3,8 миллион тамошобин ба намоишномаҳои пешкашкардаи театрҳо ва 10,2 миллион тамошобин ба чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҷашнвораҳо ҷалб карда мешаванд.
– Баргузории ҷашнвораи байналмилалии санъати бахшигарӣ, ҷашнвораҳои III байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ, синамои «Шоҳасари роҳи абрешим»-и Тошканд, фестивалҳои байналмилалии театрӣ гузаронида хоҳанд шуд. 10,5 миллион тамошобин ба чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҷашнвораҳое ҷалб мегарданд, ки муассисаҳои давлатии консертӣ пешниҳод мекунанд. Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, шаҳри Тошканд ва як қатор вилоятҳои ҷумҳурӣ бар асоси тавофуқи ҷамоаҳои эҷодӣ дар 14 вилоят беш аз 50 чорабинии марбути «Рӯзи фарҳанг»-ро дар савияи баланд мегузаронанд, таъкид кард вазир.
Аз 54 филми силсилаи «Таърихи зинда» тақрибан 20-тоаш ба истеҳсолот гузошта хоҳанд шуд. Дар назди Агентии кинематография Академияи байналмилалии синамо таъсис меёбад. Тадбирҳо ҷиҳати ташкили минтақаҳои синамои озоди иқтисодӣ низ амалӣ мешаванд.
Назарбеков дар нишасти матбуотӣ дар робита ба тавсеаи мунтазами ҳамкориҳои фарҳангии миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон таваққуф намуд. Вай гуфт, ки сафарҳои эҷодии ҷамоаҳои театрӣ, овозхонҳо ва гурӯҳҳои ҳунарӣ аз рушди ин ҳамкориҳо шаҳодат медиҳанд.
Шаҳноза Тӯраева, мутахассиси дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.