Масъалаи ҷавонон дар мамлакат дар сатҳи сиёсати давлатӣ қарор дорад. Таҳти ташаббуси Сарвари давлат чун Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат эълон гардидани соли 2024 низ мисоли барҷастаи эътибори ҳукумат ба авлоди ҷавон мебошад.
Дар Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба татбиқи Стратегияи «Ӯзбекистон–2030» дар «Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат» ҳам аз рӯйи дастгирии ҷавонон, ҳалли мушкилот, таъмини шуғл, кумак барои намоён кардани имконият, иқтидор ва истеъдоди онҳо, инчунин, бозомӯзии касбҳои серталаб ва ҷалби бештари ҷавонон ба соҳибкорӣ вазифаҳои мушаххас муқаррар гардидааст.
Қариб 400 ҳазор ҷавон бо кор таъмин гардиданд
Мувофиқи Стратегияи «Ӯзбекистон–2030» бо мақсади таъмини шуғл ва коҳиш додани сатҳи бекорӣ дар байни ҷавонон дар ҳар як маҳалла «Барномаи таъмини шуғли ҷавонон» таҳия гардида, барои назорати таъмини иҷрои он штабҳои алоҳида таъсис ёфтанд.
– Дар муддати сипаришудаи соли равон дар доираи таъмини иҷрои як қатор барномаҳо, ки бевосита ба таъмини шуғли ҷавонон нигаронида шудаанд, 383 ҳазору 787 нафар ҷавонон бо кор таъмин гардиданд, – гуфт ҷонишини директори Агентии кор бо ҷавонон Фирӯз Облоёров.
– Аз ҷумла, бо мақсади ташаккули манбаи даромади доимии ҷавонон, беҳсозии шароити оилаҳо дар асоси тамоюли «Як мавзеъ – як маҳсулот» барои бо кишоварзӣ машғул гардидани 152742 нафар ҷавонон бо тавсияи «ҳафтгонаи маҳалла» 56 ҳазор гектар замини ҳосилхез ҷудо гардид ва дар ду мавсим 165,4 ҳазор тонна маҳсулот парвариш карда шуд.
Инчунин, дар 14 ноҳияи минтақаҳои ҷумҳурӣ «Таҷрибаи ноҳияи Уйчӣ»-ро роҳандозӣ кардем. Яъне, дар асоси низоми мақсаднок намояндагони ҳокимият ва бонкҳо бо соҳибкорон ва шаҳрвандоне, ки мехоҳанд бо тиҷорат машғул шаванд, вохӯриҳо гузаронида, ба онҳо барои тавсеаи тиҷораташон кумак расонданд. Дар натиҷа 62,9 ҳазор нафар ҷавонон, ки бекор ва бо фаъолияти ғайрирасмӣ машғул буданд, бо шуғли доимӣ таъмин гардиданд.
Мавсуф таъкид кард, ки бо мақсади фароҳам овардани имкониятҳои иловагӣ дар ин самт чорабиниҳои судманд амалӣ шуданд. Дар давоми сол ба 24,2 ҳазор нафар ҷавонон барои оғози фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси субсидия таҷҳизоти зарурӣ тақдим гардид.
Инчунин, дар Барномаи давлатии имсола муқаррар гардидааст, ки камаш 40 фоизи кредитҳои дар доираи барномаи соҳибкории оилавӣ ҷудогардида барои рушди соҳибкории ҷавонон равона карда шавад. Маҳз бо мақсади таъмини иҷрои ин талабот ба 125,3 ҳазор нафар ҷавонон 2 трлн. 223 миллиард сӯм кредити имтиёзнок ҷудо карда шуд.
Натиҷаи эътибор ва дастгириҳост, ки сол то сол дар ҷумҳурӣ теъдоди субъектҳои соҳибкорӣ ва тиҷорати хурд бо иштироки ҷавонон афзуда, ҳоло миқдори онҳо ба 166 ҳазор адад расидааст.
Лоиҳаи «Касбҳои оянда» чӣ гуна натиҷа дод?
Шоёни эътироф аст, ки дар Ватани маҳбуб барои бозомӯзии касбу ҳунарҳои замонавӣ ба ҷавонон низ шароити зарурӣ фароҳам мегардад. Маҳз бо ҳамин мақсад, аз ҷониби Агентии кор бо ҷавонон якҷоя бо Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнат лоиҳаи «Касбҳои оянда» роҳандозӣ шудааст. Дар доираи ин лоиҳа ононе, ки дар «Дафтари ҷавонон» сабти ном шудаанд ва барои омӯзиши касбҳои замонавӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ ариза супорида, аз ҷониби сардорони ҷавонони маҳаллаҳо тавсия гардидаанд, имкони таҳсилро дар маркази дилхоҳи таълимӣ тавассути системаи махсуси электронӣ дар вақти барои худ қулай ва мувофиқ пайдо мекунанд.
– Дар доираи лоиҳаи «Касбҳои оянда» бо 755 маркази хусусии таълимӣ ҳамкориро ба роҳ монда, барои 25 ҳазор нафар ҷавонон 53,7 миллиард сӯм харҷи таҳсил пардохта шуд, – афзуд Фирӯз Облоёров. – Дар муддати сипаришуда ҷавонон меъморӣ, барномасозӣ, дизайн, бухгалтерия, мобилография, логистика, маркетинг, дар маҷмӯъ аз рӯйи 35 самт касбҳои замонавиро омӯхта, забонҳои хориҷиро аз бар карданд.
Фирӯз Облоёров гуфт, ки дар натиҷаи корҳои дар ин самт татбиқшуда 1814 маҳаллаи мамлакат ба «минтақаи бидуни ҷавони бекор» табдил ёфт. Ғайр аз ин, дар шаҳру ноҳияҳо лоиҳаҳои «Марафони тиҷоратӣ» ва «Саёҳати тиҷоратӣ» татбиқ ва дар семинарҳое, ки бо мақсади ташаккули таҷрибаҳои соҳибкории ҷавонон ташкил шуданд, иштироки қариб 70 ҳазор нафар таъмин гардид. Зикр гашт, ки «Ustoz AI» низ аз ҷумлаи лоиҳаҳои ояндадор ба шумор меравад. Дар доираи ин лоиҳа қариб 250 ҳазор нафар ҷавонон аз рӯйи 30 намуди касбу илмҳои замонавӣ дониши худро такмил доданд ва аксари онҳо соҳиби манбаи даромад гардиданд.
Татбиқи барномаи «Таъмини шуғли ҷавонони хатмкунанда»
Бояд гуфт, ки тӯли солҳои охир ба масъалаи фарогирии ҷавонон бо таълими олӣ, ҳамзамон таъмини шуғли хатмкунандагон низ эътибор афзуда, дар ин ҷода корҳои системавӣ амалӣ мешаванд. Дар мисоли ҳар як маҳалла таҳия гардидани барномаҳои «Таъмини шуғли ҷавонони хатмкунанда» аз ҷумлаи чунин чорабиниҳои ояндадор аст, ки дар натиҷаи татбиқи он 153,8 ҳазор нафар ҷавонон бо кор таъмин шуданд.
– Дар доираи барномаҳо 37,1 ҳазор нафар хатмкунандагон бо ҷойи кори доимӣ таъмин ва 2,1 ҳазор нафар барои бошуғлфарогирии худ соҳиби таҷҳизоти зарурӣ гардиданд. Инчунин, барои фаъолияти соҳибкориро оғоз кардани 64,2 ҳазор нафар кумак расонида шуд. 16,2 ҳазор нафар касбу ҳунарҳои серталабро омӯхтанд. Барои 2,7 ҳазор хатмкунанда замин додем. Шуғли 3,4 ҳазор нафар бо роҳи ҷудо кардани кредити имтиёзнок таъмин гардид, – бо мамнуният таъкид кард Фирӯз Облоёров.
Дар мисоли Самарқанд...
Дар вилояти Самарқанд низ дар ин самтҳо, яъне рушди соҳибкории ҷавонон, таъмини шуғли хатмкунандагон, ҷалби онҳо ба соҳибкорӣ корҳои шоиста иҷро мешаванд. Ҳадаф аз ин ҳама ташаббус ва иқдомҳои накӯ афзунсозии даромади ҷавонон, беҳсозии шароити зисти онҳо ва бо ин роҳ ба марҳилаи нави тараққиёт баровардани рушди мамлакат мебошад.
– Соли ҷорӣ маҳз бо мақсади ташаккули донишҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратии ҷавонон, дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби бештари онҳо ба ин соҳа аз тарафи Садорати вилоятии оҷонсӣ ва филиали Бунёди «Ҷавонон – ояндаи мо» дар Самарқанд бо иштироки тренер ва коршиносони тиҷоратӣ, соҳибкорони муваффақ 106 маротиба семинар-тренинг ва сӯҳбатҳои гирди «мизи мудаввар» гузаронида шуд, – гуфт Фирӯз Облоёров. – Дар онҳо иштироки беш аз 5000 ҷавонон таъмин гардид. Ғайр аз ин, 11 маротиба тренингҳои ангезабахши «Марафони тиҷоратӣ» ва 50 маротиба «Саёҳати тиҷоратӣ» ташкил гардид. Дар ин чорабиниҳо низ беш аз 3 ҳазор нафар ҷавононе, ки ба соҳаи тадбиркорӣ рағбати бештар доранд, иштирок намуданд.
Мавсуф таъкид кард, ки чунин чорабиниҳо, семинарҳои таълимӣ дар мактабҳои ҳамагонӣ низ гузаронида шуданд. Дар онҳо намояндагони бонкҳои тиҷоратӣ, соҳибкорзанони пешқадами мамлакат, тадбиркорони ҷавон иштирок карданд ва ба донишомӯзон дар бораи имконият ва имтиёзоте, ки барои ҷавонону соҳибкорон фароҳам гардидаанд, маълумот доданд.
Инчунин, 3 декабри соли равон дар бинои Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд бо иштироки соҳибкорони муваффақ аз кишварҳои хориҷӣ (ИМА) ва мамлакатамон, марҳилаи ҷумҳуриявии тренинги ҳавасмандгардонии «Марафони тиҷоратӣ» ташкил карда шуд. Дар рафти чорабинӣ беш аз ҳазор нафар ҷавонон ба саволҳои худ дар самти соҳибкорӣ ва тиҷорат посух гирифтанд.
Ҷонишини директори Агентии кор бо ҷавонон Фирӯз Облоёров дар бораи нақшаҳо барои соли 2025 низ маълумот дод. Таъкид кард, ки соли оянда доираи чунин чорабиниҳо васеътар хоҳад шуд. Аз ҷумла, дар минтақаҳои дурдасти мамлакат бо мақсади афзунсозии маърифати молиявии ҷавонон дар мавзӯъҳои «Асрори фаъолияти соҳибкорӣ» ва «Сиёсати кредит ва андоз» семинар-тренингҳо, «Марафони тиҷоратӣ» гузаронида мешавад. Инчунин, дар платформаи онлайнии «e-kasb.uz» доираи фарогирии ҷавононро бештар намуда, дар доираи лоиҳаи «Саёҳати тиҷоратӣ» сафари ҷавонон ба корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ ташкил карда мешавад, ки ин ҳама барои оммавӣ гардондани соҳибкорӣ дар байни ҷавонон ва ҷалби ҳар чӣ бештари онҳо ба соҳаи тиҷорат мусоидат мекунад.
Ба ҷойи хулоса...
Сарвари давлат таъкид кардааст, ки «Ояндаи халқ ва давлате, ки фарзандонаш бомаърифат, боистеъдоданд, ба неру ва иқтидори худ бовар карда, ҳамеша ба пеш саъй мекунанд, албатта дурахшон мебошад».
Воқеан, дар замири ҳама гуна ислоҳоте, ки имрӯз дар мамлакатамон бо мақсади дастгирии бунёдгузорони ояндаи Ӯзбекистони Нав – ҷавонон амалӣ мегарданд, як мақсад ниҳон аст: тарбияи авлоди баркамол, солим, бомаърифат, боистеъдод, боиқтидор ва ташаббускор. Мақсад аз низоми нави корбарӣ дар самти бозомӯзии касбу ҳунари замонавӣ ба ҷавонон, таъмини шуғл, пурмазмун ташкил кардани вақти холӣ, дастгирии иҷтимоӣ ва дар сатҳи поёнӣ ҳал намудани мушкилоти онҳо низ ҳамин аст. Ва ин ҳама боварии авлоди ҷавонро ба ояндаи дурахшони мамлакат, рӯзгори босаодат бештару мустаҳкамтар намуда, онҳоро барои фатҳи марраҳои нав ба нав водор месозад.
Фаридуни ФАРҲОДЗОД,
мухбири «Овози тоҷик».