Шоир, мутарҷим ва журналисти шинохта Асрор Муъмин 70-сола шуд.
Ба ин муносибат Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон чорабинӣ доир намуд. Устодони сухан – дӯстони ҳамқалами соҳибҷашн дар бораи рӯзгор ва осори ӯ ҳарф заданд. Барояш саломатӣ ва барорҳои тозаи эҷодӣ дархост намуданд.
Асрор Муъмин зодаи ноҳияи Ғаллаарали вилояти Самарқанд мебошад. Донишгоҳи давлатии Тошкандро хатм карда, дар Кумитаи давлатии агросаноати Ӯзбекистон, Иттиҳоди нависандагон ва як қатор нашриётҳову нашрҳои даврӣ фаъолият бурдааст. Ҳоло эҷодкори озод аст.
Вай чун муаллифи дафтарҳои шеърии «Рози дил», «Таваллуд», «Қалб», «Дӯст доштам, дӯстдошта будам», «Дар қалбат Алпомиш бизиҳад», «Тӯмори ишқ», «Умед ва орзу», «Муъҷизаи ҳаштум», «Миннатдорам» ва «Себи ширин» ба дӯстдорони адабиёт шинос аст. Очеркҳои бадеиаш бо унвонҳои «Президент. Спорт. Ғалаба!», «Ситораҳои ту, Ватан!», «Асрори чемпионӣ», «Такядорам танҳо ту, диёр!» низ аз чоп баромадаанд. «Шеърияти асри ХХ» фарогири тарҷумаҳои ӯст. Як қатор асарҳои Расул Ғамзатов, аз ҷумла «Доғистони ман»-ро ба ӯзбекӣ баргардондааст.
Асрор Муъмин соҳиби медали «Шуҳрат» ва унвони ифтихории «Журналисти хидматнишондодаи Ӯзбекистон» мебошад. Ӯро ба ҳафтодсолагӣ муборакбод сохта, чанд шеърашро пешкаши шумо месозем.
***
Асрор МУЪМИН
ПАЙВАНД
Ба рӯйи хеш ахтарҳои гардун,
Ҳамехоҳанд бикшоянд барро.
Тамоми умр бо чашми шарарпош
Ҳамебинанд рӯйи якдигарро.
Чунин меҳр аст дар чашми замин низ,
Ба ҳам созанд такя кӯҳсорон.
Ба полиз аст ду харбуза якранг,
Ҳамеҷӯшанд бо ҳам чашмасорон.
Тасодуф, мо намебинем ҳамро,
Бидон, дидор амри зиндагӣ аст.
Ба ҳам пайванд то раҳҳои дунё,
Миёни мову ту вобастагиест.
Пур аз эҳсоси ширин аст ду дил,
Ҳамесозем сайри ин чаманҳо.
Барояд чун ҷудоӣ аз таҳи по,
Ба рӯйи роҳ монад ҷони танҳо.
Зи доди ман бишуд бедор ин кӯҳ,
На пайвандем вақте якдигарро.
Зи ахтарҳо ҳамеҷӯем имдод,
Ба пойи кӯҳ мекӯбем сарро.
Ба ҳам вобаста дар чарх ахтаронанд,
Вале дар шаҳри ишқ ошуфта моем.
Ба ҳам созанд такя кӯҳсорон,
Дили мо доғ, вақте ки ҷудоем.
АРМОН
Туӣ заршуъла бар чашмони гардун,
Куҷо, хуршед, аммо посбонат?
Китоб астӣ пур аз шеъри шарарбор,
Вале, эй дил, куҷо як шеърхонат?
Гулафшон пеши чашм, эй бӯстонӣ,
Куҷоҳо монд, лекин, боғбонат?
Пур аз дардиву дармоне надорӣ,
Ҳамин оё, дили ман, ормонат?
БАҲОР ДАР ЗИМИСТОН
Намояд ҳамла сармо, теғ бар даст,
Бирезад барги ларзони чанорон.
Барорад майса сар аз кӯрпаи барф,
Таҳи барф аст хоб оё баҳорон?
Ба сардӣ майсаҳо беэътиноянд,
Ки бидҳанд аз баҳори тоза пайғом.
Агарчи барф меборад зи гардун,
Ба дил ҳар сабза бахшад тоза илҳом.
Тасниф ва тарҷумаи Ш. МУҲАММАД.