Бемориҳое ҳастанд, ки зуд дарк кардани онҳо мушкил аст. Аксар беморӣ ва аломатҳои онҳо аз зоҳири инсон маълум мешавад. Дар фасли зимистон ба сабаби ҳавои хунук бемориҳо авҷ мегиранд. Онҳоро бемориҳои мавсимӣ меноманд. Грипп, шамолхӯрӣ, зукком, дарди пою дарди миён ва ғайра аз ин ҷумлаанд.
Сабаби «авҷ»-и бемориҳои мавсимиро шифокори касалиҳои сироятии беморхонаи вилояти Намангон Ривоҷиддин Мирзоев чунин эзоҳ дод:
– Одамон ба тарзи ҳаёти солим, маданияти хӯрокхӯрӣ риоя намекунанд. Нӯшокиҳои гуногуни минералӣ ва хӯроквориҳои нимтайёрро бисёр истеъмол мекунанд. Масалан, дар маъракаю базмҳо ниҳоят бетартибона хӯрок мехӯрем ва ин албатта, ба саломатиамон зарари калон мерасонад. Дар натиҷа ба бемориҳои гуногун мубтало мегардем.
Масалан, яке аз ин навъи бемориҳо, сурхак аст.
Сурхак асосан дар зимистон ва баҳор авҷ мегирад ва бо аломатҳои ҳарорати баланд, дарди гулӯ, пайдошавии сурхиҳо дар роҳи нафас намоён мешавад. Агар сари вақт пешгирӣ карда нашавад, ба шуш, дил, меъда ва узвҳои дарунӣ зарар оварда, ба хун мегузарад. Касалӣ бо воситаи заррачаи ҳаво ба дигарон мегузарад. Вай асосан дар бачаҳои 3-15-сола бисёр дучор мешавад ва 10-14 рӯз давом мекунад. Давоми 3 рӯз бемор лоҳаз (сусту беҳол) шуда, ба баданаш сурхиҳо медамад, ҳарораташ баланд мешавад. Асорати хавфноки ин беморӣ дар ҳолатҳои касалии ларингит, ларинготрахеобронхит, пневмония, миокардит падидор мегарданд. Чун ин аломатҳои бактериалӣ намоён шаванд, аз тарафи шифокор антибиотикҳо тавсия карда мешаванд. Барои пешгирӣ ва давои ин беморӣ таҳти назорати шифокори махсус аз витамини А бо миқдори зиёд бояд истифода бурда шавад. Аз ҷониби мутахассисони соҳа профилактикаи маҷбурӣ, яъне ваксина ҷорӣ карда шудааст, ки барои пешгирӣ аз сурхак аҳамияти калон дорад.
Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.